Главная / Гуногун / Фазилати «Ояту-л-Курсӣ»

Фазилати «Ояту-л-Курсӣ»

Дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ хонад ин «Ояту-л-Курсӣ»-ро дар ақиби ҳар намози фарз, кабз кунад рӯҳи ӯро Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ба нафси Худ, яъне ба Азроил (а) нагузорад».

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ хонад «Ояту-л-Курсӣ»-ро, фиристад Ҳақ субҳонаҳу ва таоло фариштаеро, ки нависад аз некиҳои ӯ ва маҳв гардонад аз бадиҳои ӯ аз соати хондан то фардо».

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ хонад «Ояту-л-Курсӣ»-ро дар ақиби ҳар намози фарз, монеи ӯ набошад аз даромадани дар биҳишт ғайр аз марг ва мудовимат намояд, магар сиддиқе ё обиде».

Ва низ дар ҳадис омада, ки гуфт Пайғамбар (с): “Ҳар кӣ хонад «Ояту-л-Курсӣ»-ро дар вақте, ки дарояд ба ҷомаи хоб, эмин гардонад ӯро Худои субҳонаҳу бар нафси худаш ва бар ҳамсояи ӯ ва ҳамсояи ҳамсояи ӯ ва хонаҳое, ки дар гирди ӯст».

Ва гуфтаанд мудовимат[1] бар қироати ин оят амон аст аз чашмзахм ва сабаби зиёдат шудани мол асту асбоби дунявӣ ва наҷот аст аз шарри душманон ва сабаби иззату муҳобат аст назди мардумон ва ғолиб шудан аст бар душманон.

[1] Мудовимат — пайваста.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …