Главная / Илм / ГАЛВАНОТЕРАПИЯ

ГАЛВАНОТЕРАПИЯ

galvanoterapiyaГАЛВАНОТЕРАПИЯ, галванизатсия, бо мақсади табобати бемориҳо истифода бурдани ҷараёни доимии муттасил (галвани)-и камшиддат (30 – 80 В) ва суст (то 50 мА); яке аз усулҳои маъмули барқшифоӣ.
Ҷараёни галванӣ ретсепторҳои пӯстро ангехта, таъсири мавзеӣ (дар зери электродҳо сурх шудани пӯст, тағйир ёфтани ҳассосияти он ва ғ.) ва умумӣ мерасонад. Он фаъолияти силсилаи асабро ангехта, гардиши хун ва лимфаро беҳтар месозад, ба раванди оксиду барқароршавӣ тақвият мебахшад, фаъолияти ғадудҳои усораи дохилиро меафзояд. Г. хусусан дар мавриди муолиҷаи ноҷуриҳои вазифавӣ муҳим аст. Дар амал Г.-ро якҷоя бо доруҳо низ кор мефармоянд (ниг. Электрофорез).
Ба тавассути Г. беморию иллатҳои силсилаи асаби канорӣ (неврит, плексит, радикулит, невралгия), баъзе амрози силсилаи асабҳои марказӣ (дарди нимсара, ихтилоли хунгардиши мағзи сар, осеби майна ва ҳароммағз ва ғ.), бемориҳои илтиҳобӣ, дискинезияи талхароҳа ва рӯдаҳо, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемории гипертония, камхунии дил, дарди дандону даҳон, амрози чашм, шикастани устухон ва ғ. табобат карда мешаванд. Г. дар сурати вуҷуд доштани омос, бемориҳои шадиди илтиҳобию фасодӣ, амрози хун, нуқси дилу рагҳо, захмҳои калон, сӯхтагӣ, ихтилоли ҳассосияти пӯст, кахексия, заҳролудӣ ва ғ. ҷоиз нест.
Яке аз навъҳои Г. обзанҳои гидрогалванӣ мебошанд. Онҳо барои бо ҷараёни галванӣ таъсир расондан ба тамоми организм ё фақат ба дасту по (ҳангоми артритҳо, полиартритҳо, плекситҳо, полиневритҳо ва ғ.) пешбинӣ шудаанд. Барои Г.-и чашм, маҳбал ва даҳон обзану электродҳои махсус вуҷуд доранд.
Г. аз 10 – 12 то 16 – 20 протседураро дарбар мегирад. Протседураҳоро ҳар рӯз ё рӯздармиён мегузаронанд. Чунин табобатро дар мавриди бемориҳои кӯдакон низ истифода бурдан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …