Главная / Илм / ГАСТРОЭНТЕРОКОЛИТ

ГАСТРОЭНТЕРОКОЛИТ

gastroenterokolitГАСТРОЭНТЕРОКОЛИТ (Gastroenterocolitis), дар як вақт газак гирифтани меъда, рӯдаи борик ва ғафс. Г.-и шадид дар натиҷаи сирояти баъзе бактерияҳо, вирусҳо, аз аллергия, бағоят ҳассос будан ба дору ё хӯрок, заҳролудӣ аз металлҳои вазнин, ишқор, кислота, спиртҳо ва дору ба вуҷуд меояд. Сирояти бактерияҳо сабаби асосии Г. мебошад. Кам шудани туршии шираи меъда, витаминкоҳӣ, таҳмили ҷисмонӣ, сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ба инкишофи Г. мусоидат мекунанд.
Г. ногаҳон сар мешавад. Бемор борҳо қай мекунад, сардард, шикамдард, ҳарорати бадан баланд, дарунрав мешавад; ӯ бемадор аст, баъзан беҳуш ё ҳуш беҷо мегардад. Бинобар саривақт табобат накардан ё муолиҷаи нимкора, Г.-и шадид ба Г.-и музмин табдил меёбад ва боиси илтиҳоби ягон узв, мас., меъда (ниг. Гастрит), рӯдаи борик (ниг. Энтерит) ё рӯдаи ғафс (ниг. Колит) мешавад.
Ба шахсони гирифтори Г.-и шадид ёрии таъҷилии духтур ҳатмист. Оид ба тадбирҳои ёрии аввалин, табобат ва пешгирии Г. ниг. Заҳролудӣ, Заҳролудӣ аз бактерияҳои ғизо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …