Главная / Гуногун / Дар фазилати меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом….

Дар фазилати меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом….

Овардаанд, ки чун меҳтар Мўсо ба кўҳи Тур баромад, фармон расид. Акнун санои мо бигў. Филҳол меҳтар Мўсо Худойро ба чаҳорсад ном зикр кард ва сано гуфт. Ин фикр ҳанўз дар хотир некў нагузашта буд, ки фармон омад: Эй Мўсо, пас бозгард, зери кўҳи Тур дарой, ки мо андешаи хотири ту ба илми қадими худ донистем. Меҳтар Мўсо бозгашт, ба кўҳи Тур ғоре бидид. Дар он чун пештар шуд, саҳрое бидид бамасофат ва ҷўй дар вай равон, ба сари ҷўй дарахте бо сояи хуб.

musoДар хотир гузашт: замоне дар ин зери дарахт қарор бигирам ва чун ба фуруди он дарахт расид, дид ҷонваре дар шоҳи он дарахт нишастааст, Худованди таъолоро зикру сано мегўяд. Меҳтар Мўсо дар саной гуфтани он ҷонвар гўш ниҳод, шунид дар соате ба чор ҳазор ном Худоро азза ва ҷалла ҳамеҳонад. Меҳтар Мўсо дар фикрат монд ва ба худ гуфт:

Эй Мўсо, ту Худойро ба чаҳорсад ном сано бихондӣ ва гуфтӣ: Зиҳӣ равшан хотири ман, ки Ҳақро ба як соат ба чаҳорсад ном сано гуфтам, аммо, эй Мўсо, тамошои ҷонваре бикун, ки дар соат Худойро ба чаҳор ҳазор ном бихонд. Он гоҳ меҳтар Мўсо муноҷот кард. Гуфт, Илоҳӣ, ин ҷонварро бо ман ба сухан ор, аз ин чизе бипурсам. Фармон шуд: Эй Мўсо, то онро яке офаридаам, ба ҷуз зикри мо ба ғайре сухан накардааст. Дуои ту мустаҷоб шуд, бипурс ҳарчи аз вай бипурсӣ.

Меҳтар Мўсо гуфт: Эй парранда, Худои таъоло фармуда, то низ бо ман ба сухан дароӣ ва ҳарчӣ аз ту пурсам, ҷавоби ин бигўй. Ҷонвар оғоз кард: Ассалому алайкум, эй пайғамбари Худои таъоло, фармон деҳ, ончӣ мақсуди пурсидан дорӣ, бипурс, Меҳтар Мўсо оғоз кард: Эй ҷонвар, чанд моҳ шуд, ки дар ин шохи дарахт ҳастӣ? Гуфт: Эй пайғамбари Худои, таъоло, муддати чаҳор ҳазор сол гузашааст, ки бар ин шох нишастаам ва ғизои ризқи ман зикри Ҳақ, аст, Меҳтар Мўсо гуфт: Дар муддати чаҳор ҳазор сол, ки бар ин дарахт баромада, ба чизе дар хотир орзўе дорӣ, на? Гуфт: Эй Мўсо, муддати се ҳазор сол пеш ҳеҷ орзўе надоштам, аммо имрўз ҳазор сол баромадааст, ки гоҳ-гоҳе дилам бар он мешавад, ки ин минқори худро дар об тар кунам.

Меҳтар Мўсо гуфт: Зери дарахти ту ҷўй об меравад ва чаро нахўрдӣ? Чун аз забони меҳтар Мўсо номи ҷўй шунид, ҷонвар фуруд омад, замин дидан гирифт. Он гоҳ савганд арз кард: Ба азамати он Худое, ки ҷуз аз вай Худои дигар нест, дар ин муддати чаҳор ҳазор сол чунон дар зикри Ҳақ таъоло машғул будам, ки ҳеҷ надонистам, ки фуруди ман ҷўи об меравад ё на. Як ривоят ин аст.

Ва дар ривояти дигар он аст, ки ҷонвар арз кард: Эй Мўсо, агар дар фуруд ҷўй об меравад, аммо андеша кардам, набояд, ки дар хўрди об машғул шавам ва соати азиз аз ман ба ғайри зикр равад. Ногоҳ дар хурдани он тақдир бар ман равад, дар он дам ҷонам қабз шавад, аз зикри маъбуд маҳрум монам. Чун меҳтар Мўсо аз он ҷонвар ин сухан шунид, забони меҳтар Мўсо ба саной Худои таъоло кушод.

Гуфт: “Эй Парвардигор, аз зикри бандагони ҳафт осмону замин мустағнӣ ҳастӣ ва туро ба ҳеҷ чиз эҳтиёҷ на” Алғараз, чун ба шарафи меъроч мушарраф гашт, калом ба ғайри восита шунид. Он гоҳ фармон шуд: Ту боз мегардӣ, бояд ки Фиръавнро ба сўи мо даъват кунӣ. Чун меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом бозгашт ба ҳукми фармони Раҳмон рафт ва ба Фиръавн гуфт: Чанд аз Парвардигор бегона бошӣ ва дар назари ибрат намебинӣ, ки осмон бесутун дошт ва ситорагон дар вай пайдо овард.

Дигар, гавҳари мо бар замии кӣ пайдо карду об ҷорӣ ки гардонид”. Пас меҳтар Мўсо бигуфт, ки эй Фиръавн, гиёҳҳои сабз кӣ рўёнид, пас неъмати ў бихўред ва чанд дил сиёҳ доред. Акнун, эй Фиръавн, имон оред. Фиръавн гуфт: “Эй Мўсо, агар Худои мулки охират дорад, ман мулки дунёи дорам, ҳарчи ба қудрати худ бифармоям, он шавад”. Меҳтар Мўсо гуфт: “Эй бечора, ту оҷиз ҳастӣ, кай тавонӣ, ки коре ба қудрати худ кунӣ, ба нуз Аллоҳ Таъоло”.

Фиръавн гуфт: “Эй Мўсо, рўди Нил хушк шудааст. Агар ман бигўям, ба фармони манн равон гардад, то қудрати ман туро маълум шавад, ки чӣ гуна худоии дунё дорам”. Меҳтар Мўсо алайҳи-с-саломро аз гуфтори ў аҷаб омад ва гуфт:

“Шоёни худои ў аст, ки осмону замин пайдо гардонидааст ва ҷуз вай каси дигар набуд ва набошад. Аммо Фиръавн, аз ту маро ин аҷаб намуда, ки руди Нили хушкшуда ба гуфти ту чӣ гуна равон гардад? ” Ў гуфт: “Мўсо, ту бозгард, то ман фардо нидо ба ҳар яке кунам, то изҳори худоии ман тамошо кунӣ”. Чун Меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом ин калом бишунид, бозгашт.

Баъд аз он, шаб дар ҷаҳон пайдо шуд, Фиръавн дар ҳуҷра даромад ва занҷир дар пой бикард ва занҷир пойболо худро биёвехт ва ба даргоҳи Худои таъоло менолиду мегуфт: “Илоҳӣ, бандаи ту бо айби бисёр ба даргоҳи подшоҳе беайб омадаам. Ё раб, як айб дорам, ки ба сари ман шоҳе баромадааст. Дуввум айби он дорам, ки тамоми болои андоми ман якуним газ аст, ҳамчун саге дум дорам ва айби дигар он ки хез ҳастам”. Ҳар як айб, ки дар зоти ў буд, ба Парвардигори хеш арз мекард. Охир илтимоси у ин буд, ки: Илоҳӣ, мулки охират, ки боқии бақост, дарбохтаам, аз мулки дунёи фонии фаност, харидаам. Акнун аз рўи меҳтар Мўсо ва халқе, ки бар сари рўди Нил ҳозир хоҳанд шуд, шарманда накунӣ ва рўди Нил бо фармони манн равон гардонӣ. Нидо аз олами ғайб шунид, ки “Бозгард, рўди Нил бо фармони ту равон гардонам”.

Фиръавн шодон аз хучра берун омад ва бори ом дод. Баъди соате бо халифа рух бар руди Нил кард. Мехтар Мусо алайхи-с-салом низ хозир омад, Фиръавн огоз кард: “Эй Мусо, акнун кудрати ман тамошо кун. Рўди Нили хушкгашта ба фармони ман чӣ гуна равон гардад”. Ин бигуфт, рух бар руди Нил кард ва гуфт: “Эй руди Нил, ман мегуям, равон шав. Чори мегард. Ва хар чӣ бигуям, он бикун”. Дарзамон руди Нил равон шуд ва Фиръавн аспро пештар кард. Хар ҷо ки ишорати чобуки ҳавз бикардӣ ва асп рондӣ, оби рўди Нил дунбола шуда гашти. Халқ дар тааҷуб монданд. Баъзе ҳавми ў, ки буданд, мегуфтанд, агар Фиръавн худой набошад, рўди Нили хушкшуда ба фармони ў чӣ гуна бувад, ки равон шавад ва ҷорӣ гардад.

Чун меҳтар Мўсо аз Фиръавн ин бидид, он вақт меҳтар Мўсо бишурид ва даст ба муноҷот кушод ва гуфт: » Илоҳӣ, маро барои даъвати Фиръавн фиристодӣ ва ҳар чӣ ў гуфт хамон кардӣ. Обрўи бандагӣ чӣ бошад? » Меҳтар Ҷабраил нозил шуд ва фармон расонд ки: “Эй Мўсо, дар зоти поки мо бахилӣ раво нест. Дўсту душман ҳар чӣ аз дари мо чизе бихоҳад, мо ўро зоеъ накунем. Ў тамоми шаб занҷир дар дасту пой карда, дар даргоҳи мо нолид. Мегуфт: Илоҳӣ, маро аз рўи Мўсо ва тамоми халқ шарманда накунӣ. Ту медонӣ, ки ман бо эшон лоф хўрда омадаам. Эй Мўсо, агар имрўз гуфтаи Фиръавн рад накардем, аммо хотир ҷамъ дор, ҳам дар ин рўди Нил ўро ғарқ хоҳам гардонид, бо ҳашаму хидам, ки ў дорад”.

Ва алғараз ғарк шудани Фиръавн машҳур аст, ки Ҳақ, таъоло ба дуои меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом фиръанро бо лашкари ў дар рўди Нил ғарқ, ва ҳалок гардонид.

То рўзе меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом дар саҳрое мегузашт, ки Малакулмавт даррасид ва гуфт: “Ё Мусо, маро фармон шудааст, ки чони туро кабз кунам”. Мусо гуфт:”Эй кобизи арвоҳ, Худои таъоло маро дусти худ хондааст ва хеч дусте хоҳад, ки дусти худ беҷон кунад?” Мехтар Азроил бирафт ва бозомаду гуфт:”Эй Мусо, фамон мешавад: дўсте хоҳад, ки ба ғайри дўсти худ дар махаллаи дигар қарор гирад”.

Он гох гуфт: “Эй Маликулмавт, ҷоми маро чӣ г ун а қ а б з к ун ӣ ? Г уф т ?

“Агар бигуй, ман аз рохи дахан дароям ва қабз кунам”. Гуфт: “чӣ гуна дар рохи дахон дароӣ, ки ман дар кўхи Тўр бад-ин дахон бо Парвардигори худ хамсухан шудаам”. Гуфт: “Агар бигўи, аз роҳи чашм дароям”. Гуфт: “Чӣ гуна ту тавонӣ, ки бад-ин чашм дар кўхи Тўр таҷаллӣ дидам?”

Гуфт: “Агар бигуй, дар рохи гўш дароям”, Ва гуфт: “Ҳар чӣ Ҳақ таъоло дар кўҳ, бо ман сухан гуфт, бад ин гўш шунидаам, чӣ гуна тавонӣ омад?

Гуфт: “Агар бигу ба ҷониби даст дароям”. Гуфт: “Бад-ин даст Таврот мегирам ва мекушоям”. Гуфт: “Агар гўи аз ҷониби пой дароям”. Ва гуфт:

“Бад-ин қадам ба ваъда дар кўҳи Тур баромадаам”. Ҳар як узвро, ки Малакулмавт бигуфтӣ, меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом чунон ҷавоб дод, ки Азроил хомуш мондӣ.

Боз Азроил дар ҳазрати Худои таъоло рафт ва бигуфт: “Илоҳӣ, пайғамбари ту ҷавоб чунин мегўяд”. Меҳтар Мўсо дар хотир бикард, ки вақти он расид, ки ҷон мебояд дод ва ў рух роҳи хона гирифт. Ба муҷаррад, ки хона даромад, назари модари Мўсо ба рўи меҳтар Мўсо афтод, гуфт: “Эй ҷигаргўшаи модар, имрўз рўи ту зардгашта мебинам”. Гуфт: “Эй модар, алвидоъ, ки маро сафари қиёмат пеш омад”. Чун модар аз меҳтар Мўсо ин сухан бишунид, дар гиря шуд. Духтари меҳтар Шуъайб дар рўи вай ашк дида пурсид: “Гиря аз баҳри чӣ мекунед?” Гуфт: “Шавҳари туро сафари қиёмат пеш омадааст”. Чун ин сухан бишунид, ў ҳам дар гиря шуд.

Фарзандони Мўсо чун модарро дар гиря диданд, аз гиряи модар эшон ҳам дар гиря шуданд. Аз гиряи кўдакон ҳамсоягон дар гиря шуданд, аз гиряи ҳамсоягон ҳама ҷамъ шуданд ва мегиристанд, ки пайғамбар аз миёни мо меравад ва духтари меҳтар Шуъайб тоқат намонд бар меҳтар Мўсо оғоз кард: “Ту аз дори фано ба дори бақо меравӣ, фарзандон ба кӣ месупорӣ?”

Дили мубораки эшон аз ҷиҳати фарзандон танг гашт. Фармон расид: “Эй Мўсо, асо, ки дар даст дорӣ, санге, ки дар сахни ту афтодааст, бар вай бизан”. Меҳтар Мўсо асоро бар санг зад. Он санг аз миён дупора шуд ва аз вай санги дигар берун омад». Меҳтар Ҷабраил /а/ гуфт: “Фармон мешавад, бар ин санг ҳам асо бизан. Меҳтар Мўсо бар он санг ҳам бизад, аз миён ду гашт ва санги дигар пайдо шуд. Меҳтар Ҷабраил гуфт: “Бар ин санг низ ассо бизан”. Ба ҳукми фармон бар он ҳам бизад. Он санг аз миён ду пора шуд ва кирме аз он санг берун омад, барги сабз дар даҳон гирифта, он кирм дар забони худ санои Ҳақ, таъоло меронд ва мегуфт: “Ҳамд худойро, ки маро дар се торикӣ ризқ, мерасонад”. Фармон шуд: “Эй Мўсо, ман кирмеро дар се торикӣ зоеъ нагузоштам ва ризқ мерасонам, куҷо бошад, ки бандагони худро зоеъ гузорам”.

Чун духтари Шуъайб бидид, тасаллои хотир шуд ва меҳтар Мўсо бар аҳли байти худ видоъ кард ва роҳи биёбон бигирифт ва дар саҳрое дид, ки ду нафар турбат мековиданд. Наздики эшон шуд ва пурсид: “Ин турбати кист? Мурдае дар миён наменамояд?” Гуфтанд: “Ин турбати касе аст, ки худованд ўро дўст медорад ва худованди худро дўст медорад”. Ва меҳтар Мўсо ба эшон оғоз кард: “Зиҳӣ, некбахт банда, ки ўро подшоҳи ҳаждаҳ ҳазори олам дўст медорад ва ў худованди худро дўст медорад”. Меҳтар Мўсо гуфт: “Агар рухсат кунед, ман ҳам аз баҳри таъзим замоне дар ин турбати азимушшаън дароям”.

Рухсат доданд. Меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом дар миёни турбат даромад ва бигалтид. Ҳамон соат меҳтар Азроилро фармон шуд: “Себе аз ҳазрати мо бибар, ба дасти меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом бидеҳ”. Дарҳол меҳтар Азроил даррасид ва себ дар дасти меҳтар Мўсо алайҳи-с-салом бидод. Дар турбат ғалтида буд, ки себ аз дасти меҳтар Азроил биситад на бўй бикард, бўй кардан ҳамон буд, ки ҷон ба ҳақ, таслим кард. Филҳол турбат гирд омад.

Қабри эшон ҳамон шуд. Ва он ки турбат мекофтанд, яке меҳтар Ҷабраил, дуввум меҳтар Микоил буд. То бузурге мегўяд:

Байт:

Себро бидиду Мўсо ҷон бидод,

Рост гўй, ин себ аз бўстони кист.

Супориш ва саволҳо.

      Ин қиссаҳоро пеш шунида будед?

    Қисаҳоро дар хона ба аҳли оила баланд хонед

 

 

 

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …