Главная / Илм / ГАЗАК

ГАЗАК

inflammatioГАЗАК (Inflammatio), илтиҳоб, аксуламали ҷузъии муҳофизатӣ ва мутобиқатии организм, ки дар ҷавоби таъсири омили зараровар пайдо мешавад; ба ибораи дигар, мамониатест бар зидди омилҳои зараровар. Ба туфайли аксуламали илтиҳобӣ манбаи иллатёфтаи организм маҳдуд мегардад. Ҳуҷайраҳои сафеди хун, ки фагоситоз (фурӯ бурдан, ҳазм ва нест кардани заррачаҳои бегона, мас., микробҳо ва ғ.)-ро ба вуҷуд меоранд, ба сӯи ҷои газакгирифта мешитобанд. Ҳамзамон ба туфайли афзоиши ҳуҷайраҳои сафеди хун ва диг. ҳуҷайраҳои махсуси бофтаҳо, ки офарандаи подтанҳо мебошанд, иммунитет пурзӯр мегардад.
Г. аз се қисмати муҳим иборат аст: алтератсия – осеби ҳуҷайраю бофтаҳо; экссудатсия – аз рагҳои хун баромадани зардоб ва ҳуҷайраҳои хун; пролифератсия – афзоиши ҳуҷайраҳо ва нумӯи бофтаҳо. Вобаста ба бартарӣ доштани яке аз ҷузъҳои таркибии Г. се навъи онро фарқ мекунанд: алтеративӣ, экссудативӣ ва нумувӣ (рушдёбанда).
Г.-и алтеративӣ (бартарӣ доштани иллати ҳуҷайраҳо) бештар дар дил, ҷигар, гурдаҳо ба вуҷуд меояд. Чунин шакли Г. ҳангоми баъзе аксуламалҳои аллергӣ, таъсири моддаҳои бағоят заҳрнок (мас., заҳре, ки микробҳои хуноқ ҷудо мекунанд) ба вуҷуд меояд. Шакли аз ҳама вазнини Г.-и алтеративӣ некроз (нобуд шудан)-и бофтаҳо аст.
Г.-и экссудативӣ нисбатан бештар рӯй медиҳад; дар манбаи ин навъи Г. рагҳои хун хеле тағйир ёфта, сӯрохии девораи онҳо фарохтар мегардад; дар натиҷа қисми хун ва лейкоситҳо аз рагҳои хун бо бофтаҳо мегузаранд; аз ин рӯ моеъи дар манбаи Г. ҷамъшударо экссудат меноманд. Агар экссудат шаффоф ва дорои то 8% сафеда бошад, Г. серозӣ номида мешавад; дар сурати дар таркиби он зиёд будани сафедаи махсус – фибриноген сухан аз боби Г.-и фибринозӣ хоҳад рафт. Ҳангоми Г.-и фасоднок дар экссудат миқдори зиёди лейкоситҳои маҳвгашта боқӣ мемонад.
Дар мавриди Г.-и серрозӣ экссудат аз қисмҳои обакии хун, ки дар онҳо сафедаҳо ҳал шудаанд, иборат аст; дар таркиби экссудат ҳамчунин лейкоситҳо, эритроситҳо, ҳуҷайраҳои бофтаҳои кӯчидаи атроф дучор меоянд. Омехтаи ҳуҷайраҳо ранги экссудатро тира месозанд. Дар таркиби он, одатан, 3 – 6 % сафедаи зардоб мавҷуд аст. Г.-и серозӣ маъмулан дар пардаҳои серозӣ ва луобпардаҳо инкишоф меёбад. Экссудат метавонад дар ҷавфи узв ҷамъ (мас., дар ҷавфи плевра ҳангоми плеврит) ё дар рӯи луобпарда (мас., бронхҳо) ҷорӣ шавад.
Ҳангоми Г.-и фибринозӣ дар таркиби экссудат фибрини бисёр ҷамъ меояд. Фибриногени хун аз доираи раг берун омада, лахта мебандад ва ба фибрин мубаддал мешавад. Дар аснои ин дар сатҳи пардаи серозӣ ё луобӣ пардаи фибринозӣ ташаккул меёбад. Он метавонад дар сатҳи пардаи серозӣ ё луобпарда озод қарор гирад. Ҳангоми бо некрози амиқи бофтаҳо якҷоя шудани Г.-и фибринозӣ, парда ба сатҳи қароргоҳи худ сахт мечаспад ва бо душворӣ ҷудо мешавад. Чунин Г.-ро фибринозию некрозӣ ё хуноқӣ (онро хуноқ ҳисобидан лозим нест) меноманд.
Дар ҳолатҳои Г.-и фасоднок таркиби экссудат асосан аз лейкоситҳо иборат аст (қисми зиёди онҳо дар ҳолати таҷзия мебошанд). Лейкоситҳо ферментҳои протеолизии гуногун доранд, ки боиси ҳал гаштани бофтаҳо, яъне пайдоиши фасод мегарданд. Агар фасод сарҳади аниқ надошта бошад, онро флегмона, ва агар ҳудуди аниқ дошта бошад, думбал меноманд. Дар ҷавфи ягон узв, мас., дар плевра ё талхадон ҷамъ шудани фасод эмпиема номида мешавад.
Барои Г.-и нумувӣ афзоиши ҳуҷайраҳо хос буда, боиси пайдоиши гиреҳчаҳо (гранулёма) ва ғафс шудани бофтаҳо мегардад. Чунин Г. дар аснои сифилис, сил, тифи ҳасбавӣ ва ғ. дучор меояд.
Зуҳуроти клиникии Г. панҷ аломати асосӣ дорад: сурх шудан, варам, вараҷа, дард ва ихтилоли кори узвҳои берунӣ (мас., пӯст), ки дучори Г.-и шадид гаштаанд. Агар узвҳои дарунӣ Г. гиранд, ҳамаи ин нишонаҳо зоҳир намешаванд. Одатан, дар сурати Г. аксуламали умумии организм – таб, афзоиши миқдори лейкоситҳо дар хун (лейкоситоз), тағйири мубодилаи моддаҳо ба амал омада, баъзе навъҳои Г. боиси заҳролудии узвҳои бадан мегардад.
Г. нафақат асоси аксуламали муҳофизӣ мебошад, балки дар шароити муайян ба организм зарар ҳам расонда, бофтаҳои ҳаётан муҳимро иллатнок мекунад.
Оқибати Г. гуногун аст; бемор аҷаб нест, ки пурра шифо ёбад. Агар бофта осеби зиёд дида бошад, дар ҷои Г. хадша пайдо мешавад. Ҳангоми Г.-и узвҳои дарунӣ (мас., аппендитсит), илтиҳоб ба вуҷуд омада, узвҳои ҳамшафат ба якдигар мечаспанд. Г.-и музмин боиси инкишофи склероз (тасаллуб)-и узв мегардад. Дар натиҷа фаъолияти узви осебдида то андозае маҳдуд хоҳад шуд.
Ад.: Внутренные болезни, ҷ. 1 – 2, М., 2005; Н.А. Мухин, В.С. Моисеев, Пропедевтика внутренних болезней, М., 2005.

У. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …