Главная / Биология / Флора ва пушиши наботот

Флора ва пушиши наботот

Дар минтақахои гуногуни рӯи Замин растаниҳои ба авлоду оилаҳои гуногун тааллукдошта мерӯянд ва онҳо ҷамоаҳои гуногуни набототро ба вуҷуд меоранд. Ҳамаи намудҳои растаниҳое, ки дар ноҳияҳои муайян (вилоят, ҷумхурӣ, мамлакат ва ғайраҳо) мерӯянд, флораи он ноҳияро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи намудҳои растаниҳои дар ин ё он қаламрав рӯяндаро флора меноманд. Масалан. флораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, флораи водии дарёи Варзоб, флораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо.

flora-tj

Ба таркиби флора растаниҳои ба авлод ва оилаҳои гуногун мансуббуда, ки дорои хосиятҳои ҳархелаи экологӣ, пайдоиш ва паҳншавии ҷуғрофӣ мебошанд, дохил мешаванд. Дар равиши ташаккулёбии флора протсесҳои (равандҳои) гуногуну мураккаби биологӣ ба амал меоянд. Чунончи, пайдошавии намудҳои нав ва аз байн рафтани намудҳои қадима, иваз шудани таркиби таснифотии растаниҳо дар натиҷаи кӯчиши (муҳоҷирати) намудҳо ба самтҳои гуногун ва ғайра. Набототи флораҳо дар ҳампайвастагӣ бо таъсири омилҳои иқлимӣ ташаккул ёфтаанд. Ҳамин тавр, флора зуҳуроти мураккаби экологӣ ва таърихӣ мебошад.

Флораи қаламравҳои (марзҳои) гуногун аз рӯи миқдори намудҳои ба онҳо мансуббуда аз якдигар фарқ мекунанд. Пеш аз ҳама, ин ҳолат ба масоҳати қаламрави муайян вобаста аст. Чун қоида ҳар қадаре, ки масоҳати қаламрав бузург бошад, ҳамон қадар намудҳои он зиёд аст. Чунончи, флораи водии дарёи Варзоб 1455 намуди растаниҳои дараҷаи олии спораовар ва гулдорро дарбар гирад, флораи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4513 намуд, флораи Ҷумҳурии Қазоқистон – 4759 намуди растаниҳоро дарбар мегирад.

Инчунин, сершумор (бой) будани флора ба дигар омилхои муҳит, аз қабили гуногунии иқлим, релеф, ҷойгирии маҳалҳои гуногуни ҷуғрофӣ, таркиби хоки худуди қаламрав зич вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки шароити муҳит гуногун бошад, ҳамон андоза имконияти мавҷудият ва пайдошавии намудҳои ҳархелаи растаниҳо низ меафзояд. Флора низ бой мегардад. Хусусан, флораи системаи қаторкӯҳҳо вобаста ба баландиашон бағоят бойанд. Зеро шароитҳои иқлимӣ ва дигар омилхои табиӣ вобаста ба баландӣ аз сатҳи баҳр ва ба самтҳои гуногун моил будани теғакӯҳҳо, нишебию ҷариҳо тағйирёбанда мешаванд. Шакл ва хелҳои хок низ дар шароити кӯҳсор бисёр ивазшаванда аст. Масалан, чи тавре ки аз ин пеш қайд кардем, дар ҷумҳуриамон 4513 намуди растаниҳо вомехӯрад, ҳол он ки дар Ҷумҳурии Туркманистон ҳамагӣ 2200 намуди растаниҳо месабзанд. Агарчанде, Ҷумҳурии Туркманистон аз рӯи масоҳати ҷуғрофиаш се маротиба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон калонтар аст.

Бой будани флора метавонад ба сабабҳои таърихӣ низ вобастагӣ дошта бошад. Флораи нисбатан кадимае, ки синну солаш ба якчанд миллион сол мерасад, чун қоида намудҳои хеле зиёд дорад. Чунин флора дар баъзе маҳалҳо вуҷуд дорад, вале дар дигар ноҳияҳою вилоятҳо бар асари таъсири хунукшавии иқлим, яхбандиҳо ва дигар омилҳо намудҳои қадимаи наботот кайҳо нобуд шудаанд. Чунин флораи нисбатан қадимаро, масалан, мо дар шароити Шарқи Дур ва ё дар ғарби Закавказия мебинем. Флораи нисбатан чавоне, ки дар давраҳои наздик ташаккул ёфтааст, аз намудҳои растаниҳо хеле камбағал мебошад.

Маҷмӯи ҷамоаи наботот — ин пӯшиши наботот ё набототи ин ва ё он маҳал аст.

Растаниҳо ва ҷамоаи наботот дар шароити муайяни муҳити атроф сабзида, инкишоф меёбанд.

Паҳншавии пӯшиши наботот дар сайёраи мо ба шароити иқлим
алоқаманд мебошад. Баробари тағйирёбии иқлим аз самти шимол ба ҷануб пӯшиши наботот низ тағйир меёбад. Бар замми ии, минтақаҳои гуногуни наботот возеҳ гардида, тарҳи муайянро ба худ мегиранд.

  1. Флора чист?
  2. Сермикдор (бой) будани флора ба кадом омилҳо вобастагӣ дорад?
  3. Чаро флораи минтақаҳои кӯҳсорзамин хеле бой аст?
  4. Флораи Тоҷикистон чӣ қадар намудҳоро дарбар мегирад?
  5. Паҳншавии пӯшиши наботот дар сайёраамон ба кадом омилҳо вобаста аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …