Главная / Ҷамъият / ҚАРОРИ БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2017-2021

ҚАРОРИ БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2017-2021

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  БАРОИ СОЛҲОИ 2017-2021

futbol

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
  2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 муқаррар карда шавад.
  3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошудаи буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2017, № 261

ш. Душанбе

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …