Главная / Илм / Фазилати тавба (тоба намудан)

Фазилати тавба (тоба намудан)

Савол: Барои чӣ тавба (товба) мекунем ва чи фоида дорад?

Ҷаввоб: Тавба дар урф тарки гуноҳ аст ва тафсири он ба бозгаштани ба Худои субҳонаҳу ишорат аст. Ва он касе, ки бетавба асту иртикоби маосӣ мекунад, бандаест бигрехта аз Худованди худ чун тавба кард ва тарки гуноҳ карду бозгардид ба соҳиби худ. Аз ин ҷо гуфтаанд, ки ҳар кӣ ба сабаби тавба банда мегардад, ҳамчунон бошад, ки бандаи бигрехтаро ба соҳибаш рад карда бошад.

Ва дар тавба се чиз зарурист, ки бе он се чиз тавба вуҷуд нагирад. Яке аз онҳо тааллуқ ба мозӣ[1] дорад, дуввум тааллуқ ба ҳол дорад, саввум тааллуқ ба истиқбол[2] дорад. Он, ки тааллуқ ба мозӣ дорад, пушаймонист аз гуноҳи гузашта. Ва он, ки тааллуқ ба ҳол дорад, он аст, ки филҳол боз истода бошад. Ва он, ки тааллуқ ба истиқбол дорад, он аст, ки бад-ин азимат бошад, ки баъд аз ин ҳаргиз ба сари он гуноҳ наравад. Ва чун ин се чиз ба ҳосил омад, тавба дуруст шуда гуноҳ омурзида гардид. Ва агар боз ба сари он гуноҳ равад, агарчи тавба шикаста шавад, аммо ӯро аз гуноҳи пеш нахоҳанд пурсид.

tavba

Бишнав, ки шарти тавба се чиз аст: Пушаймонӣ ба дил ва узр ба забон ва ба тан боз истодан аз гуноҳ

Пас гуфт Амиралмуъминин Али (раз), ки: Тавба исмест, ки воқеъ мешавад бар шаш маънӣ, яъне шаш чиз мебояд то тавба дуруст ояд. Аввал мазаммат бар гуноҳони гузашта ва дигар қазои фароизи зоеъшуда ва дигар радди мазолим ва дигар гудохтани нафс бар тоат ҳамчунон, ки тарбият кардаӣ ӯро дар маъсият ва дигар чашонидани талхии тоат ҳамчунон, ки чашонидаӣ ӯро ширинии гуноҳ ва дигар гиря ба ҷои ханда кардан.

[1] Мозӣ – гузашта.

[2] Истиқбол — оянда.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …