Главная / Илм / ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

ҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА

pancreasҒАДУДИ ЗЕРИ МЕЪДА (Pancreas), ғадуди аъзои ҳозима, ки шира ҳосил мекунад; Ғ.ҳамзамон фаъолияти эндокринӣ низ дорад. Дар қисми болои шикам, дар сатҳи мӯҳраҳои I – II камар ҷой гирифтааст. Ғ. шакли дарозрӯя дошта, аз қисми сар, тана ва дум иборат аст. Дарозиаш 14 – 23 см, бараш 3 – 7,5 см (дар қисми сар), паҳнии танааш 2 – 5 см, думаш 0,3 – 3,4 см; вазнаш 60 – 115 г. Бештарин қисми паренхимаи Ғ. (бахши экзокринӣ) ферментҳои барои ҳозима муҳим ихроҷ мекунад. Онҳо ба маҷрои Ғ., ки дар қисми интиҳо бо маҷрои умумии талха ҳамроҳ мешавад, ворид мегарданд. Қисми камтарини Ғ. (бахши эндокринӣ) дар шакли ҷазирачаҳои хурд (ҷазирачаҳои Лангерганс) гирд омада, ба паренхимаи қисми экзокринӣ зарра-зарра мепайвандад. Ҷазирачаҳои Лангерганс аз гурӯҳи ҳуҷайраҳои тарашшӯҳӣ (инсулоситҳо) ташаккул ёфтааст. Чаҳор навъи ҳуҷайраҳоро ҷудо мекунанд: α – ҳуҷайраҳо, ки инсулин, β – ҳуҷайраҳо, ки глюкагон,  – ҳуҷайраҳо, ки соматостатин, РР – ҳуҷайраҳо, ки полипептиди панкреатинӣ ҳосил мекунанд.
Асабҳои Ғ. аз бофтаҳои ҷигар, сипурз, шикам ва қисми болои мосориқа меоянд; шохаҳои асаби гумроҳ низ дар кори бо асаб таъмин намудани Ғ. иштирок мекунанд. Ғ.-ро артерияҳои ҷигар, мосориқаи боло ва сипурз бо хун таъмин месозанд. Хуни венавӣ ба венаи даромадгоҳи ҷигар ҷорӣ мешавад.
Ҳуҷайраҳои қисми экзокринии Ғ. шираи панкреатинӣ ҳосил мекунанд, ки дорои ферментҳои гуногун буда, сафеда, равған ва ангиштобҳоро ҳазм менамояд. Ферментҳои асосии он (трипсиноген ва химотрипсиноген) фаъол нестанд (онҳо дар рӯдаи дувоздаҳангушта зери таъсири энтерокиназаҳо ба трипсин ва химотрипсин табдил меёбад). Шираи панкреатинӣ дар натиҷаи таъсири ангезаҳои рефлексҳои шартӣ (мас., бӯи таом) ва ғайришартӣ (мас., хоидан, фурӯ додан) ҷудо мешавад.
Вазифаи тарашшӯҳи дохилии Ғ. аз гормонҳои инсулин ва глюкагон ҳосил кардани ҷазирачаҳои Лангерганс иборат аст. Гормонҳои мазкур мубодилаи карбогидратҳоро танзим менамоянд. Ҷазирачаҳо ҳамчунин соматостатин ва полипептиди панкреатинӣ ҳосил мекунанд, ки ба фаъолияти узвҳои ҳозима таъсир мерасонанд. Дар мавриди халал ёфтани фаъолияти ҷазирачаҳои Лангерганс бемории диабети қандӣ ба вуҷуд меояд.
Ғ.-ро бо усулҳои лабораторӣ, рентгенологӣ, асбобҳои гуногун муоина мекунанд. Дар сурати бемориҳои Ғ. дар сари дил ва зери қабурғаи чап дард пайдо мешавад, шикам меравад, заъфарма рух менамояд; бемор беҳолат ва хароб шуда, аломатҳои диабети қандии дуюм ба вуҷуд меоянд.
Ба фаъолияти Ғ. риоя накардани низоми тағзия (бисёр истеъмол намудани ғизои серравған, тунд, машруботи спиртдор), бемориҳои санги талхадон, холесистит, муковистсидоз ва ғ. таъсири номатлуб мерасонанд.
Дар Ғ. беморию осебҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд, мас., амрози илтиҳобӣ, ангалӣ (паразитӣ), киста, носур, санг пайдо кардан, ихтилоли хунгардиш, амрози касбӣ, омосҳо ва ғ. Бемории илтиҳобии маъмули Ғ. панкреатити шадид ва музмин аст. Ғ. ҳангоми бемориҳои сил, сифилис, баъзе бемориҳои сироятӣ (мас., паротити вогир) низ иллат меёбад. Аз бемориҳои паразитӣ дар он описторхоз, эхинококкоз дучор меоянд. Ғ. аҳёнан санг пайдо мекунад; нишонаҳои он ба бемории санги талхадон ё панкреатити шадид монанд аст. Ба омосҳои ғайрисаратонии Ғ. аденома, систаденома, фиброма, липома, навринома мансубанд. Аз омосҳои хабис бештар саратон дучор меояд.
Ниг. низ Узвҳои ҳозима.
Ад.: Эйнгорн А.Г., Паталогическая анатомия и патологическая физиология, М., 1983; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Воробёва Е.А. (ва диг.), Анатомия и физиология, М., 1987. Абдураҳмонов Ф.А., Атлас-учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
КЛ
Расми 1. Маҷрои ҷигар ва ғадуди зери меъда. Самти ҳаракати усора (моеъ) бо тирча ишора карда шудааст: 1 – талхадон; 2 – маҷрои талха; 3 – маҷрои умумии ҷигар; 4 – маҷрои умумии талхадон; 5 – маҷрои ғадуди зери меъда; 6 – рӯдаи дувоздаҳангушта.
Расми 2. Топография ва ҳалқамушакҳои маҷрои умумии талха ва маҷрои ғадуди зери меъда: (намуд аз ақиб): 1 – маҷрои умумии ҷигар; 2 – маҷрои талхадон; 3 – гарданаи талхадон; 4 – танаи талхадон; 5 – маҷрои умумии талха; 6 – қаъри талхадон; 7 – рӯдаи дувоздаҳангушта; 8 – ҳалқамушаки маҷрои умумии талхадон; 9 – маҷрои ғадуди зери меъда ва ҳалқамушаки он; 10 – ҳалқамушаки ампулаи ҷигару ғадуди зери меъда; 11 – сифоқ (шикампарда); 12 – сараки ғадуди зери меъда; 13 – венаи мосориқаи боло; 14 – артерияи мосориқаи боло; 15 – думи ғадуди зери меъда; 16 – танаи ғадуди зери меъда; 17 – венаи сипурз; 18 – венаи даромадгоҳи ҷигар.
Ф. А. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …