Главная / Илм / ГАНДАНО

ГАНДАНО

gandanoГАНДАНО (Allium ascalonicum), шаллот, навъе аз растаниҳои пиёзакбех. Ба пиёзи муқаррарӣ (А. cepa) хеле монанд, лекин сербех (дар як бех аз 3 то 40) аст. Г. сабзавоти сармобардор (–10 –150С) ва тезрас буда, баъди 15 – 20 рӯз сабзида мерасад. Пиёзаки Г.-ро аввали баҳор мешинонанд. Дар таркиби Г. ба миқдори зиёд қандҳои гуногун, кислотаи аскорбинат, моддаҳои хушк, намакҳои минералӣ (калий, фосфор, оҳан ва ғ.), намакҳои никел, титан, герамний, витаминҳои В, РР, Е, каротин, равғанҳои эфир, фитонсидҳо мавҷуд мебошанд.
Г.-ро дар тибби халқӣ аз қадим барои табобати бавосир, дарди мафосил, нуқси меъдаю гурда истифода мекунанд. Он дар косметология низ фаровон кор фармуда мешавад. Кӯфтаи Г. барои равондани доғҳои гуногун, наррак, гӯшт гирифтани захм, ҷойҳои харошидаи пӯст, офтобсӯхта муфид аст. Қиёми Г. мубодилаи моддаҳоро дар пӯсти сар ба танзим дароварда, сабзиши бофтаҳоро метезонад, решаи мӯйро устувор месозад. Барги Г.-ро кӯфта бо сирко сиришта ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад. Агар барги онро бихӯранд, роҳи нафасро пок мегардонад, ҳозима ва камарро қувват мебахшад, дарунро мулоим мекунад, пешоб ва ҳайзро равон месозад, боҳро тақвият медиҳад. Андаке аз оби он бинӯшанд, хуни бавосирро қатъ мегардонад, агар бо асал биёшоманд бемориҳои узвҳои даруни синаро шифо мебахшад, варами шушро таҳлил медиҳад. Барги Г.-ро як шаб дар сирко тар карда, баъд бихӯранд, бемории қулинҷро дафъ мекунад. Агар онро кӯфта бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад, барои бавосир фоида дорад. Пиёзи Г.-ро кӯфта гузошта банданд, барои газидани ҷонварони заҳрнок тарёк мешавад, бо татум хамир сохта гузошта банданд, аллергия ва озахҳоро дафъ мекунад. Тухми Г.-ро то бӯяш баромадан, тасфонида бо самари мӯрд бихӯранд, рафтани дарун ва хуни мақъадро мебандад. Порей (A. porrum)-ро низ баъзан Г. меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …