Главная / Гуногун / ФОҶИА – Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дузд

ФОҶИА – Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дузд

Дохили хона нишаста доду фарёди бачаҳову калонсолон ба гўшам расид. Кунҷковиям боло гирифту ба пешайвон баромадам. Офтоби оламоро нурпошӣ дошт. Дар поён гурўҳи одамон аз ҷой наҷунбида ба як нуқта менигаристанд. Гурбаи сиёҳи фарбеҳи дуздро дидам. Қадре болотар як ҷуфт майна худро чун шоҳин фиғонашон ба осмон печида, сўи гурбаи дузд меандохтанд. Гурба ин ҳангом бо пои ақибаш рост меистод ва ҳамлаи ҷонвараконро гардониданӣ мешуд.

ptichki-i-koshkaМайнаҳо расам-нарасам худро боз ақиб мегирифтанд. Чунин ҷуръат се маротиба такрор ёфт. Ба ҳайрат омадам. Сипас, сўи гурба бо диққат нигоҳ афкандам. Зоҳиран, фикри гурехтан ба сараш намеомад. Зери пои пешаш чўҷаи нав аз тухм баромадаи ҷуфти майна мехобид. Ҳар гаҳ, ки гурба онро ба даҳон мегирифт, майнаҳо тирвор худро ба сари гурба мезаданд.

Мардум, чӣ тифлакон, чӣ падару модарашон саргарми тамошо. Интизор буданд, ки талоши гурбаи дузд ва ҷонкании як ҷуфт майна бо чӣ меанҷомад. Писарчае механдид. Духтарчае гиря мекард. Ҳарду ба ҳоли зори майнаҳову чўҷаашон. Чўҷаи навзод аз бардору зани гурба акнун мурда буд. Ҷуфти майна боз як дафъа ҳуҷум оварданд. Гурба рисқи ба даҳон гирифтаашро раҳо кардан намехосту майнаҳо ба тақдири худу чўҷаашон тан доданӣ набуданд. Гурба пайташро поида чўҷаро газида гурехт. Майнаҳо ба замин бархўрданд. Ва боз ба боло париданд. Одамон аз ҷой наҷунбида тамошо доштанд. Ман ҳамчунин. Фақат писарчаю духтарча истисно буданд. Яке механдиду дигаре мегирист. Аз дилу ҷигари ҷуфти майна дуд мебаромад…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …