Главная / Илм / ГАММА-ГЛОБУЛИНҲО

ГАММА-ГЛОБУЛИНҲО

gamma-globulinhoГАММА-ГЛОБУЛИНҲО, қисми таркибии сафедаҳои зардоби хун. Г.-г. барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ кор фармуда мешаванд. Доруҳои Г.-г.-ро иммуноглобулинҳо низ меноманд. Г.-г. подтанҳои муҳофиз дорад, ки таъсири бемориовари микроорганизмҳоро рафъ менамоянд. Г.-г. вирусҳо, бактерияҳо, спирохетҳо ва соддатаринҳоро нобуд карда, баҳри пешгирию табобати бемориҳои сироятӣ (хусусан амрози кӯдакон) шароити мусоидат фароҳам меоранд. Дар мавриди тазриқ (ба хун гузарондан)-и Г.-г. дар организм иммунитети нофаъол ба вуҷуд меояд.
Одатан, Г.-г.-ро аз хуни одаме, ки гирифтори беморӣ буд, ҳамчунин аз хуни аспе, ки ба он ваксинаҳои махсус гузаронда шудаанд, мегиранд. Г.-г. баъди ҳафтаи дуюми моягузаронӣ (ваксинатсия) ё беморӣ ҳосил мегардад. Г.-г.-ро ба бемор ҳар чӣ зудтар (дар ду рӯзи аввали оғози маризӣ) тазриқ намудан лозим аст. Г.-г. муддати табу тасфро кӯтоҳ, дардро сабук ва оризаҳои бемориро кам мекунанд. Г.-г.-ро бар зидди грипп, сурхакон, ханозир, энсифалити канагӣ, гепатити вирусӣ, ҳасба, нағзак, исҳоли хунин, махмалак, сурфакабудак, сӯхтанӣ ва ғ. истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …