Главная / Гуногун / Қишлоқи Ғарғара дар ноҳияи Данғара

Қишлоқи Ғарғара дар ноҳияи Данғара

Деҳаи Ғарғара, ки дар қисмати шарқии ноҳияи Данғара қарор дорад иборат аз 750 хоҷагӣ дар он фаъолияту зист менамоянд. Ба ҳудуди ҷамоати «Корез» мутаалиқ мебошад. Мактаби миёна бо шумораи 934 нафар талаба дорад. Роҳи асфалтпуш дорад. Як корхонаи дузандагӣ дорад, ки бевосита бо иштироки Президенти кишвар соли 2019 кушода шудааст.

Қишлоқи Ғарғара дар ноҳияи Данғара

Мардум асосан бо кишоварзӣ машғул мебошад. Масофа аз шаҳри Данғара то деҳаи Ғарғара 10 км. мебошад. Дар маркази деҳа, ҳамом, мағоза, бунгоҳи тиббӣ вуҷуд дорад. Тавассути роҳи Ғарғара ба сӯи Кангурт ва ноҳияи Балҷувон тариқи нақлиёт рафтан мумкин аст ки 30 км. масофа дорад.

Харитаи Ҷойгиршавӣ

gargara-1

gargara-2

gargara-4

gargara-5

 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …