Главная / Илм / ГАЛАКТОЗЕМИЯ

ГАЛАКТОЗЕМИЯ

galaktozemiyaГАЛАКТОЗЕМИЯ (Galactosaemia; аз галактоза ва лот. haima – хун), бемории ирсӣ. Дар натиҷаи норасоии ферментҳое, ки барои таҷзияи галактоза ва ба глюкоза табдил додани он заруранд, пайдо мешавад.
Ихтилоли таҷзияи галактоза (ниг. Карбогидратҳо) боиси дар хун гирд омадани маҳсули мубодилаи он мегардад (маҳсули мубодила силсилаи асабҳои марказӣ, ҷигар, гурдаҳо ва чашмро заҳролуд месозад); дар чунин ҳолатҳо гипогликемия низ рух менамояд. Дар айни ҳол 3 навъи Г. мавҷуд аст: муқаррарӣ, норасоии галактокиназаҳо ва эпимеразаҳо.
Кӯдаки гирифтори Г.-и муқаррарӣ калон таваллуд мешавад. Ҳангоми вазнин будани ҷараёни маризӣ, баъди ба дунё омадан, тифл қай мекунад, аз истеъмоли шир шикамрав мешавад; ҳамчунин зардпарвин, калон шудани ҷигар, катаракта ба мушоҳида мерасанд. Дар ҳолатҳои сабук будани ҷараёни маризӣ, кӯдак ширро ҳазм карда наметавонад, аз сина рӯ мегардонад.
Ба ивази шир ба кӯдак омехтаҳои ғизоӣ, хӯрокиҳои ширии бе лактоза, шавлаҳои гӯштию сабзавотӣ додан лозим аст. Дар сурати табобат накардан, кӯдакон баъди чанд моҳ мефавтанд; ҳангоми риоя намудани парҳез беморӣ некфарҷом аст.
Норасоии галактокиназаҳо бо аломати катаракта падид меояд; нишонаҳои эпимеразаҳо ба Г.-и муқаррарӣ монанд мебошанд. Г.-ҳои мазкур низ парҳез мехоҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …