Главная / Илм / ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ

ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ

gastroenterologГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ (аз гастро…, юн. enteron – рӯда ва …логия), фасли бемориҳои дарунӣ, ки сохт, вазифа, бемории узвҳои ҳозима, усулҳои ташхиси беморӣ, табобат ва пешгирии онҳоро меомӯзад. Бемориҳои узвҳои ҳозима аз қадим маълуманд. Ҳанӯз Буқрот доир ба парҳезшифоӣ ақидае баён карда буд, ки он дар инкишофи Г. аҳамияти калон дошт.
Яке аз фаслҳои китоби «Ал-Қонун»-и Абӯалии Сино ба меъда ва ҳолатҳои он бахшида шудааст. Дар он оид ба бемориҳо ва хуншории сурхной, мизоҷи меъда, офатҳои меъда, ки ғайримизоҷианд, бадмизоҷӣ, дард ва нотавонии меъда, офатҳо ва заъфи гувориш, дуруштӣ ва сахтии меъда, хун қай кардан ва ғ. маълумоти ҷолиб мавҷуд мебошад. Абӯалӣ Сино дар робита ба ҳолати ҷигар низ бисёр масъалаҳои муҳимро шарҳ додааст. Ақидаҳои ӯ дар баёни ташреҳи ҷигар, бемориҳои ҷигар ва муолиҷаи онҳо, чизҳои барои ҷигар зиёнкор, заъф ва суддаҳои ҷигар, сабабҳои хурдии ҷигар ва ғ. то имрӯз моҳияти хешро гум накардаанд.
Дар натиҷаи тадқиқоти олими австриягӣ К. Рокитанский, олими франсавӣ Ш. Крювеле ва диг. (нимаи авв. а. 19) дар соҳаи анатомияи эътилолӣ ва ба тартиб даровардани бисёр бемориҳои аъзои ҳозима (реш ва саратони меъда, сиррози ҷигар ва ғ.) Г. ҳамчун илми алоҳида ба вуҷуд омад. Дар ривоҷу равнақи Г. олимони франсавӣ Р. Лаэппек, Ж. Делафуа, В.Ш. Гико ва диг. саҳми назаррас гузоштаанд. Баъди дар амалия истифода шудани зондҳои ғафс (1867; олими немис А. Кусмаул) ва борик (1911; духтури немис М. Эйнхорн ва амрикоӣ В. Лайон) барои тадқиқи амиқи фаъолияти меъда ва бемориҳои роҳи талха шароити мусоид фароҳам омад. Рушду инкишофи усулҳои рентгенологӣ бошанд, барои муқаррар сохтани иллатҳои аъзои ҳозима мусоидат намуданд. Корбасти усулҳои тадқиқи асбобӣ дар амалияи клиникии муосир – гастроскопия, эзофагоскопия, лапароскопия, ректороманоскопия, радиоиндикатсия, радиотелеметрия ва ғ. имкониятҳои ташхисотро дар соҳаи Г. афзун намуданд.
Дар пешрафти Г. саҳми олимони рус ва шӯравӣ – И.П. Павлов, С.П. Боткин, В.П. Обрастсов, М.П. Кончаловский, М.И. Певзнер, А.Л. Мясников, Е.М. Тареев, Н.В. Коновалов ва диг. низ назаррас аст.
Дар Тоҷикистон Г. ба маънои ҳақиқӣ баъди ташкил шудани институти тадқиқоти илмии махсус, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин буд, ташаккул ёфтааст. С. 1965 дар заминаи Шӯъбаи клиникии Ин-ти тибби кишварӣ Ин-ти гастроэнтерология таъсис дода шуд. Олимони институт бисёр масъалаҳои Г.-ро мавриди тадқиқ қарор доданд. Бо кӯшиши гепатологҳои ҷумҳурӣ усули биопсияи сӯзании ҷигар ба роҳ монда шуд, ки дар ин ҷода комёбии бузург буд. Дар беморхонаҳои ш.-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб ва Норак шӯъбаҳои махсуси гастроэнтерологӣ таъсис ёфтанд. Дар ҷумҳурӣ аз с. 1990 маҷаллаи «Проблемы гастроэнтерологии» ба табъ мерасад. Дар ривоҷу равнақи Г. саҳми олимони тоҷик Х.Ҳ. Мансуров, Ғ.Қ. Мироҷов, Ф.Ҳ. Мансурова ва диг. калон мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …