Главная / Маданият ва санъат / Фазилати шаш рӯзи аввали моҳи шаввол

Фазилати шаш рӯзи аввали моҳи шаввол

Фазилати шаш рӯзи аввали моҳи шаввол

Расули акрам (с) фармуданд, ки касе баъд аз рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯзи аввали шаввол бевосита рӯза дорад, гӯё як соли мутассил рӯза дошта бошад. Як сол сесаду шаст рӯз бошад.

Касе си рӯзи моҳи Рамазон рӯза дошта бошад, гӯё сесад рӯз савоби рӯза доштанро ёфта бошад. Шаш рӯз аз мохи шаввол рӯза дошта бошад, шаст рӯз савоби рӯза доштанро ёбад. Аз рӯи ояи карима савоби яксола рӯзаро дар девони аъмоли ӯ нависанд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар ки баъд аз тамом доштани рӯзаи моҳи Рамазон шаш рӯз пай дар пай аз мохи Шаввол рӯза дорад, аз гуноҳ чунон пок гардад, ки гӯё аз модар нав таваллуд ёфта бошад.

Овардаанд, ки ҳар ки дар ашараи зулҳиҷҷа рӯза дорад, Аллоҳ таъоло даҳ чизро ба он банда ато кунад:

Аввал, дар умри ӯ баракат ато кунад.

Дувум, моли ӯро зиёда кунад.

Сеюм, аҳлу аёли ӯро аз офот ва балиёт нигоҳ дора           д.

Чаҳорум, он рӯзаро кафорати гуноҳони ӯ гардонад.

Панҷум, ҳасаноти ӯро музоаф гардонад.

Шашум, сакароти мавти ӯро осон кунад.

Ҳафтум, қабри ӯро равшан гардонад.

Ҳаштум, дар мизон ҳасаноти ӯро зиёда гардонад.

Нухум, аз оташи дӯзах халосӣ бахшад.

Дахум, дараҷаи ӯро дар биҳишт баланд гардонад.

Ашараи зулҳиҷҷа даҳ рӯзи пеш аз иди қурбонро гӯянд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки Аллоҳ таъоло тавбаи Одам  (а)-ро дар рӯзи аввали зулҳиҷҷа қабул кард.

Ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло ҷамиъи гуноҳони ӯро мағфират кунад. Рӯзи дувуми зулҳиҷҷа Аллоҳ таъоло дуъои Юнус (а)-ро қабул карда, аз шиками моҳӣ  ӯро халосӣ бахшид. Ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло 1 яксола ибодат дар номаи аъмоли он банда мактуб гардонад, ки дар он ибодат ҳеҷ гуноҳе набошад. Сеюми зулҳиҷҷа Аллоҳ1 таъоло дуъои Закариё (а)-ро мустаҷоб карда, Яҳё (а)-ро ато кард. Ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад Аллоҳ таъоло дуъои он1 бандаро қабул гардонад. Чаҳоруми зулҳиҷҷа Исо (а) таваллуд ёфта буд, ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло камбағалиро аз он банда дур гардонад. Панҷуми зулҳиҷҷа Мӯсо (а) таваллуд ёфта буд; ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад Аллоҳ таъоло ӯро аз бадбахтӣ нигоҳ дошта, аз азоби қабр нигоҳ дорад. Шашуми зулҳиҷҷа Аллоҳ таъоло Хайбарро бар дасти ман фатҳ гардонид, Хайбар номи як мавзеъест, ки Расули акрам (с) дар ҷанг ӯро шикаста гирифта буд. Ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад Аллоҳ таъоло ба назари раҳмат бар он банда назар кунад, баъд аз он ӯро азоб накунад. Ҳафтуми зулҳиҷҷа дарҳои дӯзахро банданд, то гузаштани ашараи зулҳиҷҷа кушода нашаванд. Ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло сӣ дар аз дарҳои сахтиро бар вай бандад ва сӣ дар аз дарҳои осониро бар вай кушода гардонад. Ҳаштуми зулҳиҷҷа явми тарвия аст; ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло аҷре ба он банда ато кунад, ки ғайр аз Аллоҳ таъоло касе ҳисоби ӯро надонад. Нуҳуми зулҳиҷҷа рӯзи арафа бошад; ҳар ки дар он рӯз рӯза дорад, Аллоҳ таъоло гуноҳи яксола гузашта ва яксола ояндаи ӯро авф гардонад. Даҳуми зулҳичча явми узҳияаст; ҳар ки дар он рӯз курбонӣ кунад, ба ҳар катраи хуни қурбонии он Аллоҳ таъоло гуноҳи ӯ ва гуноҳи аҳлу аёли ӯро мағфират кунад ва ҳар ки аз курбонии худ ба мусулмонон таом карда диҳад ё аз гӯшти курбонӣ садақа кунад, тарозӯи савоби ӯро аз кӯҳи уҳуд вазнин гардонад.

Ҳикоят. Овардаанд, ки Сафёни Саврӣ раҳматуллоҳу алайҳи ба вилояти Басра рафта буд. Шабе аз шабҳои ашараи зулҳиҷҷа ба гуристоне сайр мекард. Дид, ки аз як қабр нуре ба осмон мебарояд, дар андеша шуд, ки соҳиби ин қабр чӣ амал карда бошад. Аз он қабр овоз баромад, ки ё Сафён, ман аз рӯзадорони ашараи зулҳиҷҷа будам, Аллох, таъоло ба  сабаби он ин ҳама нур ба ман ато кардааст.

Расули акрам (с) фармуданд, ки шахсе бедор бошад ва ибодат кунад дар шаби аввали моҳи раҷаб, Аллоҳ таъоло пок гардонад ӯро аз гуноҳ мисли рӯзи таваллуд.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар касе аз уммати ман аз шабҳои моҳи раҷаб бист ракаат намозро ба даҳ салом хонад – дуракаатӣ дар ҳар ракаат баъд аз фотиҳа, яъне баъд аз алҳамд сураи ихлосро як бор хонад, Аллоҳ таъоло аҳлу байти ӯро аз балоҳои дунё ва азоби охират дар ҳифзу амони худ нигоҳ дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки рӯзи аввали моҳи раҷаб кафорати сесола гуноҳон аст. Рӯзи дувуми моҳи раҷаб кафорати дусола аст, рӯзи сеюми моҳи раҷаб кафорати яксола аст. Рӯза доштан дар дигар рӯзҳои моҳи раҷаб ҳар рӯз кафорати якмоҳа аст.

Ҳикоят. Савбон разияллоҳи анҳу ривоят мекунад, ки ҳамроҳи Ҳазрати Расули акрам (с) ба ҷое мерафтем. Ба назди гӯристоне гузар кардем. Пайғамбар (с) ба мақбарае расида истод ва гиряи сахт карда, баъд аз он дуо карданд.

Пурсидам, ки ё Расулаллоҳ, барои чӣ гиря кардед?

Пайғамбар (с) гуфтанд: – Ё Савбон, соҳиби ин қабр ба азоб гирифтор будааст, ки гиря ба ман ғолиб шуд, дуо кардам Аллоҳ таъоло азоби ӯро сабук гардонид. Ё Савбон, агар ин мард як рӯз аз моҳи раҷаб рӯза медошт ва як шаб аз он моҳ бедорӣ мекард, ин ҳама азоби қабрро намедид.

Гуфтам: – Ё Расулаллоҳ, ба як рӯз рӯза доштан ва ба як шаб бедорӣ кардани моҳи раҷаб аз азоби қабр наҷот медиҳад?

Расули акрам (с) гуфтанд: – Ё Савбон, қасам ба он Худойе, ки маро Пайғамбар ба халқ фиристода аст, агар мард ё зани мусулмон як рӯз аз моҳи раҷаб рӯза дорад ва як шаб бедорӣ  кунад, Аллоҳ таъоло дар номаи аъмоли он банда савоби яксола бедории шабро нависад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар ки аз уммати ман рӯза 1 дорад, се рӯзи аввали шаъбон ва се рӯз аз мобайни шаъбон ва се рӯз аз охири шаъбон, Аллоҳ таъоло ба он банда савоби хафтод обидро ато кунад ва ҳар кадоми он обидон ҳафтод сол ба Аллоҳ таъоло ибодат карда бошанд. Савоби ин ҳама ибодатро дар номаи аъмоли он бандаи рӯзадори моҳи шаъбон нависанд ва агар он банда дар он сол бимирад, шаҳид бошад.

Расули акрам (с) фармуданд: – Ҳар бандаи мӯъмин таъзими моҳи шаъбонро карда, амали солеҳ ба ҷо оварда худро аз гуноҳ нигоҳ дошта бошад, Аллоҳ таъоло ҳама гуноҳони ӯро мағфират карда, дар он сол аз ҷамиъи балоҳо ва касалҳо дар амони худ нигоҳ дорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки шаби понздаҳуми моҳи шаъбон шаби Барот аст. Ҳар гоҳе ки шаби Барот биёяд, он шабро муборак дониста, шабро ба намозу истиғфор гузаронида, он рӯз рӯза доред. Вақти шом фариштае ба фармони Аллоҳ таъоло мунодӣ кунад, ки кист аз намозгузорони шаби Барот ва рӯзадорони рӯз? Ҳар хоҷатее, ки  хоҳад, Аллоҳ таъоло ҳоҷати ӯро раво гардонад. Куҷост истиғфорхоҳандагон, ки Аллоҳ таъоло мағфират кунад онҳоро ва кист ризқу рӯзӣ талабкунанда, ки Аллоҳ таъоло ризқи ӯро зиёда гардонад.

Расули акрам (с) фармуданд, ҳар ки дар шаби Барот сад ракаат намоз гузорад, дар ҳар ракаат баъд аз “Фотиха” панҷ бор сураи “Ихлос” бихонад, Аллоҳ таъоло амр кунад панҷсад ҳазор фариштаро, ки ба дасти ҳар кадоме аз онҳо дафтаре аз нур бошад, то бинависанд савоби намози баротхонандагонро.

Гуфтанд Набӣ (с): қасам ба он Худойе, ки маро ба халқ Пайғамбар фиристодаст, ҳар ки дар шаби барот салавот фиристад бар ман, ато мекунад Аллох таъоло бар он банда савоби пайғамбарони мурсал ва фариштагони мукаррабро.

Илоҳо, ба ҳурмати моҳи шаввол ва ашараи зулҳиҷҷа ва моҳи раҷаб ва моҳи шаъбон ва шаби барот хамаи бандагони мӯъмин ва мӯъминотро тавфиқи рӯза доштани ин моҳҳоро арзонӣ дорӣ ва аз азоби қабр наҷот дода, дар бихишти анбарсиришт дохил гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …