Главная / Гуногун / Филми ҳиндӣ

Филми ҳиндӣ

Чунон ки гуфтам, вақте маро ба шуъбаи забони урду гузаронданд, дар бораи ин забон ҳеч тасаввуре надо- штам, гарчанде ки дар Тоҷикистон он замон филмҳои ҳиндӣ хеле машҳур буданд. Филмҳои «Овора», «Боббӣ», «Ҷиммӣ», «Раққоси диско» ва ғайра ҳафтаҳо хонаҳои синаморо аз тамошобин пур мекарданд. Ёд дорам аввалин хархашаи хунин барои билети филми ҳиндӣ дар кинотеатри «Тоҷикистон» ба марг анҷомида, вокунишҳои зиёд ба бор оварда буд.

1461868997_5-pyanicaЗабонҳои урду ва ҳиндӣ ба ду хат – арабӣ ва деванагрӣ навишта шаванд ҳам, қаблан як забон будаанд, вале дар асоси каш- макашҳои сиёсию мазҳабӣ тафовутҳои хурде пайдо кардаанд. Ихтилофҳои бар асари моҷарои тақсимоти пурқурбонии соли 1947 ба вуҷудомада сабабгор шуд, ки урду бештар ба истифо- даи вожаҳои форсӣ ва ҳиндӣ ба истифодаи вожаҳои санскрит тамоюл пайдо кунад. Вале ин тафовут бештар дар навиштор вуҷуд дорад, дар гуфтор ҳарду як забонанд. Сарфу наҳви ҳарду забон ҳам якест, ки ин фарқи луғавиро боз ҳам камрангтар мегардонад.

Вақте ин ҳақиқат, ки забони ҳиндиро хоҳам донист, ба ман ошкор шуд, як дараҷа қаноатманд шудам, зеро филмҳои ҳин- диро, ки гоҳ-гоҳ синамои сайёр дар Панҷрӯд ба намоиш мегу- зошт, хеле дӯст медоштам. Махсусан, сурудҳои ин филмҳо хеле гӯшнавозу ҷолиб буданд.

Омӯхтани забони урду аз сабаби он, ки вожаҳои зиёди фор- сӣ дошт, бароям мушкилие надошт. Фанҳои дигарро ҳам ба осонӣ ҳазм мекардам, бахусус, ки барномаи донишгоҳ хеле сода буд ва дар асл ба мо ҳамон чизҳоеро омӯзиш медоданд, ки пояашро дар мактаби миёна гузашта будем. Аҳёнан баҳои чор доштам, саъй мекардам ҳама баҳоҳоям панҷ бошанд, зеро ин имкон медод, ки идрорпулии боло гирам.

Як имтиёзи асосии хондан дар факултаи шарқшиносӣ ин буд, ки донишҷӯёнро ба кишварҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва кор мефиристоданд. Дар замони шӯравӣ сафар ба хориҷа ба кам касе муяссар мешуд. Чи тавре ки зикраш рафт, факултаи шарқшиносӣ хеле маъруф буд ва писарони нухбагону амалдо- рони зиёд дар ин ҷо таҳсил мекарданд. Ҳар сол ба Ҳинд барои таҷрибаомӯзӣ ду нафар донишҷӯи соли чорум – як нафар аз гурӯҳи ҳиндӣ ва як нафар аз гурӯҳи урду бо яке аз устодон фиристода мешуданд.

Дар оғози соли севуми хониш ман имкони ба хориҷа барои таҷрибаомӯзӣ рафтани худамро баркашида дидам ва он ба на- зарам хеле ночиз намуд. Ягона афзалияти ман ҳамон баҳоҳоям буданд, ки воқеан касе бо онҳо рақобат карда наметавонист. Вале як фармоиш аз боло метавонист тамоми бартариеро, ки ман нисбат ба дигар ҳамкурсон доштам, ба сифр баробар ку- над. Агар ҳамин имтиёзи хориҷаравӣ набошад, хатмкардагони гурӯҳи забони урду аз рӯи ихтисос кор ёфта наметавонистанд. Дар ҳолати ба хориҷа барои таҷрибаомӯзӣ рафтан имкони ба кори дипломатӣ дохил шудан бештар мешуд. Вазорати хориҷа ва сафоратҳои кишварҳо ҳама дар Маскав буданд. Вагарна, ягона гузина барои хатмкунандагони ин шуъба, тағйир ва такмили ихтисос ба омӯзгории забону адаби тоҷик буд, ки ман аслан худамро дар ин пеша ҳатто тасаввур карда наметавонистам.

Устоди забони урдуи мо муаллима Собирниёзова буданд. Рӯзе аз муаллима пурсидам:

– Муаллима, ҳамин саъю кӯшиши мо барабас нест?

  • Яъне чӣ? – ҷавоб баргардонд муаллима ҷилои айнаки зе- бояшро сӯям тофта.

Тавзеҳ додам. Муаллима дар бораи фоидаи маълумоти олӣ гузорише доду гуфт:

  • Ғайр аз ин таҷрибаомӯзӣ меравед.

Ман бо истеҳзо гуфтам:

  • Бале, ҳатман яке аз мо меравад.
  • Шумо меравед, имкони рафтани Шумо аз дигарон бештар аст, – ғайриихтиёр гуфт муаллима. Ӯ намедонист, ки ба чунин касе мисли ман набояд чизеро ваъда кард, зеро баъд фақат бо иҷро кардани он мешавад аз ман халос шуд. Ростӣ, ман ҳам намедонистам, ки ӯ чӣ ғайрате дорад.
  • Мебинем, – гуфтам ман ва дарс идома ёфт.

Миёнаҳои соли чоруми таҳсил байни донишҷӯён миш-миш сар шуд, ки аз Маскав саҳмияи донишгоҳ барои фиристодани донишҷӯён ба хориҷа содир шудааст ва ду нафар бояд ба Ҳинд мерафтаанд ва исм ҳам мебурданд, ки фалониву фалонӣ ном- навис шудаанд.

Вақте муаллима ба дарси навбатӣ омад, ман гуфтам:

  • Муаллима, Шумо нагуфта будед, ки имкони ба таҷриба- омӯзӣ рафтани ман бештар аст?
  • Бале, – оромона ҷавоб дод ӯ.
  • Пас, чаро исми дигарон номнавис шудааст? – пурсидам ман бо эътироз.
  • Кӣ? Киро номнавис кардааст? – бо шубҳа пурсид ӯ.
  • Аз кафедра пурсед, – ҷавоб додам ман. Ҳама ҳамкурсон хомӯш буданд.
  • Ғайр аз шумо касе намеравад, Холиқов! Ба дарс халал на- расонед, – каме асабӣ шуд ӯ.

Баъд аз дарс вақте муаллима дар кафедра аз мудир мепур- саду маълум мешавад, ки саҳмия омадааст, хоҳиш мекунад, ки интихоб дар асоси баррасии баҳоҳои донишҷӯён сурат гирад, то ин ки ҳам адолат риоя шавад ва ҳам гапу калоча зиёд нашавад. Вақте муаллимаро бовар кунонданӣ мешаванд, ки фалонӣ аз соли гузашта нарафта монду шояд як нафар аз духтарон фири- стода шаваду ғайра, муаллима сароҳатан эълон мекунад, ки агар қоида вайрон шавад ва адолат риоя нашавад, ӯ ба шавҳараш арз мекунад. Шавҳараш сарҳанги КГБ, хадамоти бехатарии шӯравӣ будааст. Ин истидлоли муаллима чунон дандоншикан буд, ки роҳи маро то Деҳлӣ софу ҳамвор кард, худо аҷдоди муаллимаи азиз ва он сарҳангро биёмурзад.

Қисмат чӣ бозиҳое дорад, мане, ки аслан намедонистам, дар дунё забоне бо номи урду вуҷуд дорад ва аслан ба факултаи филологияи тоҷик ҳуҷҷат супурда будам, инак аз байни 16 дов- талабе, ки шояд ба сад умед ба ин шуъба дохил шуда буданд, ба хориҷа равон мешудам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …