Главная / Илм / ҒАДУДИ ҶОҒАР

ҒАДУДИ ҶОҒАР

thymusҒАДУДИ ҶОҒАР (Thymus), ғадуди душоха, тимус, ғадудест, ки дар қисми болои миёндевори пеш ҷойгир буда, ташаккул ва фаъолияти силсилаи иммунитетро танзим мекунад.
Андозаи ҳиссаҳои рост ва чапи Ғ.ҷ. гуногун мебошад; баъзан дар байни онҳо ҳиссаи изофӣ низ ба мушоҳида мерасад. Ғ. ҷ. узви паренхимавӣ аст; аз ғилофак тавораҳо руста, паренхимаи Ғ. ҷ.-ро ба ҳиссачаҳои андозаашон гуногун тақсим мекунанд. Ҳар як ҳиссачаи Ғ. ҷ. аз моддаҳои мағзӣ ва қишрӣ иборат аст. Моддаи қишрӣ шабакаеро мемонад, ки аз ҳуҷайраҳои ситорашакли эпителӣ таркиб ёфтаанд; дар ҳалқаҳои шабаки мазкур лимфоситҳо (тимоситҳо) мавҷуданд, ки ба лимфоситҳои хурди хун шабоҳат доранд. Зичии тимоситҳо дар моддаи мағзӣ нисбат ба моддаи қишрии Ғ. ҷ. кам аст.
Ғ.ҷ.-ро артерияҳои сершуморе, ки аз артерияи дохилии сина ва артерияи сипаршакли поёнӣ ибтидо мегиранд, бо хун таъмин менамоянд. Венаҳои Ғ.ҷ. ба венаҳои китфусар ва венаи дохилии сина мепайванданд.
Ғ.ҷ. дар кӯдак дар моҳи дуюми ҳомилагӣ ташаккул меёбад. Он дар ҷанини семоҳа аллакай аз ҳиссачаҳо иборат буда, сохтори моддаҳои қишрӣ ва мағзии он хуб мушоҳида мешавад. Дар кӯдакони навзод вазни Ғ.ҷ. аз 7,7 то 34 г мебошад. Аз 1 то 3-солагӣ вазни Ғ.ҷ. афзуда, аз 3 то 20-солагӣ якмаром мемонад; дар одамони калон ва пирсолон вазни Ғ.ҷ. ба ҳисоби миёна 15 г аст.
Вазифаи асосии Ғ.ҷ. танзими тафриқа (дифференсировка)-и лимфоситҳо мебошад. Дар Ғ.ҷ. ҳуҷайраҳои бунёдии хунофар ба Т – лимфоситҳо табдил меёбанд (ниг. Иммунитет). Ғ. ҷ. нафақат дар танзими иммунитети ҳуҷайравӣ, балки дар танзими иммунитети гуморавӣ (ҳосил шудани подтанҳо) низ ширкат меварзад; дар он омили хилтӣ (гуморавӣ) ташаккул меёбад. Бо роҳи таҷриба дур сохтани Ғ. ҷ. боиси якбора аз рушду инкишоф мондани организм, ихтилоли силсилаи иммунитет ва фавти ҷонварони санҷишӣ мегардад.
Барои тадқиқи Ғ. ҷ аз усулҳои рентгенологӣ, иммунологӣ ва ситологӣ истифода мекунанд. Ғ. ҷ. гирифтори бемориҳои гуногун мешавад.
КЛ
Ғадуди ҷоғар (тимус), тарзи ҷойгирии он дар сандуқи сина (намуд аз пеш): 1 – ҳиссаҳои рост ва чапи ғадуди ҷоғар; 2 – артерия ва венаи дохилии сандуқи сина; 3 – перикард; 4 – шуши чап; 5 – венаи китфусарии чап.

С. Ҷ. Қосимова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …