Главная / Гуногун / Ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

Ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

Ин ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ (раҳ)-ро ба ҷиҳати осонии мушкилот дар ҳолати сахтӣ понздаҳ бор бихонад:

gazal

То абад, ё Раб, зи Ту ман лутфҳо дорам умед,
Аз Ту гар уммед буррам, аз куҷо дорам умед.
Зистам умре басе чун душманон, душман магир,
Бевафоӣ кардаам, аз Ту вафо дорам умед.
Ҳам ғарибам, ҳам фақирам, бекасу бемору зор,
Як қадаҳ з-он шарбати дорушшифо дорам умед.
Ноумедам аз худу аз ҷумлаи халқи ҷаҳон,
Аз ҳама навмедам, аммо аз Ту медорам умед.
Мунтаҳои кори Ту доим, ки омурзидан аст,
З-он, ки ман аз раҳмати бемунтаҳо дорам умед.
Ҳар касе уммед дорад аз Худову ҷуз Худо,
Лек умре шуд, ки аз Ту ман Туро дорам умед.
Ҳам Ту дидӣ ман чиҳо кардам, Ту пушидӣ зи лутф,
Ҳам Ту медонӣ, ки ман аз Ту чиҳо дорам умед.
Зарра-зарра чун Худо гардонадам хоки лаҳад,
Баҳри ҳар зарра зи Ту фазли ҷудо дорам умед.
Ҳам бадам, бад гуфтаам, бад мондаам, бад кардаам,
Бо вуҷуди ин хатоҳо ман ато дорам умед.
Равшании чашми ман аз гиря кам шуд, эй ҳабиб,
Ин замон аз хоки куят тутиё дорам умед.
Муҳйӣ мегӯяд, ки: «Хуни ман ҳабиби ман бирехт»,
Баъд аз ин куштан ман аз ӯ лутфҳо дорам умед.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …