Главная / Маданият ва санъат / ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ҶОЙҲОИ ТАЪКИДШУДА

ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ҶОЙҲОИ ТАЪКИДШУДА

ДАР БАЁНИ ҶОЙҲОЕ, КИ ФИРИСТОДАНИ ДУРУД ДАР ОН ҶОЙҲО ТАЪКИДИ БЕШТАР ЁФТААСТ

Муъминонро чун ту худ фармудаӣ «саллу алайҳ»,

Бандаро ҷофи амоне нест чун «илло ладайҳ».

Сад дуруду сад дуову сад салом аз мо алаиҳ»

Бод доим ин дуруде, ки фиристодам илайҳ,

То ки дар ҷунбиш бувад моҳи дарахтон аз сабо.

Абдулҳайи Муҷахарфӣ

Аввал. Дар намоз хондан баъд аз ташаҳҳуд дар қаъдаи охир ва ба мазҳаби Имом Шофеӣ (paҳ) дар қаъдаи аввал фарз аст ва баъд аз қаъдаи охир воҷиб.[1]

Дуввум. Дар ҳини дуо, чӣ Пайғамбар (с) фармудааст, ки: «Дуо маҳҷуб аст аз баромадани ба осмон, модоме ки бар ман салавот фиристанд, он гоҳ дуо ҳам роҳи салавот аз осмон даргузашта, ба мавқифи иҷобат бирасад». Аз амира-л-муъминин Умар (раз) ривоят шудааст, ки гуфт: «Намоз ва дуо миёни осмону замин муаллақ аст, то он вақт ки салавот бар Пайғамбар (с) фиристода шавад». Бояд ки ҳангоми оғозу анҷоми дуо дуруд гуфта шавад, ки дуо мустаҷоб хоҳад шуд, иншоаллоҳ.[2]

Саввум. Дар вақти дохил шудан ва баромадан аз масҷид.[3]

Чаҳорум. Дар вақти фориғ шудани муаззин аз азон, чунки Расули акрам (с) тарғиб додаанд барои он ва он чунин аст, ки ҳар чӣ муаззин гӯяд, онро бигӯяд, магар дар вақти «Ҳайя ала-с-салот», «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-Алиййи-л-Азим» ва дар вақти «Ҳайя ала-л-фалоҳ», «Мо шоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун» гӯяд. Вақте ки фориғ шуд, дуруд гӯяд ба Набии Карим (с) дуруде, ки дар намоз хонда мешавад ва баъд аз дуруд ин дуоро бихонад:

Аллоҳумма Рабба ҳозиҳи-д-даъвати-т-томмати ва-с-салоти-л-қоимати оти Муҳаммадани-л-василата ва-л-фазилата ва-д-дараҷата-р-рафиъата ва-бъасҳу мақома-м-махмудани-л-лазӣ ваъадтаҳу ва-рзуқно шафоатаҳу явма-л-қиёмати иннака ло тухлифу-л-миод.

Ҳар кас инчунин кунад, воҷиб мешавад барои он кас шафоати он Ҳазрат (с).[4]

Панҷум. Дар вақти шунидани номи он Ҳазрат (с), чунончӣ баён шуд.[5]

Шашум. Дар вақти навиштани номи он Ҳазрат (с), бояд ки пас аз навиштани исми мубораки Расули акрам (с) ибораи «саллаллоҳу алайҳи ва саллам» ва ё «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам»-ро нависад, ки тамоми муҳаддисини киром ва солиҳини гузашта инро навиштаанд ва дар ҳадисҳояшон ривоят мекунанд аз асҳоби киром (раз). Абӯҳурайра (раз) ривоят мекунад, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармуданд, ки: “Ҳар кӣ як бор салавот дар китобат бар ман нависад, фариштагон бар вай истиғфор мекунанд, то он салавот дар он китоб сабт бошад». Ва он чӣ ихтиёри уламост, он аст, ки ҳам салавот ва ҳам салом сабт созанд ва макрӯҳ аст, ки ба яке қаноат кунанд. Ва ривоят аст, ки ба рамз нанависанд, балки сареҳ «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам» нависанд ва ё «алайҳи-с-салавоту ва-с-салом» нависад, ё «салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳ».[6]

Ҳафтум. Дар шабу рӯзи ҷумъа. Ҳазрати Рисолат (с) фармудаанд: “Ҳар кӣ дар ин шабу рӯз (яъне, ҷумъа) ҳаштод бор бар ман салавот фиристад, ҳаштодсола гуноҳони ӯ омурзида шавад». Ва баъзе ба ин салавот махсус кардаанд, ки:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин абдика ва набиййика ва расулика-н-набиййи-л-уммиййи ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллим.

Ва низ Ҳазрати Рисолат (с) фармудаанд, ки: “Ҳар ки дар рӯзи ҷумъа сад бор бар ман салавот фиристад, Ҳақ таоло дусадсола гуноҳони ӯро биёмурзад. Ва ҳар кӣ дар рӯзи ҷумъа ҳазор бор салавот бар ман фиристад, намирад, то ҷойи худро дар биҳишт набинад».[7]

Ва дар ҳадиси дигар омада, ки Ҳазрати Рисолат (с) фармуд: “Ҳар кӣ рӯзи ҷумъа сад бор салавот бар ман фиристад, рӯзи қиёмат биёяд ва бо ӯ нуре бошад, ки агар бар ҳамаи халоиқ қисмат кунанд, ҳамаро фаро расад».[8]

Ва дар ҳадиси дигар Анас ибни Молик (раз) ривоят мекунад аз Ҳазрати Рисолат (с), ки фармуд: “Ҳар кӣ шаби ҷумъа ҳаштод бор салавот бар ман фиристад, биёмурзад Ҳақ таоло ҳаштсадсола гуноҳони гузаштаву ояндаи ӯро».[9]

Ҳаштум. Дар вақти мусофаҳа[10] ки сабаби мағфирати гуноҳон аст.[11]

Нуҳум. Дар моҳи мубораки шаъбон, ки бар он Ҳазрат (с) ҳар кӣ як навбат салавот фиристад, баробарӣ мекунад бо даҳ навбат салавот дар моҳҳои дигар.[12]

Даҳум. Дар вақти шуруъ намудани хутбаҳои ҷумъа ва идҳо, аввал ҳамду сано гуфтан барои Худованди мутаол ва баъд аз он дуруд фиристодан барои Расули акрам (с).[13]

Ёздаҳум. Ҳангоми бӯидани гулҳо. [14]

Дувоздаҳум. Чун ёди гуноҳони худ кунад ва аз иртикоби маосӣ пушаймон гардад, дарҳол калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммада-р-расулуллоҳ»-ро бар забон ронад ва аз паси он салавот бар рӯҳи пурфутуҳи Муҳаммади Мустафо (с) фиристад, то он гуноҳон аз баракати калимаи тайиба ва дуруди он Ҳазрати Рисолат (с) мағфур гардад. Чунончӣ амира-л-муъминин Абӯбакри Сиддиқ (раз) гуфт, ки: «Салавот фиристодан бар Ҳазрати Рисолат (с) маҳвкунандатар аст гуноҳонро аз маҳв карданӣ об мар сиёҳиро аз лавҳ». Пас, бинобар ин муқаддамот ҳеҷ муомилае бандаро беҳтар аз мутобиати Ҳазрати Рисолатпаноҳӣ (с) ва муҳаббати ӯ нест. Ва чун он Ҳазрат (с) шабу рӯз дар андешаи аҳвол ва фикри марҷау маоли мо буд, авло он, ки мо низ ба васфи камол ва нуути ҷалоли ӯ пардозем.[15]

Сад ҳазорон ҳазор туҳфаи таҳийёт ва гулдастаи салавот нисори Ҳазрати олиҷаноб (с) – он навбодаи бустони саодат ва аъҷубаи олами ғайб ва шаҳодат бод, ки манбаи ахлоқи Илоҳӣ ва махзани асрори номутаноҳӣ зоти комилсифоти ӯ бувад.

Аллома Саховӣ (paҳ) дар «Қавли бадеъ» боби мустақиле дар бораи дурудҳое навиштааст, ки дар вақтҳои хос хонда мешавад ва дар он ин мавозеъро шумурдааст:

Ҳангоми фориғ шудан аз вузӯ, таяммум, ғусли ҷанобат ва ғусли ҳайз. Баъд аз намоз, вақти шуруъи намоз, баъд аз намози субҳу шом. Баъд аз аттаҳийёт. Ҳангоми бедор шудан барои намози таҳаҷҷуд. Ҳангоми гузар аз масоҷид ва дидани онҳо. Вақти ворид шудан дар масҷид ва хориҷ шудан аз он. Рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе ва панҷшанбе. Дар хутбаҳои ҷумъаву идайн. Дар хутбаҳои намози истисқо. Намози кусуф ва хусуф ва дар намози ҷаноза. Ҳангоми гузоштани майит дар қабр. Дар моҳи шаъбон. Ҳангоми мушоҳидаи хонаи Каъба ва ҳангоми рафтан ба Сафову Марва дар ҳаҷ. Ва ҳангоми фориғ шудан аз лаббайка. Ҳангоми бусидани ҳаҷару-л-асвад. Шомгоҳи  рӯзи арафа. Дар масҷиди Мино. Ҳангоми дидани Мадинаи мунаввара. Ҳангоми зиёрати равзаи мутаҳҳари Ҳазрати Расули акрам (с). Ҳангоми видоъ аз он ҷо. Ҳангоми гузар аз осори гиромӣ ва гузаргоҳҳо ва қиёмгоҳҳои он Ҳазрат (с) монанди гузар аз Бадр ва ғайра. Вақти тиҷорат ва навиштани васият. Дар хутбаи никоҳ. Дар аввалу охири рӯз. Ҳангоми хобидан. Вақти харакат барои сафар. Вақти савор шудан бар маркаб ва саворӣ. Ҳангоми бехобӣ. Вақти рафтан ба бозор. Вақти рафтан ба меҳмонӣ. Вақти ворид шудан ба хона. Вақти навиштан ва оғози ҷузва ва ё китоб. Ҳангоми ғаму изтироб. Дар сахтиҳо. Дар ҳоли фақр. Ҳангоми вуҷуди хатари ғарқ шудан. Дар замони беморӣ. Дар аввалу охир ва дар миёнаи дуо. Ҳангоми садо додани гӯш. Ҳангоми хоб рафтани пойҳо. Вақти фаромӯш кардани ҷойи чизе, ки гузошта шудааст. Вақти хоб ба назар расидани чизе. Вақти таом хӯрдан. Вақти тавба аз гуноҳ. Ҳангоми пайдо шудани мушкилот ва ниёзҳо. Дар ҳар ҳол. Замоне, ки ба касе туҳмат зада шуда буданд ва ӯ аз он пок аст. Ҳангоми мулоқот бо дӯстон. Ҳангоми ҷамъ шудан дар маҷлис ва рафтан аз он. Вақти хатми Қуръон ва ҳангоми дуои он. Ҳангоми бархостан аз ҷаласа. Дар ҳар ҷое, ки барои зикри Худо ҷамъе гирд оянд. Дар оғози ҳар сухан. Ҳангоми зикр ва ёди номи мубораки Расулуллоҳ (с). Ҳангоми дарс додан. Вақти хондани ҳадис ва оғозу анҷоми он. Вақти суханронӣ ва фатво додан. Ва ҳангоме ки номи мубораки он Ҳазрат (с) навишта мешавад.[16]

[1] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват», Саҳ. 132.

[2] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[3] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[4] «Нидооту-р-Раҳмон ли аҳли-л-имон». Саҳ. 247.

[5] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[6] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[7] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[8] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[9] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[10] Мусофаҳа – бо даст вохӯрӣ кардан.

[11] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[12] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[13] «Нидооту-р-Раҳмон ли аҳли-л-имон». Саҳ. 247.

[14] «Анису-л-воизин». Саҳ. 245.

[15]«Маориҷу-и-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 132.

[16] «Фазоилу-л-аъмол». Саҳ. 541-542.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …