Амалиёте, ки системаи оператсионии MS DOS иҷро менамояд, пеш аз ҳама аз информатсияи дар файлҳои Config.sys ва Autoexec.ӣat сабтшуда вобаста мебошанд. Ин файлҳо бояд дар каталоги асосии диски системавӣ ҷойгир карда шаванд. Дар ибтидои раванди кори компютер аввал командаҳои файли Config.sys иҷро карда мешаванд.
Файли Config.sys аз пайдарпайии командаҳои махсус иборат аст, ки ҳар кадоми он ягон амалиёти муайянеро иҷро менамояд. Дар ин файл одатан командаҳои характери хизматрасондоштаро ҷойгир мекунанд.
Русигардонии клавиатура ва экран. Дар MS DOS имконияти ҳарфҳои русиро бевосита аз клавиатура дохил кардан ва онҳоро дар экран нишон додан вуҷуд надорад. Барои пайдо намудани имконияти дохилкунии ҳарфҳои алифбои русӣ дар файли Config.sys командаи зеринро дохил кардан лозим аст:
Device=c:\dos\display.sys con=(ega,,1)
Команда ҳангоме амалӣ мегардад, ки дар диски системавӣ каталоги DOS вуҷуд дошта бошад ва дар он драйвери Display.sys сабт карда шуда бошад. Ба ғайр аз ин, дар файли Autoexec.ӣat бояд сатрҳои зерин ҷойгир карда шуда бошанд:
Mode con codepage pқepaқe=((966)
C:\dos\ega3.cpi)
Keybru,, C:\dos\keyrd2.sys
Истифодабарии стандартҳои миллӣ. Одатан, дар давлатҳои гуногун вақт, таърихи рўз ва пул ишоратҳои ба худ хосро доранд. Масалан, таърихи рўз дар ИМА дар намуди mm/dd/yy навишта мешавад, ки mm – рақами моҳ, dd – рақами рўзи моҳ ва yy – ду рақами охирини солро ифода мекунанд. Дар Англия ва Фаронса ишораткунии таърихи рўз дар шакли dd/mm/yy буда, дар Германия ва Италия бошад, он намуди dd.mm.yy-ро дорад. Стандарти байналмиллалии ANSI талаб менамояд, ки таърихи рўз дар наму-
ди yy.mm.dd навишта шавад.
Бо мақсади риоя намудани стандартҳои миллӣ дар файли Config.sys командаи зерин ҷойгир карда мешавад:
countқy=<коди давлат><коди саҳифаи рамзҳои давлат>, C:\Dos\Countқy.sys
Барои иҷро шудани ин команда бояд дар каталоги DOS файли Countқy.sys маҳфуз бошад. Мувофиқи стандартҳои миллӣ ба ҳар як давлат коди муайян ва рақами саҳифаи рамзҳои он мувофиқ гузошта шудааст. Масалан, коди давлати Россия 007 ва рақами саҳифаи рамзҳои он 866 мебошад.
Барои дар компютер ҷорӣ шудани стандарти Россия, команда бояд дар чунин намуд дода шуда бошад:
Country=007,866 C:\Dos\Countқy.sys Пас аз дар компютер ҷорӣ шудани стандарти Россия дар номи файлҳо ҳарфҳои русиро низ истифода бурдан мумкин аст.
Истифодабарии хотираҳои «болоӣ» ва «васеъкардашуда».
Агар хотираи фаврии компютерҳои IBM PC ба як мегабайт баробар бошад, он гоҳ 640 килобайти онро системаи MS DOS ва дигар программаҳо истифода мебаранд. Аз 640 Кбайт сар карда то як Мбайти ҳаҷми хотираи фаврии компютерро, хотираи «болоӣ» мегўянд. Одатан, программаҳои системаи MS DOS дар қисми якуми хотираи асосӣ ҷой гирифта, файлҳои он як қисми муайяни ин хотираро банд менамоянд.
Агар системаи MS DOS ба хотираи «болоӣ» кўчонида шавад, он гоҳ қисми аввали холигаштаи хотираи фавриро барои ҷойгиркунии программаҳои амалӣ истифода бурдан
мумкин аст.
Имконияти кўчонидани системаи MS DOS ба хотираи «болоӣ» низ мавҷуд аст. Барои ин бояд дар файли Config.sys сатрҳои зерин ҷойгир карда шаванд:
Device=C:\Dos\Himem.sys
Dos=High
Дар ин маврид фарз карда мешавад, ки дар каталоги DOS драйвери Himem.sys вуҷуд дорад. Онро диспетчери хотира низ меноманд.
Агар микропротсессори компютер Intel 80386 ё микропротсессори тавоноиаш аз ин ҳам зиёдтар бошад, он гоҳ дар хотираи «болоӣ» ба ғайр аз MS DOS боз драйверҳо ва программаҳои резидентиро низ ҷойгир намудан мумкин аст. Барои амалӣ гаштани ин мақсад дар файли Config.sys бояд сатрҳои зерин ҷойгир карда шаванд:
Device=C:\Dos\Himem.sys
Device=C:\Dos\EMM386.exe NOEMS
Dos=High, UMӢ
Файли Autoexec.ӣat аз пайдарпайии командаҳои системаи MS DOS иборат мебошад. Дар раванди иҷрои ин файл, командаҳои дар он ҷойдошта пай дар пай ба таври автоматӣ амалӣ мегарданд. Одатан, дар файли Autoexec.ӣat командаҳои зерин ҷойгир карда мешаванд:
Командаҳои бакоромодасозандаи программаҳои резидентӣ ва программаҳое, ки иҷрои онҳо ҳар дафъа зарур аст.
Командаи Path – муайянкунии рўйхати он каталогҳое, ки аз онҳо программаҳои иҷрошаванда кофтуков карда мешаванд.
Тарзи сохтани файли Autoexec.ӣat – ро дар мисолҳо дида мебароем.
МИСОЛИ 1:
Файлҳои қабати программавии Norton Commanderодатан дар каталоги Nc ҷойгир карда мешаванд. Файли асосии он Nc.exe
мебошад, ки он ин программаро ба кор медарорад. Агар зарур бошад, ки ҳар дафъа пас аз омодаи кор гаштани системаи Ms
Dos программаи резидентии Norton Commander ба таври автоматӣ ба кор дарояд, он гоҳ дар файли Autoexec.ӣat бояд сатрҳои зерин ба қайд гирифта шуда бошанд:
Eho off
Path С:\NC
Nc
МИСОЛИ 2:
Талаб карда шудааст, ки пас аз ба кор даромадани системаи Ms Dos клавиатура ва экран русӣ гардонида шуда, пас аз он программаи Norton Commanderба кор дароварда шавад. Фарз карда мешавад, ки файлҳои mode.com, keyӣ.com, keyӣқd2.sys, ega3.cpi дар каталоги Dos ҷойгир шудаанд.
Дар ин маврид файли Autoexec.ӣat бояд намуди зеринро дошта бошад:
Eho off
Path C:\NC
Mode con codepage prepare=((866) C:\Dos\ega3.cpi) Keybru,, C:\Dos\Keybrd2.sys
Nc Илова бар ин бояд дар файли Config.sys сатри зерин
ҷой дода шуда бошад:
Device=C:\DOS\display.sys Con=(ega,,1)
Пас аз иҷро шудани файли Autoexec.bat гузариш аз алифбои лотинӣ ба русӣ ва баръакс аз русӣ ба лотинӣ ба воситаи пахши якҷояи тугмаҳои зерини клавиатура амалӣ гардонида мешавад:
Alt ва Shift –и тарафи чапи клавиатура – гузариш ба алифбои лотинӣ.
Alt ва Shift –и тарафи рости клавиатура – гузариш ба алифбои русӣ.
Саволҳо:
- Функсияҳои асосии файлҳои Config.sys ва Autoexec.bat аз чӣ иборат аст?
- Чӣ тавр клавиатура ва экранро барои дохилкунии ҳарфҳои алифбои русӣ мувофиқ гардонидан мумкин аст?
- Стандартҳои миллиро бо ёрии кадом команда ба компютер ворид месозанд?
- Хотираҳои «болоӣ» ва «васеъкардашуда» гуфта чиро мефаҳмед?
Онҳоро чӣ тавр идора кардан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва командаҳои онро аз худ кунед.
- Матни зерини файли системавии Autoexec.bat-ро ба дафтаратон кўчонед ва командаҳои дар он истифодашударо шарҳ диҳед:
mode con codepage prepare=((866)
C:\WINDOWS\COMMAND\ega3.cpi) mode con codepage select=866
keybru,,C:\WINDOWS\COMMAND\keybrd3.sys
- Матни зерини файли системавии Сonfig.syst-ро ба дафтаратон кўчонед ва командаҳои дар он истифодашударо шарҳ диҳед:
DEVICE=C:\WINDOWS\setver.exe
device=C:\WINDOWS\COMMAND\display.sys con=(ega,,1)
Country=007,866,C:\WINDOWS\COMMAND\country.sys
- Матнҳои файлҳои болоиро бо матнҳои файлҳои компютери мактабиатон муқоиса кунед ва гўед, ки онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд.