Фазилати инсон
Ривоят мекунад Умар бинни Алъос аз Абуҳурайра (р )- рӯзе назди Расули акрам (с) даромада пурсидам, ки ё Расулаллоҳ, олимтарини мардумон кист?
Расули акрам (с) фармуданд, мардумони оқил.
Боз пурсидам, ки беҳтарин мардумон кист?
Фармуданд, ки мардумони оқил.
Баъд аз он фармуданд, ки ҳар чизеро асбобе ҳаст ва асбоби мӯьминон ақл аст ва ҳар кавмеро чӯпоне аст, яъне посбонест ва посбони мӯъминон ақл аст.
Ривоят мекунад Оишаи Сиддиҳа (р), ки ақл даҳ ҷузь аст: панч ҷузъи он зоҳир ва панҷ ҷузъи дигар ботин аст, аммо ҷузъе, ки зоҳир аст, аввали ӯ хомӯшист.
Пайғамбар алайхи-с-салом фармуданд: ҳар ки хомӯширо ихтиёр кард, наҷот ёфт. Пайғамбар (с) фармуданд: ҳар ки сухани бисёр гӯяд, сухани беҳуда бисёр гӯяд.
Дутом хилм, сеюм тавозӯъ.
Пайғамбар Алайҳи-с-салом фармуданд: ҳар ки тавозӯъ кунад, Аллоҳ таъоло мартабаи ӯро баланд гардонад ва ҳар ки такабур кунад, Аллоҳ таъоло қадри ӯро паст ва беэътибор кунад. Чаҳорум амри маъруф кардан ва аз бадиҳо манъ кардан. Панҷум амалҳои солиҳ кардан; аммо он панҷ ҷузъе, ки ботин аст, аввал ҳар корро фикр кардан.
Дуюм, аз гузаштагон ибрат гирифтан.
Сеюм, гуноҳро бузург донистан.
Чаҳорум, аз Аллоҳ таъоло тарсидан.
Панҷум, нафсро тахқир карда хор доштан.
Илоҳо, ҳамаи бандагони мӯъминро ақли комил ато карда, аз ҳавои нафсонӣ дар паноҳи худ нигоҳ дорӣ. Омин ё раббал оламин.