Главная / Гуногун / ГАРАВГОНГИРӢ

ГАРАВГОНГИРӢ

Ҷанги шаҳрвандӣ тақрибан шаш моҳ ба таври задухӯрди рӯёрӯй дар дохили кишвар амал карда бошад ҳам, аз соли 1992 то аввали солҳои 2000-ум аҳолии кишвар дар ҳоли муҳосира зиндагӣ мекарданд. То баргаштани мухолифон аз Афғонистон як зумра фармондеҳон бедодгарӣ мекарданд. Баъд аз оштии миллӣ ва имзои Созишномаи сулҳ, ҷангиёни мухо- лифон низ ба кишвар ворид шуда, авҷи бедодгариро ба фалак расонданд.

Шабе ногаҳон хабар расид, ки Абдулҳакимро рабудаанд. Ман зуд ба ҷои воқеа расидам, ки мошинаш гирон дар даро- мадгоҳи гаражаш бо дарҳои кушод истода буд ва аз худаш нишоне набуд. Милиса ҳам расида омад, ҳамаро пурсида санад тартиб дод.

Ин воқеа соли 1999 рӯй дода буд. Он замон ҷангиёни му- холифон аз Афғонистон баргашта, ҳамроҳашон гаравгонгирӣ, террор ва дигар касофаткориҳои дар мактабҳои Покистону Афғонистон омӯзиш дидаашонро оварда буданд. Тахмин ме- кардам, ки ӯро гаравгон гирифтаанд. Вале мутмаин набудам, дилам ба сад кӯчаву тангкӯча мерафт. Чӣ фикрҳое аз сар намегу- зашт. Ба ҳавлӣ омадам, ки ҳама ҳамкорону хешу таборон хабар ёфта, ҷамъ омадаанд. Ҳама ба ман нигоҳ мекарданд, интизор буданд, ки ман чӣ мегӯям. Дидани қиёфаи хоҳарбузургам, ки хеле коҳида буду чашмонаш аз гиря варам карда буданд, бароям сангин буд. Ман ӯро хеле дӯст медорам. Хеле зиёд! Фақат ӯро

тасалло додам, ки ман ӯро меёбам, пагоҳ рӯз шавад, аз пасаш мешавам. Дигар ҳарфе барои гуфтан надоштам.

Бо хомӯшӣ шабро дар курсиҳо нишаста, рӯз кардем. Саҳар рӯз нашуда, боз дӯстону ҳамкорони дигар хабар ёфта меома- данд. Ҳама воқеан андӯҳгин буданд, мисли ман узве аз бадана- шонро гум карда буданд. Дар он рӯзҳои вазнин дӯстони зиёд шабу рӯз дар канори оилаи мо буданд. Тамоми майдонҳои киштзори атрофи шаҳр, ҷуйбору рӯдхонаву заҳбурҳо, беморис- тону сардхонаҳоро кофтанд. Доим дар тамос бо милисахонаҳо буданд. Ҳеч ҷӯгиву фолбине намонд, ки нарафта бошанд. Ман заҳмати якояки онҳоро ёд дорам, миннатдорам ва ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам.

Устод Сорбон омада, дилбардорӣ карданд ва гуфтанд, ки бо дӯсташон генерали амният Худойқул Ҳамроқулов суҳбат кардаанд ва ӯ интизори мост, салоҳ аст, ки наздаш биравем. Ба назди ҷаноби Ҳамроқулов рафтем ва ман буду шуди корро гуфта додам. Ӯ як афсарро даъват карда, супориш дод ва он афсар тамоми ҷузъиёти ҳодисаро навишта гирифт ва ваъда дод, ки ба зудӣ ҷои Абдулҳакимро пайдо карда, ӯро озод мекунад. Инчунин ӯ ба ман омӯзиш дод, ки дар ҳолатҳои зарурӣ чи гуна рафтор намоям. Гуфт, ки дигар ба идораи амният наоям, онҳо аз паси ман ва ҳавлии мо назорати 24-соатӣ таъин карда, худа- шон аз ҳама кор огоҳ хоҳанд шуд. Ман хеле рӯҳбаланду дилпур шудам, ки дунё соҳиб дорад ва мақомоти кишвар бародарамро пайдо карда, ҷинояткоронро ҷазо медиҳанд.

Вале албатта, худам ҳам даст рӯи даст нишастанӣ набудам. Нақша кашидам, ки ман бо Зокирҷон ва Исмоил ба назди фар- мондеҳони мухолифон меравем ва якояки онҳоро мебинем. Гаравгонгирӣ ваҳшитарин ҷиноят аст, ки ҷангиёни мухоли- фон ба кишвар ворид карда буданд. Ин ҳама сол кишвар дар муҳосираи ҷангсолорон бошад ҳам, ҳеч гоҳ касе аз онҳо ин касофаткориро ҳамчун роҳи пулкоркунӣ ба гӯшаи гумонаш роҳ надода буд.

Аз ёру дӯстоне, ки ба дастгирии мо ҷамъ омада буданд, хо- ҳиш кардам, ки тамоми сардхонаҳо, бемористонҳо ва милиса- хонаҳои шаҳри Душанбеву шаҳрҳои атрофро биҷӯянд. Ҳавлии моро маркази иттилоот таъин кардам.

Он замон дар Душанбе ва атрофи он дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ амал мекарданд. Онҳо бо номи сардоронашон маъруф буданд. Дастаҳои Раҳмон Ҳитлер, Мансур Муаккалов, Ризвон, Саидмухтор ва ғайра бедодгарӣ мекарданд. Молу ҷони мардумро тороҷ мекарданд, роҳзанӣ мекарданд. Гаравгонгирӣ низ яке аз роҳҳои даромадашон буд. Ҳар рӯз мешунидӣ, ки писари фалониро, бародари бисмадониро гаравгон гирифтаанд ва ба ивази пардохти пул раҳо кардаанд. Ҳар номаъқулие, ки хоҳанд, мекарданд. Ангор инҳо човандозони муғул буданд ва мардумро буз мекашиданд.

Як тоҷире буд, ки Алишер ном дошт. Ӯ бо умдафурӯшии маводи хӯрокворӣ машғул буд. Мағозаҳояш, ки дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир буданд, ба номи «Сафар сентр» хеле маъруф буданд. Бародари ҳамин тоҷирро гаравгон гирифтанд, маблағашро ҳам ситонданд ва боз ҳам раҳо накарданд, шояд кушта будандаш. Чашмони модараш аз ашкрезӣ кӯр шуд. Ва дере нагузашта, модари бечора аз ғам мурд.

Муовини раиси Бонки миллиро гаравгон гирифтанд, ки бо пардохти пули калон харидандаш.

Писари як дӯсти дигарамро гаравгон гирифта буданд, ки худаш дар мақомоти низомӣ кор мекард.

Махсусан, вақте ман ба ин табоҳкорӣ рӯбарӯ шудам, бо касони зиёде, ки аз дасти ин ҳайвонсиратон зулм дида буданд, шинос шудам ва қиссаҳои нафратангези онҳоро шунидам.

Бо дӯстон нақша кашидем, ки як-як ин силоҳбадастони та- баҳкорро дида, пурсем, шояд суроғи Абдулҳаким пайдо шавад.

Як дӯсти дигарро, ки аз деҳаи Охтоқ буд, раҳнамо гирифта, ба минтақаи Теппаи Самарқандӣ, ки маскани Раҳмон Ҳитлер – яке аз ин одамсуратони ҳайвонсират буд, рафтем. Вақте ки аз кӯтал боло мебаромадем, ногоҳ аз пушти дарахт ду сарбози мусаллаҳ баромада, пеши мошинро гирифтанд. Роҳбалади мо фуромада, бо онҳо салом кард ва онҳо мошинро тафтиш карда, ба мо иҷозати гузаштан доданд. Каме болотар як нафари дигар рӯи роҳ баромад. Роҳнамои мо «Раҳмон ҳамин аст», гуфта, ба ронанда Зокирҷон ишора кард, ки мошинро нигоҳ дорад. Мо пиёда шудем ва ба назди он булаҷаб рафтем. Қади ӯ тақрибан яку шаст, ришаш то ноф, либосҳои низомии танаш аз худаш бузургу овезон буданд ва боз ҳам қади ӯро пасттар нишон медо- данд. Сураташ аз сираташ беҳтар набуд. Номаш Раҳмон Ҳитлер бошад ҳам, ман дар зеҳнам ӯро «пакана» номидам.

  • Ҳа, эшон, чӣ гап? -гуфта аз роҳбалади мо савол кард Па- кана. Роҳбалади моро, ки аз зоти эшонон будааст, дар ин ҷо ҳама мешинохтанд ва «эшон» хитоб мекарданд.
  • Ҳамин бародаро як бародарашонро гум кардаанд, омадем пурсем, ки шумо ягон хабар надорен? – гуфт роҳбалад.
  • Кӣ бдай? Номуш чияй? – пурсид Пакана, ки ангушташро ба бинияш халонда, чизе мекофт. Зокирҷон, ки лаҳҷааш ба ӯ монанд буд, фаҳмонда дод.
  • Ай ҳаштоду ду гирифтануш? – зеҳни Пакана банди чизе буд, ки такроран пурсид.
  • Ҳа, тақсир, – гуфт Зокирҷон.
  • Мошинша нагирифтан? – боз пурсид Пакана, як тори ри- шашро шартӣ канда, пеши чашмаш оварда аз назар гузаронд ва чизи мекофтаашро наёфт магар, ки ба замин партофт.
  • Не, тақсир, мошина нагирифтанд, – Зокирҷон ҷавоб дод.
  • Читарӣ мошинай? – суоли навбатиро дод Пакана.
  • Нексия, тақсир.
  • Бачои ма мебдан мошиншам миёвардан, мо ҳоли итари- ша надорем, мода даркорай, – чашмони Пакана барқ пошид ва заҳрхандае карду – хай, ма ису усура мепурсум, ёфтум гавтон мезанум, – гуфт.

Мо аз назди Раҳмон Ҳитлер баргашта, ба ноҳияи Ваҳдат роҳ пеш гирифтем. Ҳолдонҳо ба мо гуфта буданд, ки яке аз хунхортарин силоҳбадастони ғайриқонунӣ Малиш номе дар роҳзаниву бедодгарӣ шуҳрат дорад. Мо қарор карда будем, ки якто-якто ҳар кадоми он роҳзанҳоро бибинем. Бояд Малишро пайдо мекардем.

Роҳро чанд ҷой ғавчӯб гузошта, нигоҳбонӣ мекарданд. Дар ин назоратгоҳҳо вақте мефаҳмиданд, ки мо ба суроғи Малиш равонем, фавран иҷозат медоданд, ки гузарем. Мисли ин ки Малиш дар ин ҷо хеле маъруфу бонуфуз буд.

Ногоҳ аз қафо як мошин басуръат омада, аз мо гузашт ва пеши роҳи моро баст. Аз дохили он як ҷавони низомипӯши мусаллаҳ фуромада сӯи мо омад. Мо ҳам пиёда шудем.

  • Шумо ба ман кор доштен? – зоҳиран, ин Малиш буд. Ин як ҷавони 20-22-солаи хеле наҳиф буд. Бовари кас намеомад, ки ин ҳамон Малиши қотил бошад, ки корномааш хеле машҳур буд. Зокирҷон фаҳмонд, ки мо кӣ ҳастем ва чаро ӯро суроғ мекунем.
  • Ма и корода кор надорум, мада бген кира куштан дарко- рай, пулша бтен, мекушумуш. Ма адиночкаюм (танҳогард), – ҳарисона моро аз назар мегузаронд Малиш.

Ин ҷо ҳам мо хабаре аз бародар наёфтем. Рӯзи дувум ҳам ҳамин тавр ба кофтуков машғул будем, вақте бегоҳ ба ҳавлӣ баргаштем, маълум шуд, ки касе ба падару модарам хабар бурда, ки бо ман ҳодисае рух додааст ва онҳо хеле нигаронанд. Хушбахтона, онҳо мехостанд садои маро шунаванд. Агар садои Абдулҳакимро мехостанд, чӣ кор мекардам? Вақте садои маро аз гӯшӣ шуниданд, боварашон намеомад. Модарам дуои нек мекарданд, ки хоре ба поям нахаладу худованд пеши роҳамро кушояд, ки воқеан, ин фотиҳаи модар барои ман хеле саривақтӣ ва зарур буд.

Рӯзи чоруми кофтуков мо дар роҳ як хешованди Исмоил – Саидбекро вохӯрдем. Саидбек корманди милисаи роҳ буд. Вақте аз ҳодиса огоҳ шуд, ӯ ба мо пешниҳод кард, ки Командирро бубинем. Гӯё ноҳияи Ваҳдат пур аз командиру ҳитлеру қотил буд. Бо роҳнамоии ӯ мо ба қисми низомии мухолифон, ки чанде пеш аз Афғонистон баргашта ва дар дараи Ромит ҷойгир буд, рафтем. Нигаҳбони дарвоза роҳбалади моро мешинохт магар, ки иҷозат дод ва мо ворид шудем. Ин як осоишгоҳе буд, ки мислаш дар замони шӯравӣ дар дараи Ромит зиёд буд. Ҳавлии бузурге дошт, ки дар он чанд низомӣ гаштугузор мекарданд ва як нафар бо либоси мулкӣ панҷоҳ-шаст қадам дуртар аз мо, тасбеҳ дар даст, қадам мезад.

  • Ҳазрат, – ба сӯи ӯ ишора карда, гуфт роҳбалади мо. Ман гиҷ шудам:
  • Командир куҷост?
  • Ҷое, ки ҳазрат ҳаст, командир чӣ даркор! – ва раҳораҳ тавзеҳ дод: – ин фармондеҳи баталиони биступанҷум, ҳазрати Муҳаммадӣ, командир сардори ситодаш Намоз. Бахтатон омад кард, ҳазратро ҳамаи фармондеҳони мухолиф ҳурмат мекунанд, ҳозир аз худаш ёрӣ хоҳиш мекунем. Мо пасиҳам ба сӯи ҳазрат равон шудем.

Як нафар аз низомиён зуд роҳ гашта, худашро ба роҳбалади мо расонд ва салом карда, ҳол пурсид.

  • Намоз командир, ҳамин бародарон як бародарашонро гум кардаанд, омадем бинем, барои ёфтанаш ёрдам карда ме- тавонем, – гуфт Саидбек. Зоҳиран, ин ҳамон командире буд, ки мо ба суроғаш омада будем.
  • Ному фамилияаш чист? – пурсид командир, мисли ин ки инҳо ҳама зиндонҳои гаравгонон доштанд ва рӯйхати номҳои онҳоро ҳам азёд медонистанд.
  • Холиқов Абдулҳаким, – гуфтам ман бо беқарорӣ.
  • Холиқ, Холиқ, ҳа, ҳа фаҳмидам, ба ҳазрат гап назан, ман медонам ӯ дар куҷост, – гуфт, садояшро паст карда командир саросемавор.

Ман дигар ҳеч рағбати бо Ҳазрат салом кардан надоштам. Тамоми вуҷуди ман ба ин командир таваҷҷуҳ дошт. Бародари ман дар дасти ин гаравгон буд.

Командир пеш даромада, моро то назди ҳазраташ бурд. Мо салом кардем. Ҳазрат як марди қоматбаланди сӣ-сиюпанҷсола буда, риши кӯтоҳе дошт ва то ба наздаш расидани мо тасбеҳ гардонда, ором-ором роҳ мерафт. Аҷибаш ин буд, ки ҳатто дар ҳавлии қисми низомие, ки худаш фармондеҳи он буд, чор ҷон- дори мусаллаҳ аз чор тарафаш ӯро ҳимоят мекарданд, ангор ӯ ба ҳеч кас эътимод надошт. Ҳатто ба худо!

Ин Муҳаммадӣ Тӯраҷонзода, фармондеҳи қисми низомии мухолифон буд.

Мо бо ӯ, ки Саидбекро хуб мешинохт, салом кардему бар- гаштем. Назди дарвоза бо командир суҳбат карданӣ шудем, ки гуфт:

  • Шумо пагоҳ биёед, ман муайян кунам, ки ӯ ҳанӯз зинда аст ё не. Касоне, ки ӯро гаравгон гирифтаанд, хеле хатарноканд.

Ба саволҳои ман, ки кӣ гаравгон гирифтаасту магар наме- шавад ҳамин ҳоло наздаш биравем? – хандид:

  • Ҷӯра, ин гуна корҳо ин тавр ҳал намешаванд. Агар ту онҳоро бинӣ, сиррашон фош мешавад, маҷбур мешаванд туро парронанд. Додаратро ҳам мепарронанд. Равед, пагоҳ биёед, ман то пагоҳ мебинам, шояд як исботе, ки воқеан ҳамон бародарат аст ва зинда аст, бароятон тайёр кунам, – ва Саидбекро канор- тар бурда, чизе гуфт. Саидбек омад ва мо аз дарвоза баромада ба мошин нишастем. Ӯ гуфт, ки пагоҳ вақти омадан, бояд ба қисми низомӣ хӯрокворӣ биёрем, зоҳиран ин ҳамон чизе буд, ки командир ба ӯ дар алоҳидагӣ гуфта буд. Ғайр аз ин, коман- дир гуфта буд, ба ман расонад, ки ҳар гуна такудав ва тамос бо мақомот, махсусан амниятро бас кунам. Аз ҳар қадами дар ин рӯзҳо гузоштаи ман огоҳ буд, лаънатӣ!

Ман ниҳоят ҷои Абдулҳакимро пайдо кардам! Ман наме- донистам чӣ тавр ба Саидбек миннатдорӣ баён кунам. Дар ҳолати ҳаяҷон будам. Гӯё аллакай Абдулҳакимро халос ҳам карда бошам.

Фикр мекардам, чӣ тавр метавонам худи имрӯз ӯро аз дасти ин ваҳшиён бигирам? Ба амният арз кунам? Инҳо то ҳол аз ҳар қадами ман огоҳ будаанд. Аз амният дар ин ҳама вақт ҳеч хабаре нест. Ман бо ду нафар роҳбалад тамоми командирҳоро гаштам, ҳатто ҷои гаравгонро пайдо кардам, вале аз онҳо ҳеч ҳаракате надидам. Шояд нисбат ба таъмини амнияти мо – шаҳрвандон, онҳо бо корҳои муҳимтаре машғуланд. Вагарна, чӣ гуна меша- вад, ки ин авбошону ҷинояткорон шабу рӯз дар шаҳру деҳот ин ҳама бедод мекунанду амнияту милиса зиддашон чорае намебинанд?

Агар коре кунам, бо амниятиҳо вохӯрам, ҳатман ба гаравгон зарар мерасонанд. Чӣ бояд кард, чӣ, чӣ???

Майнаам беист кор мекард. Гиҷ шудам. Ҳама фикрро яксӯ гузошта, аз Зокирҷон хоҳиш кардам ба ҳавлӣ ронад, мехостам аз ҳама пеш ба хоҳарам хабар диҳам ва каме ҳам бошад, ӯро ором кунам. Бегоҳирӯзӣ ба хона расидем ва ба хоҳарбузургам хабар додам, ки ҷои Абдулҳакимро пайдо кардем. Ӯ ҳам ба саволборон сар кард, ки худам чаро ӯро надидам, чаро имрӯз халос накардам? Ӯ ҳам мисли ман хеле сода пиндошта буд. Фикр мекард бозии кӯдаконаи «рустшавакон» бошад. Агар ҷои касе ошкор шуд, ӯ ҳамон замон бояд аз паноҳгоҳаш барояд. Ман тамоми хатари вазъиятро дарк мекардам, вале наметавонистам ба ӯ фаҳмонам, бечора бе ин ҳам заҷри зиёд кашида буд. Ман ба ӯ фақат инро гуфтам:

  • Ҷои ӯ пайдо шуд, пагоҳ нишонаашро ба мо медиҳанд, баъд пул дода, халосаш мекунам, ту ором шав!

Дар асари чор шабонарӯзи бехобиву нимбедорӣ имшаб хобам бурда мондааст. Субҳ надамида, аз такон бедор шудам, ӯ ҳамон тавре, ки шаб назди тахт нишаста буд, ҳанӯз ҳам ҳамон тавр нишаста буду маро бедор мекард.

  • Хез, хез, вақти рафтан шуд.

Берун ҳанӯз торик буд, шояд соат 4-5 буда бошад. Шаби дароз мижа таҳ накарда буд, фикр мекард агар бихобад, мо дер мекунем.

Мо ба мошин нону гӯшту дигар масолеҳи хӯрокворӣ бор карда, ба Ваҳдат равон шудем. Командирро дар қисми низомӣ пайдо накардем. Гуфтанд, ки ӯ дар хонааш деҳаи Бузбит будааст. Хӯроквориро супурда, ба деҳааш равон шудем. Дилам ба сад кӯча мерафт, оё командирро дар хонааш пайдо мекарда бошем? Ман он қадр бетоқат будам, ки ба ҳар деҳа, ки наздик шавем мепурсидам, ки оё ҳамин деҳааш аст? Саидбек – роҳбалади мо ба ман мефаҳмонд: ин деҳаи Чиртак аст, баъди 4-5 километр ба Туркобод мерасем, ки хонаи Ҳазрат он ҷост, аз паси он деҳаи Бузбит мешавад, ки бо Туркобод ба ҳам часпидаанд. Вақте мо ба назди хонаи командир расидем, ӯ дар назди хонааш ба як гурӯҳ, ки аз мошин бор мефароварданд, роҳбарӣ мекард. Моро дида, назди мо омад ва гуфт:

  • Ин бародарат духтур будааст-а? Хеле бачаи шӯх будааст. Бо бачаҳои мо унс гирифтааст, – аз даҳонаш баромада рафт.

Ман дигар исботе аз он, ки Абдулҳаким дар дасти ин гу- рӯҳи ҷиноятпеша аст, намехостам. Маълум буд, ки ӯ дар дасти ҳаминҳост. Гуфт:

  • Ман бо Восит суҳбат кардам, – гӯё ман Воситро мешинохта бошам – ӯ мегӯяд як миллион доллар биёрад, раҳо мекунам. Бародарат дар дасти Восит дар Ёвон аст, – иштибоҳи худро рӯйпӯш карданӣ шуд, ба ман бодиққат зеҳн монда.

Ман зуд худро ба даст гирифтам.

  • Командир, ин пуле, ки мегӯед, агар ҳатто мавҷуд бошад, ҷамъ кардану оварданаш кори осон нест. Ман ҳама чизамро сарф мекунам, ки бародарамро бихарам, вале чизе гӯед, ки мантиқӣ бошад, – гуфтам.

Афсари амният ва дигар корафтодагон ба ман ёд дода бу- данд, ки ба шартҳои онҳо розӣ нашавам. Дар ҳоли розӣ шудан, онҳо ҳар замон шартро тағйир дода, пули бештар талаб кар- данашон мумкин буд.

  • Мошин, хона ҳама чизи доштаамро медиҳам, вале ин шарти шуморо иҷро карда наметавонам, – илова кардам ман.
  • Восит ҳама коратро медонад, бо колхозҳои Қабодиёну Панҷу дигару дигар кор карданатро бародарат гуфта додааст, ин пулҳо барои шумоҳо пуле нест, – бо истеҳзо гуфт командир.

Ва илова кард:

  • Майлаш, ҳаштсадто меорӣ, ман Воситро розӣ мекунам. Вале агар аз ин кам гӯӣ, бародаратро куштанашон мумкин аст.

Мо ҳамакаса аз ӯ илтимос кардем, ки бо гаравгонгирон суҳбат кунад, ки шартро сабуктар кунанд, мо ҳам мебинем, ки чӣ қадр пул ҷамъ карда метавонем. Ӯ гуфт, ки пагоҳ оем. Ман илтимос кардам, ки маро назди онҳо барад, худам бо онҳо суҳ- бат мекунам. Ӯ аз густохии ман ба шӯр омада, «рав пагоҳ биё!», гуфта дӯғ зад. Ҳамроҳонам ҳам ҳарчанд илтимос карданд, ки ҳамин ҳоло рафта гапзанон кунад, мо интизор мешавем, розӣ нашуд. Вале ваъда кард, ки пагоҳ ба мо навори видеоӣ низ ни- шон диҳад, то Абдулҳакимро дида, бовар кунем, ки рост мегӯяд. Ин як шеваи дигари тарсафканӣ ва фишори равонӣ овардан рӯӣ ақрабои гаравгон будааст, ки вақте азизи худро дар банду зор мебинанд, бештар гапдаро мешаванд.

Мо ноилоҷ баргаштем. Фикр мекардам, ки чӣ гуна ақаллан як миқдор пул тайёр кунам. Ҳеч пули тайёре дар даст надош- там, тамоми сармояам дар болои колхозҳо монда буд, балки қарздор ҳам будам. Мошину хонаву ҳама бисотро фурӯхтан вақт металабад, вале он ҳам пули зиёде намешавад. Чӣ бояд кард? Аз кӣ ёрӣ пурсам?

Ягона касе, ки ба зеҳнам расид, Ҷон Стэд буд. Бегоҳ ба офис рафтам, то шаб ба Амрико занг зада, аз ӯ маслиҳат пурсам, бубинам ёрие карда метавонад ё не? Вақте Ҷон аз қазия огоҳ шуд, гуфт:

– Мутмаин бош, мо дар канорат ҳастем, ҳатман ёрӣ мекунем, ман бо роҳбарият суҳбат карда, ба ту хабар медиҳам.

Пас аз суҳбат бо Ҷон каме дилпур шудам. Пагоҳ рафта, ме- бинам, ки командир чӣ мегӯяд, чӣ қадр поён мекунад? Тамоми имкониятро истифода мекунам, додарамро халос мекунам, ба он тарафаш худо подшост.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …