Главная / Илм / ГАНДУМ

ГАНДУМ

gandumГАНДУМ (Tritucum), зироатест яксолаи маъмул. Г. растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх, бунафш дорад. Он ашёи муҳими саноати хӯрокворист. Дар таркиби Г. сафеда, ангиштоб, равған, равғани эфир, ферменту витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғ. мавҷуданд. Аз орди Г. нону кулчаҳои гуногун, макарон, ярма, маҳсулоти гуногуни қаннодӣ ва хӯрокворӣ тайёр мекунанд. Тоҷикон аз қадимулайём аз орди Г., қанд ва равғани зард ҳалвоҳои болаззату серғизо мепазанд, аз дони он спирти аълосифат, оҳар ва маҳсулоти дигар мегиранд.
Хусусияти доруии Г.-ро табибони қадими Ҳиндустон, Юнон, Рим, Хитой, Эрон ва диг. мамлакатҳо қайд кардаанд. Абӯалии Сино марҳами аз орди Г., оҳар ва заъфарон таҳиясохтаро барои равондани доғи кунҷитак давои хуб ҳисобидааст. Табибони қадим нон ва маҳсулоти гуногуни хамириро дар мавриди бемориҳои гуногуни меъда, ҷигар, гурда тавсия додаанд. Табибони Ҳинду Тибет Г.-ро барои муолиҷаи варам, захм ва омосҳо давои хуб меҳисобанд. Доруе, ки аз кунҷид, гандум, биринҷ, ҷав ва нахӯд таҳия карда мешавад, барои муолиҷаи амрози банду буғум ва рагу пайҳо истифода мегардад.
Дар тибби халқӣ ба сифати даво ва парҳезона гандумбирён, майсаи навруста, дони таррак, сабӯс ва коҳи Г.-ро кор мефармоянд. Ҷӯшоби мағзи нони гандумиро ҳангоми дарунравӣ ва исҳоли хунин тавсия медиҳанд. Мағзи дар шир таркардаи нони гандумиро барои «пазондан» ва кашидани фасод ба омосҳо мебанданд. Ҷӯшоб ва буғи сабӯси Г. пӯсти рӯйро нарм мекунад. Истеъмоли ҷӯшоби бо асал омехтаи сабӯси Г. ҳангоми газаки роҳҳои болоии нафас ва сулфаи шадид муфид аст.
Дар тибби халқии тоҷикон хӯрдани гандумбирёнро (рӯзе 2 – 3 маротиба 50 – 100 г пеш аз хӯрок) барои одамони пирсол ва шахсони гирифтори қабзияти музмин муфид меҳисобанд. Баҳор аз майсаи Г. суманак тайёр карда мешавад (барои пешгирии қабзият муфид аст). Шираи дони нимдунбули Г. (рӯзе 2 – 3 маротиба 0,5 истакон 20 дақиқа пеш аз хӯрок) барои муолиҷаи безурётии мардҳову занон тавсия шудааст. Г.-ро хоида гузошта банданд, пучакро мепазонад. Онро сӯхта, ос карда бо муми занбӯри асал ва равған сиришта банданд, рухсораро пок мекунад. Агар орди Г.-ро бо шакар ва бодом пухта лесида бихӯранд, сурфа, хун партофтан, дарди узвҳои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, боҳро қувват медиҳад. Аз орди Г., об, наъно ва равған нишоиста пухта бихӯранд, дуруштии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад. Орди гандуми сурхро бо шароб ё сирко хамир сохта бимоланд, зиёни заҳри ҷонваронро мешиканад.
Дар тибби муосир нону кулчаҳои гандумии туршиашон камро ҳамчун ғизои парҳезӣ барои беморони гирифтори газак ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта тавсия медиҳанд. Барои беморони гирифтори диабети қанд нонҳои камангиштоб, ҳангоми бемориҳои гурда ва силсилаи дилу рагҳо нони бенамак, дар мавриди заъфи гурда нони бесафедаи бенамак тавсия дода мешавад. Барои пешгирии атеросклероз ба нону кулчаҳои гандумӣ карами баҳрӣ, летситин, йодиди калий илова менамояд.
Истеъмоли нони гарм барои беморони гирифтори газак ва захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта зарар дорад. Сабӯси Г. аз витаминҳои гурӯҳи В, моддаҳои минералӣ, бахусус калий, клетчатка бой аст, бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ ҳангоми қабзият, фарбеҳӣ, ғалаёни хун, дарди санги гурда, атеросклероз истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …