Главная / Илм / Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

gambusaki_sargin-2-660x330Гамбуски саргин -ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пойи деворҳо, хокрӯбаҳо ва саргин мақом дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши Гамбуски саргин: агар ин ҷонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти меъда, рӯдаҳо ва ҷигарро бо исҳол дафъ мекунад, истисқоро шифо мебахшад.

Онро пачақ карда, ба ҷойи каждумгазида гузошта банданд, заҳри онро дафъ мекунад. Қисми дунболаи онро канда, баъд онро бифишоранд, аз он рутубат зоҳир мешавад, Ин рутубатро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардонад, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.

Табиб Юнус гуфтааст, ки гамбуски саргин, ки дар хокистари гиёҳи тугмачагул пайдо шавад, онро кӯфта, ба чашм кашанд, дарди чашмро шифо мебахшад; ва боз гуфтааст, ки чун пардаи ақиби сари онро бардоранд, рутубате, ки зоҳир шавад монанди афюн, ба қадри 14 грамм дар садафе бигиранд ва онро фатилаи борики лоиқи сӯрохи закар сохта, он фатиларо ба он рутубат олонда, дар сӯрохи закар гузоранд, боқиро ба зери ноф, каши рон, хоя ва атрофи он бимоланд, ҳамон дам пешоби бастаро мекушояд. Ин рутубатро ба чашм кашанд, пардаи торикиовари чашмро дафъ мекунад ва торикии чашмро шифо мебахшад.

gambusaki_sargin-300x134
Гамбусаки Саргин

Гамбуски саргинро кӯфта гузошта банданд, захм ва реши соқи пойро дафъ мекунад. Равғани зайтунеро, ки дар он гамбуски саргин ҷӯшонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди онро ҳамон соат таскин медиҳад; агар ин равғанро бимоланд, ханозер ва бавосирро таҳлил медиҳад.

Ин гамбускро дар найча андохта, ба рони зан бибанданд, душвории зоиданро осон мекунад. Чун ин ҷонварро дар гули сурх гузоранд, гул пажмурда мегардад ва худаш мемирад ва онро дар саргин дафн кунанд, аз нав зинда мешавад. Агар сари Гамбуски саргинро дар бурҷи кабӯтарон гузоранд, кабӯтарон ба он ҷо ҷамъ мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …