Главная / Илм / ГАҲВОРА

ГАҲВОРА

gahvoraГАҲВОРА, ҷойхоби махсуси кӯдак, ки дар он бачаро аз 7 – 10 рӯзагӣ то 1,5 – 2 ва баъзан то 3-солагӣ мехобонанд. Г.-ро аз чӯби бед, чормағз, зардолу месозанд ва одатан дарозиаш 1 – 1,5 м, бару баландиаш 0,5 м мешавад. Асоси Г. рӯйбозӣ ва тагбозӣ буда, ба рӯи тагбозӣ барои хобонидани кӯдак тахтачаҳо мезананд. Ба рӯи тахтачаҳо кӯрпачаи бо коҳмайда ё арзан пуркарда меандозанд (коҳгинак). Тахтачаро барои шинонидани тубак сӯрох мекунанд. Тагбозӣ ва рӯйбозӣ аз ду тараф ба пояҳои нимдоира маҳкам карда мешавад. Ба пояҳо ду қасқон мешинонанд ва онҳоро бо чӯби доирашакл – қасаба мепайванданд. Барои муҳофизати сар ва пои бача ба даруни қасқонҳо чӯбакҳо мегузоранд. Тагбозӣ, қасқонҳо ва қасабаи Г.-ро кандакорӣ ва рангубор мекунанд. Ба болочӯб (даста)-и Г. барои бозии кӯдак ҳар хел марҷону зангӯлачаҳо меовезанд. Болои Г.-ро бо гаҳворапӯш мепӯшанд; гаҳворапӯши зимистонаро аз матои бадошт (махмал), тобистонаро аз матои сабуки нафис медӯзанд. Гаҳворапӯшро дар сари Г. қуббаҳо нигоҳ медоранд.
Г. аз қадимулайём дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, Ҳиндустон маъмул буда, ҳоло ҳам фаровон истифода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …