Главная / Биология / Гандум дар Тоҷикистон ва муҳимияти он

Гандум дар Тоҷикистон ва муҳимияти он

Гандум  не ин зироати ғалладонагии бисёр қадима буда, қариб дар ҳамаи мамлакатҳои дунё парвариш карда мешавад. Дар Миср, Ироқ, Эрон, Туркиё 6 ҳазор сол пеш аз милод гандум маълум буд. Кишти гандум дар Осиёи Марказӣ низ таърихи қадима дошта, дар Бохтар дар асри 4 пеш аз милод оғоз шудааст. Сайёҳи машҳури итолиёӣ Марко Поло ба Тоҷикистон низ омада будааст ва бисёр будани майдонҳои кишти гандумро дар Помир қайд кардааст. Олими рус Н. И. Вавилов Тоҷикистонро маркази пайдоиши навъҳои гуногуни гандум медонад.

Гандум дар хоб

Гандум зироати пурқимату муҳими озуқаворӣ мебошад. Аз рӯи сафеданокӣ, микдори оҳар, хушҳазмшавӣ ва кобилияти зиёди ғизоӣ доштанаш аз дигар зироатҳои ғалладонагӣ бартарӣ дорад. Сабӯси ордаш, хаспоя ва баргу пояи сабзаш хӯроки хубу серғизои чорво ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки талабот нисбати гандум дар миқёси ҷаҳон хеле зиёд аст. Дар қарорҳои қабулкардаи Ҳукумати ҷумҳуриамон низ босуръат ва собитқадамона баланд бардоштани хосилнокии зироатҳои ғалладонаги, аз он ҷумла гандум, боисрор таъкид карда мешавад. Хусусан, барои афзун гардонидани ҳосил ва сифати дони навъҳои пурқимати гандум, ки аз онҳо нони аълосифат, макарон, ярма ва ғайраҳо ба даст оварда мешаванд, инчунин ба кам талафёбии ғалладона дар давраи ҷамъоварии ҳосил ва нигоҳдории он дар анборҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар айни замон, дар ҷаҳон 20 намуди гандум аниқ карда шудааст. Дар Тоҷикистон 4 намуди гандум дучор мешавад. Аз инҳо асо- сан гандуми сахт ва мулоимро мекоранд. Ҳар яки ин намудҳо дар навбати худ, навъҳои зиёде доранд.

Гандум чун дигар ғалладонагиҳо ба синфи якпаллагиҳо тааллуқ дошта, дорои аломатҳои хосу умумии ин синф мебошад. Чун хӯшадорон гандум патакреша ва хаспоя дорад. Дар хаспояи гандум бандҳо (буғумҳо) инкишоф ёфтаанд, ки онҳо ба поя устуворӣ мебах- шанд. Аз ҳар як растании гандум аз минтақаи панҷазанӣ (ки дар зери хок пинҳон аст) аз 2 то 12- то ва аз он зиёдтар поя ба боло қад мекашад. Барги гандум аз паҳнак ва ғилофак иборат аст. Паҳ- наки барг дароз буда, рагрониаш мутавозӣ аст. Дар гандум хӯша- гули мураккаб месабзад, ки аз хӯшачаҳо иборат аст. Дар тири ҳар кадом хӯшача ду пулакчаи хӯшагӣ ҳаст ва дар паси онҳо аз 2 то 7 гул ҷойгир аст. Дар ҳар гули гандум дуто пулакча дида мешавад, ки дар байни онҳо узвҳои афзоиши гул, яъне 3 гардбарг ва тухмдон ҷойгир шудааст. Гули гандум худгардолудшаванда буда, ин ҳодиса то шукуфтани гул амалӣ мегардад. Меваи гандумро дон ё дона мегӯянд.

Гандуми сахт ва мулоим хеле пурарзиш мебошанд. Гандуми сахт ва мулоим аз рӯи сохти эндоспермашон фарқ мекунанд. Эндоспер- ми дони гандуми сахт зичии зиёд дорад. Агар дони онро бурем, чун шиша ҷило медиҳад. Дар таркиби дони гандуми сахт миқдори сафеда зиёд аст. Бинобар он, дони гандуми сахтро дар нонпазӣ, истеҳсоли макарон, риштаугро, печенӣ ва дигар махёулоти аз орд тайёршаванда истифода мебаранд.

Дар таркиби эндосперми нисбатан ковоки гандуми мулоим са- феда камтар буда, микдори оҳар хеле зиёд аст. Аз орди ин гандум асосан нон мепазанд.

Дар аксари холатҳо кишти гандуми сахтро дар аввали фасли ба- ҳор гузаронида, гандуми мулоимро дар фасли тирамоҳ мекоранд. Барои кишти тирамоҳии гандуми мулоим бе/птар навъҳои Наврӯз, Сете Серрос-66, Красноводск-25 ва гандуми навъи Бесӯки-1-ро ис- тифода мебаранд. Ин навъҳо ба хунукй тобовар буда, пояашон устувор аст.

Тухми гандуми тирамохиро нисбат ба гандуми баҳорӣ чуқуртар кишт мекунанд, то ки аз хунукиҳо осеб набинад. Мӯҳлати кишташ- ро бошад, тавре муайян мекунанд, ки то сар шудани хунукиҳо майсаҳо нағз инкишоф ёфта аз 3 то 5-то папҷа зананд. Панчазании майсаҳои гандуми дар баҳор кишт кардашуда суст аст. Бинобар он, онро зичтар мекоранд. Агар дар заминхои лалмӣ меъёри коштани тухмӣ дар як гектар 120-160 кг бошад, дар заминҳои обӣ ин меъёр 200-250 кг-ро ташкил медиҳад.

Гандуми тирамоҳӣ назар ба баҳорӣ аз боришоти тирамоҳу зи- мистон бештар баҳра мебарад ва то фаро расидани гармои сӯзону, хушк шудани қабати хок (фасли тобистон) пухта мерасад.

Барои рӯёнидани ҳосили баланди гандум истифода ва риоя кардани қоидаҳои кишоварзӣ (агротехникӣ) аҳамияти калон дорад. Яке аз шартҳои асосӣ коштани тухми хушсифату яккачини навъҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовари гандум мебошад. Шарти дигар он аст, ки онҳо ба шароити иқлими макони кишт бояд мувофиқ бошанд ва замин аз нуриҳои маъданӣ таъмин шуда бошад. Инчунин, босифат гузаронидани шудгор, аз алафҳои бегона тоза кардани замин, сари вақт бурдани мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ба ҳосили дон ҳосил зам мекунад. Дар заминҳои обёришаван- да ба танзим даровардани мӯҳлату меъёри обёрӣ низ аз фоида холӣ нест.

Барои осон кардани заҳмати деҳқонон дар гузаронидани корҳои кишоварзӣ (аз шудгор то ҷамъоварии ҳосил) воситаҳои гуногуни техникӣ ба вуҷуд оварда шудаанд.

Дар қатори растаниҳои муҳими ғалладонагӣ ба ҷуз гандум, инчу- нин ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка, шолӣ, марҷумак, арзан, тритикале ва ғайраҳоро метавон номбар кард.

  1. Чаро гандумро ба оилаи хӯшадорҳо дохил мекунанд?
  2. Хӯшаи гандум чӣ гуна аст?
  3. Аз гандум чӣ хел маҳсулоти ордй тайёр мекунанд?
  4. Гандуми мулоим аз сахт бо чӣ фарқ мекунад?
  5. Барои ҳосили фаровони гандум иҷрои кадом корҳо шарт аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …