Главная / Илм / ҒАШЁН

ҒАШЁН

hysteriaҒАШЁН (Hysteria), истерия, як навъ бемории рӯҳиест аз гурӯҳи неврозҳо. Одамони асабҳояшон заиф аз таъсири садамаи рӯҳӣ ба Ғ. гирифтор мешаванд ва ин ҳолат аксуламали онҳо ба вазъияте мебошад, ки онро таҳаммул карда наметавонанд.
Зуҳуроти Ғ. гуногун аст: хуруҷҳои мухталиф, фалаҷ, ташаннуҷ (кашиш)-и ягон гурӯҳи мушакҳо, ихтилоли ҳассосият ва ғ. Мумкин аст ин иллатҳо тақвият ёбанд. Он гоҳ аз онҳо раҳо ёфтан хеле мушкил мегардад. Хуруҷи ғашёнӣ баъзан бо ташаннуҷи сабук ҷараён мегирад, вале он метавонад дар шакли беҳушӣ, зиқи дил, зиқи нафас, ташаннуҷи рӯда ва диг. нишонаҳо низ падид ояд. Барои муайян кардани табиати маризӣ оид ба бемор, рӯҳияи ӯ ва омилҳое, ки боиси беморӣ гаштаанд, маълумоти кофӣ доштан зарур аст.
Ҳангоми Ғ. беморон агар аз як тараф, аз азоби сахт, «дарди тоқатфарсои вазнин», «табларзаи шадид», нишонаҳои ғайриоддии беморӣ, дарди номафҳум ва ғ. шикоят кунанд, аз тарафи дигар, ба «карахтии дасту пои худ», ба «нобиноӣ» ва гап зада натавонистан, гӯё парвое надоранд.
Агар беморӣ тӯл кашад, мумкин аст хислат ва рафтори мариз тағйир ёбад. Бемор зудранҷу худбин гашта, дар рафтори ӯ нишонаҳои намоишкорӣ ва сохтакорӣ пайдо мешаванд. ӯ кӯшиш мекунад, ки диққати атрофиёнро бо ҳар роҳ ҷалб намояд; табъи бемор зуд-зуд дигар шуда меистад. Дар ин маврид ӯ на аз рӯи мантиқ, балки аз рӯи эҳсос амал мекунад. Ҳамаи ин зуҳурот далели он аст, ки Ғ. шакли музмин гирифтаасту барои муолиҷаи он нафақат кӯшиши бемор ва хешовандони ӯ, балки кӯшиши духтури бемориҳои рӯҳӣ низ зарур аст.
Дар хотир бояд дошт, ки нишонаҳои неврози ғашёнӣ дар ҳолати душвор ва барои бемор «илоҷнопазир» пайдо шуда, яке аз усулҳои муҳофизат мебошад. Аз ин сабаб «худро ба даст гир», «ҳеҷ гап нест», «ту бемор нестӣ», «ҳамаи ин аз асаб аст» гуфтани атрофиён аҳволи беморро фақат вазнин мекунаду бас.
Дар сурати рӯй додани Ғ. беморро дарҳол ором карда, ба ҷогаҳ мехобонанд, бо баҳонаи зарур будани оромӣ дигаронро аз хона мебароранд, ба бемор об медиҳанд, нури чароғро паст мекунанд. Азбаски сабаби Ғ. ва тӯл кашидани он талқин ва худталқин аст, дар назди бемор ташвишу изтироби барзиёд зоҳир намудан, дар хусуси вазъи бемор, амалиёти духтур ва диг. кормандони тиб муҳокима рондан ҳаргиз ҷоиз нест.
Баъд аз барҳам хӯрдани аломатҳои Ғ. ба бемор фаҳмондан лозим, ки сабаби бемории ӯ ҳаяҷон ва ғаму андӯҳ аст, онро муолиҷа кардан имкон дорад.
Барои пешгирии Ғ. он омилҳоеро барҳам бояд зад, ки ба асаб таъсири ногувор мерасонанд. Мунтазам ба меҳнату варзиш машғул шудан ва сайругашт дар ҳавои тоза судбахш аст. Дар мавриди зуҳури нишонаҳои аввалини Ғ. бемор бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад.
Ад.: Авруцкий Г.Я., Неотложная помощь в психиатрии, М., 1979; Долгопятов Г.Я., Неврозы, М., 1972; Справочник по психиатрии, М., 1985; Первов Л.Г., Уход за невротическими больными, Л., 1983; Ғуломов М.Ғ., Равонпизишкӣ, Д., 1996.

Н.М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …