Главная / Илм / ҒАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна

ҒАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна

no-photoҒАФФОРОВА Матлуба Абдузунуновна (тав. 04. 08. 1954, ш. Душанбе), духтури бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, доктори илмҳои тиб (1995), проф. (1999), Аълочии маорифи ҶТ (2006). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ДДТТ (1977 – 79), духтури бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии Дармонгоҳи №10 (1979 – 82) ва Маркази ҷумҳуриявии аллергологӣ (1984), аспиранти Донишкадаи марказии такмили ихтисоси духтурон (ш. Москва; 1984 – 87), ассистент (1987 – 96), дотсент (аз 1996), иҷрокунандаи вазифа ва мудири кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинии ДДТТ (1996 – 2010). Феълан дар хориҷи кишвар кору фаъолият дорад. Доир ба бемориҳои аллергии гӯшу гулӯ ва бинӣ дар сокинони баландиҳои мухталифи Тоҷикистон, хусусиятҳои минтақавии ҷараёни бемориҳои аллергӣ дар кӯдакон, дарёфти усулҳои комплексии ташхиси бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ ва муолиҷаи онҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Дар мавзӯи «Ҷараёни клиникӣ, ташхис ва муолиҷаи риносинуитҳои аллергӣ ҳамчун ҳолати пеш аз зиқи нафас» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои минтақавии паҳншавӣ, ҷараёни клиникӣ ва муолиҷаи бемориҳои аллергии гӯшу гулӯ ва бинӣ дар сокинони Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 китоби дарсӣ, 4 дастури таълимию методӣ, 6 барномаи таълимӣ, 10 тавсияи методӣ, 23 навоварист. Дар амалияи тиб зиёда аз 30 усули нави муолиҷаи бемориҳои аллергӣ ва ғайриаллергии гӯшу гулӯ ва биниро татбиқ намудааст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд.
Ос.: Лекции по иммунологии и аллергологии, Д., 1996; Тесты для самоподготовки студентов к практическим занятиям по оториноларингологии, Д., 2007; Папилломатози ханҷара дар кӯдакон, Д., 2007; Малакаҳои амалӣ аз оториноларингология барои донишҷӯён, Д., 2007; Аллергические заболевания в детском возрасте (клиника, диагностика, лечение и профилактика), Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …