Главная / Гуногун / ФАЗИЛАТҲОИ ДУРУД ФИРИСТОДАН БАР ПАЙҒАМБАР (С)

ФАЗИЛАТҲОИ ДУРУД ФИРИСТОДАН БАР ПАЙҒАМБАР (С)

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ситам мепарварад оғӯши гул аз хор парвардан Забонеро, к-аз ӯ кори дуруд ояд ба саб[1] макшо.

Мирзо Бедил

Аввалин ва муҳимтарин унвон дар ин боб ин фармуда Худованди азза ва ҷалла дар Каломи Мазиди Худ аст ки бар умматони Ҳабиби Худ (с) чунин мефармояд, ки:

«Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи ё айюҳа-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо».[2]

Тарҷума: Ҳар ойина Худованд ва фариштагони ӯ дуруд мефиристанд бар Пайғамбар (с), эй мусалмонон, дуруд фиристед бар вай ва салом гӯед салом гуфтанӣ.

omin-duo-ramazon-qodirov

Тафсир: «Инналлоҳа ва малоикатаҳу»-ба дурустӣ, ки Худои таоло ва фариштагони вай «юсаллуна»-дуруд мефиристанд «ала-н-набийи»-бар Пайғамбар (с) «ё айюҳа-л-лазина оману»-эй он касоне, ки ба Худову Пайғамбар (с) гаравидаед «саллу алайҳи»-салавот гӯед бар Пайғамбар (с) «ва саллиму»-ва салом гӯед бар Пайғамбар (с) «таслимо»-салом гуфтанӣ, ё инқиёд[3] кунед амри ӯро инқиёд карданӣ.

Бидон, эй хонандаи азиз, ки ин нидои муборак, албатта, шону аҳамияти бузургест ва кифоят мекунад, барои ту он чи амр кард Худованди таоло барои бандагони муъмини Худ ва қабл аз ин амр кардан Худи Парвардгор ба ҷо овард амри Худро, ки гуфт ба қавли мубораки Худ, ки: «Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи». Хабар дод, ки Худованд ва фариштаҳои вай дуруд мефиристанд бар Муҳаммад (с) дар он ҳол, эй мусалмонон, барои моён амр карданӣ Парвардгор ба дуруду салом фиристодан барои Расули акрам (с) шарафи бузургест барои моён ва кароматест, ки аз он болотар каромати дигаре нест дар дунё.

Вақте ки Худованди таоло Ҳазрати Одам (а)-ро офарид, ба фариштагон дастур дод, то ӯро саҷда кунанд. Вале дар ҳеҷ ҷой инро нафармуд, ки: «Ман Худам ҳам ин корро анҷом медиҳам». Фақат барои эъзозу икроми Расули акрам (с) фармуд: «Нахуст Худам, сипас фариштагон бар эшон салавот мефиристанд». Он гоҳ ба мусалмонон ҳам дастур дод, ки: «Аллоҳ ва фариштагони ӯ бар Пайғамбар (с) дуруд мефиристанд ва шумо ҳам дуруд бифиристед». Чӣ фазилате бузургтар аз ин, ки дар ин амр Аллоҳ ва фариштагон бо муъминон ширкат доранд.

Худованд дар ин оят аз малому манзалати Пайғамбари гиромиаш (с) назди Худ дар малаи аъло[4] хабар дода, назди фариштагонаш бар Пайғамбари Худ (с) дуруд мефиристад ва фариштагони вай низ бар Пайғамбар (с) дуруд мефиристанд. Бинобарин Ҳақ таоло бандагонашро низ дастур медиҳад, то дар ин кор ба ӯ ва фариштагонаш пайравӣ карда, бар он Ҳазрат (с) дуруд бифиристанд, то санову дуруди Пайғамбар (с) бар забони ҳамаи оламиён аз олами малакутиву заминӣ ҷорӣ гардад.

Мақсад аз дуруд бар Набӣ (с) сано ва таъзиму раҳмат ва дӯстиву меҳрубонӣ бар Пайғамбар (с) мебошад, пас, ба ҳар касе, ки салавот мансуб шавад, мутобиқи шону рутбаи ӯ санову таъзим ва раҳмату меҳрубониро мурод хоҳем гирифт. Ҳазрати Худованд бар Расули Карим (с) салавот мефиристад, яъне ба раҳмату шафақати Кибриёии Хеш сифату эъзозу икроми он Ҳазрат (с)-ро мекунад ва фариштагон ҳам салавот мефиристанд, магар салавоту раҳмату такрими ҳар яке ба андозаи шону рутбаи ӯ мебошад. Баъд аз он бар муъминон ҳукм шуда, ки шумо ҳам салавоту раҳмат бифиристед, мартабаи он бояд аз ин ҳарду алоҳида бошад.

Уламо гуфтаанд, ки: «Салавоти Худованд иборат аз санои Худованд бар вай ва розӣ будани Худованд аз Пайғамбар (с) ва нишонаи раҳмат ва ризвон. Дуруд фариштагон бар Пайғамбар (с) дуои онҳост барои Расули акрам (с) ва истиғфори онҳост. Дуруди мусалмонон барои Пайғамбар (с) ба маънии ташрифу таъзим ва такриму гиромидошти ӯ ва амру дастуроти ӯст».

Ғараз ин аст, ки Ҳақ таоло бар муъминон ҳукм дод, ки шумо ҳам бар Пайғамбар (с) салавот[5] бифиристед. Нишон дод, ки дуруд фиристодани шумо ҳамин аст, ки аз ҳузури Аллоҳ, таоло дархост кунед, ки раҳматҳои Худро беш аз беш, то абад бар Пайғамбар (с) нозил фармояд, зеро ки раҳмати ӯ бениҳоят аст. Ин ҳам аз раҳмати Аллоҳ таолост, ки ҳамон раҳматҳои зиёдеро, ки дар асари арзи манозил мефармояд, ба сӯйи мо бандагони оҷиз мансуб карда, гӯё мо фиристодаем, ҳол он ки фиристандаи раҳмат дар ҳар сифат ҳамон Худованди ягона аст. Чӣ бандаи оҷиз қудрати онро надорад, ки дар боргоҳи Сайиду-л-анбиё муносиби шону рутбаи вай туҳфае тақдим кунад.

Аллома Саховӣ (paҳ) дар «Қавли бадеъ» менависад: «Дар китоби «Амир Мустафо Ҳанафии Туркмонӣ» матлаби муҳиммеро аз ин қарор навишта шуда, ки агар гуфта шавад: «Ҳикмати ин амр чист, ки Худованди мутаол ба мо дастурӣ дода, то дуруд бифиристем ва мо мегӯем «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад» ва аз Худованд мехоҳем, ки вай дуруд фиристад, яъне дар намоз ба ҷойи ин, ки «Усаллӣ ало Муҳаммад» бигӯем «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад» мегӯем». Ҷавоби ин ашкол чунин аст, ки: «Вуҷуди мубораки он Ҳазрат (с) холӣ аз ҳар гуна айбу нуқс аст ва вуҷуди мо саропо пур аз айбу нуқс, пас, ҳар кас, ки маҳалли уюбу навоқис бошад, касеро, ки аз он пок аст, мадҳу ситоиш мекунад. Аз ин ҷиҳат мо аз Худованди мутаол дархост мекунем, ки ӯ бар Расули акрам (с) салавот фиристад, то ин салавот аз ҷониби Рабби пок бар Набии покаш (с) бошад».

Дар ин ҷо ишколе ворид мешавад, ки онро Аллома Розӣ (paҳ) дар «Тафсири Кабир» марқум дошта ва он ин, ки: «Ҳангоме ки Худованди мутаол ва фариштагони вай бар он Ҳазрат (с) дуруд мефиристанд, пас, чӣ ниёзе ба дуруди мо боқӣ мемонад? Ҷавоби ин ишкол ин аст, ки фиристодани дуруд аз ҷониби мо барои он Ҳазрат (с) аз ҷиҳати ниёз ва эҳтиёҷи эшон ба он нест. Ва агар чунин мебуд, баъд аз дуруди Худованд ниёзе бар дуруди фариштагон набуд, балки дуруди мо ба манзури изҳор ва баёни азамати он Ҳазрат (с) аст, ҳамчунон ки Худованд бандагонро маъмур ба зикр ва ёди Худ кардааст. Ҳол он ки Худованди мутаол ниёзе ба ёду зикри бандагон надорад».

Ҳазрати шоҳ Соҳиб (paҳ) менависад, ки: «Талаби раҳмат аз Худованд барои Пайғамбар (с) ва аҳли байти ӯ ниҳоят мақбулу мустаҳсин[6] аст. Бар Пайғамбар (с) мутобиқи шони ӯ раҳмат нозил мешавад, магар бар талабгор ивази як бор талабидан даҳ бор раҳмат нозил мешавад, акнун ҳар кас ҳар микдоре, ки мехоҳад ба даст орад».

Ва Совӣ гуфтааст, ки: «Ин оят нишон медиҳад, ки Пайғамбар (с) маҳалли нузули раҳмат ва ба таври куллӣ бузургтарини аввалину охирин аст, зеро салавоти Худованд бар Пайғамбар (с) ба маънии раҳмати ҳамроҳ, бо таъзим аст ва аз ҷониби Худованд бар ғайри Пайғамбар (с) бар маънии раҳмат мебошад. Ҳамон гуна, ки мефармояд: «Ҳува-л-Лазӣ юсаллӣ алайкум ва малоикаҳ»-Ӯст он зоте, ки дуруд мефиристад бар шумо ва бар фариштагон. Пас, тафовути байни ду салавотро дарёб ва фазли байни ду мақомро бинигар ва бад-ин тартиб Пайғамбар (с) ойинаи тамошонамоест, ки раҳмату баракоти Худованд дар эшон таҷалллӣ ёфтааст. Пас, эй гурӯҳи муъминон, ҳар чи бештар дуруду салом бар ӯ бифиристед, чун ҳаққи зиёде бар гардани шумо дорад. Шуморо аз гумроҳӣ наҷот дод ва ба сӯйи ҳидоят раҳнамун шуд ва аз торикӣ ба сӯйи нуру рушноӣ ҳидоят кард, пас, ҳар вақт номаш бурда мешавад, бигӯед:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив-ва оли Муҳаммад».

Назди ҷамъе маънии «Аллоҳумма салли ало Муҳаммад» ин аст, ки: «Бор Худоё, таъзим кун Муҳаммад (с)-ро дар дунё ба аълои дин ва изҳори даъват ва аъзами зикр ва ақбаи шариат ва дар охират ба қабули шафоати ӯ дар шони уммат ва тазъифи савоб ва изҳори фазли ӯ бар аввалину охирин ва тақдими ӯ бар ҳамаи анбиёву мурсалин ва малоикаву мардумон аҷмаин».

Совӣ гуфтааст, ки: «Ҳикмати дуо кардан ва талаби омурзиш намудани фариштагон ва муъминон барои Пайғамбар (с) иборат аст аз мушарраф шудани онҳо ба он манзалат, ки дар ин маврид ба Худои азза ва ҷалла иқтидо карда ва бахше аз ҳуқуқи ӯро бар халқи Худо вафо кардаанд, зеро Пайғамбар (с) бузургтарин воситаи ҳар неъматест, ки бар бандагон мерасад ва ҳақ чунон аст, ки подоши фардеро бояд дод, ки сабаби неъмат аст. Ва бояд он ҷое, ки халқ подоши ҳаққаш наметавонанд гузорид, аз Подшоҳи тавоно масъалат доранд, ки ӯро (с) подош диҳад».

Аллома Саховӣ (paҳ) достони ибратомезеро баён доштааст ва он ин, ки аз Аҳмади Ямонӣ (paҳ) нақл мекунад, ки: «Ман дар Санъо будам, дидам, ки атрофи шахсе ҷамъияти анбӯҳе гирд омадаанд. Пурсидам:

  • Чӣ хабар аст? Чаро мардум ҷамъ шудаанд?

Мардум дар посух гуфтанд:

  • Ин шахс бо савту лаҳни бисёр зебое Қуръон тиловат мекард, вақте ба ин оят расид, ба ҷойи «юсаллуна ала-н-набийи», «юсаллуна ало Алийи-н-набийи» хонд, ки маънои он чунин аст: «Аллоҳ ва фариштагони ӯ бар Ҳазрати Алӣ дуруд мефиристанд, он Алӣ пайғамбар аст». Баъд аз хондани он фавран гунг шуд ва ба бемории песиву ҷузом мубтало гардид ва куру фалаҷ шуд.

Ҷойи басе ибрат аст. Худованд Худаш аз беадабӣ ва иҳонат[7] ба соҳати муқаддаси Хеш ва пайғамбарон ва каломи Хеш моро маҳфуз нигаҳ дорад».

Фақеҳ Абӯмолик (paҳ) дар «Тоҷу-л-музаккирин» мегӯяд, ки: «Ҳақ таоло ҳар як аз анбиё (а)-ро ба каромате махсус гардонид. Масалан, Одам (а)-ро ба суҷуди малоика мукаррам сохт ва Нӯҳ (а)-ро ба иҷобати дуо мукаррам гардонид ва Иброҳим (а)-ро ба халилӣ махсус гардонид ва Мӯсо (а)-ро ба калими баргузид ва Довуд (а)-ро ба хилофат таъйин фармуд ва Сулаймон (а)-ро ба забони ҷонварон таълим фармуд ва Исо (а)-ро барои давои бемориҳо ва зинда гардонидани мурдагон тахсис фармуд ва Хоҷаи мо (с)-ро ба салавот бар вай (с) мукаррам гардонид, ки: «Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи, ё айюҳа-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо». Яъне: «Аллоҳ таоло, ки зоти ӯ Ламязал асту сифоти ӯ бебадал дарҳои мақсадҳоро бар рӯйи хоҳишмандон мекушояд ва роҳи халоиқро, ки равандагони водии талабанд ба каъбаи мақсадҳо ӯ роҳ менамояд. Агар як дам раҳматаш аз ин сақфи обгун[8] қатъ гардад, то таъсири оташ ин сипеҳри духониро чун хокистар ба бод диҳад ва агар як нафас ҳифзи инояташ ва амни тарбияташро аз ин бисоти хок барчинад, касе дар ин рӯйи замин намемонад».

Назм:

Эй ҳама соликони Ту дар талаби ризоӣ Ту,

Сӯхтагони шавқи Ту сохта бо қазои Ту.

Васфи Ту васфи Ламязал, зоти Ту зоти бебадал,

Дур зи офату халал Ҳазрати Кибриёи Ту.

Ҳам зи Ту суду ҳам зиён, ҳам зи Ту хавфу ҳам амон,

Кист, ки нест дар ҷаҳон боркаши балои Ту.

Не аразӣ, на ҷавхари Холиқи чарху ахтарӣ,

Ҳаст Туро тавонгарӣ, подшаҳон гадои Ту.

Неъмати Туcm беадад, раҳмати Туcm бо мадад,

Гардани мову то абад силсилаи вафои Ту.

Малоикаи киром, ки туғои исмат ба номи эшон оро ёфта ва маншури иффат бар унвони эшон сабт гашта ва саманди тоат дар майдони итоат давонидаанд ва фатҳномаи муқарабиву тоати бериёиро бар минбари мунири тасбеҳи ҳамду покӣ хонда, баъд аз санои Худои таоло салавоти Мустафоӣ (с)-ро бар забон рондаанд, шумо низ, эй муъминон, ки саҳифаҳои авроқи иштиёқи хешро бо рақами муҳаббати Аҳадӣ ва нақшҳои мутобиати Аҳмадӣ (с) барнигошта оед ва нишонаҳои илоҳиро, ки баландии мартабаи шавқи лиқои Рисолатпаноҳист бар боми ҳафт осмони лоҷувардӣ барафрошта намоед.

Байт:

Олами хок барӯманд зи болои ту шуд,

Баҳри як capв диҳанд об хиёбонеро[9].

Ибни Аббос (раз) мегӯяд, ки: «Чун ин ояти карима нозил шуд Ҳазрати Рисолат (с)-ро рухсораи муборакаш бар мисоли донаи анор аз ғояти фараҳу башошат барафрӯхта буд. Шунидам, ки фармуд: «Муборакбод кунед, ки аз барои ман ояте омадааст, ки бештар аст назди ман аз дунёву ҳар чи дар дунёст». Ва ин оятро бархонд, ки:

«Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи, ё айюҳа-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо».

Гуфтам: «Ё Расулаллоҳ (с), хушгувор бод туро ин неъмат». Баъд аз он саҳоба гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ (с), мехоҳем, ки моро аз ҳақиқати ин оят воқиф гардонӣ». Фармуд: «Аз ман савол кардед аз он илми макнуне, ки агар намепурсидед, изҳори он намекардам, ки Ҳақ таоло муаккал кардааст ду фариштаро, ки ҳеҷ бандаи муъмин набошад, ки номи маро бишнавад ва он банда бар ман салавот нафиристад, магар он, ки он ду фаришта гӯянд: «Ғафараллоҳу лака»-яъне: Биомурзад Худованд туро. Баъд аз он Ҳақ таоло бо ҳамаи фариштагон дар ҷавоби он ду фаришта гӯянд «Омин»-яъне: «Чунин бод». Ва ҳар кас, ки номи ман назди вай зикр шавад ва вай бар ман салавот нафиристад, магар он, ки он ду фаришта гӯянд: «Ло ғафараллоҳу лака»-яъне: «Наомурзад Худои таоло туро». Он гоҳ Ҳақ таоло ва малоикаи ӯ (а) гӯянд «Омин».

Наъти Мансури Ҳофиз:

Ин моҳрӯ, ки қиёми фалак аз суҷуди ӯст,

Курсӣ, ки цқоим аст, ба файзи вуҷуди ӯст.                                                                              I

Кавну макон зи суфраи инъоми ӯ хуранд,

Худ коинот қатраи дарёи ҷуди ӯст.

Олам ба нури Одаму нури Ҳабиб буд,

Буде, ки ҳаст партаве аз нури буди ӯст.

Аз Ҳақ шунуду гуфт ба Ҳақ Хотами русул,

Моро ҳамеша гӯш ба гуфтушунуди ӯст.

Ҳар боди хушнасим, ки ояд зи Ясриб аст,

Ҳар бӯйи хуш, ки мешунавам буйи уди ӯст.

Моро ниҳод шаҳди шаҳодат ба коми ҷон,

Дил низ масти ҷоми шароби шуҳуди ӯст.

Зикре, ки созад ойина равшан, санои вай,

Вирде, ки занги ғам бизудояд, дуруди ӯст.

Мансур дод дунйиву дин дар иваз ситад,

Ҳар, к-ӯ чунин муомилате кард, суди ӯст.

Баъзе аз бузургон, ки ҳикмат дар салавоти Ҳазрати Ҳақ субҳонаҳу ва таоло бар Ҳабиби Худ (с) он гуфтаанд, ки чун малоика (а) ба суҷуди Одам (а) маъмур гаштанд ва ба суҷуди Муҳаммад (с) не, ба ин маънӣ таваҳҳуму тафзили Одам (а) бар Ҳазрати Муҳаммадия (с) намуданд, аммо Ҳақ таоло фармуд: «Эй малоика, агар шумо бар Одам (а) арзи суҷуд кардед, Ман ба худии Худ бар Муҳаммад (с) арзи салавот кардам ва шуморо низ амр мекунам ба салавоти бар вай (с), то фазли Муҳаммадӣ (с) бар Одам (а) зоҳир гардад. Ва он ҷо фариштагон суҷуд карданд як бор ва ин ҷо салавот бар Муҳаммад (с) Ману фариштагон ва муъминон мефиристем аз азал то ба абад».

Эй дарвеш, Ҳақ таоло туро амр мекунад ба салавоти он Ҳазрат (с) шукргузории он, ки туро аз уммат гардонида ва баъд аз он Ҳабиби Худро (с) амр мефармояд ба дуову шафоати ту, то шукргузории он, ки ӯро пайғамбари ту сохта, то чунончи ту имрӯз бо вай менозӣ, фардо ӯ бо ту менозад ва чунончи ту имрӯз ба салавоти ӯ мепардозӣ, фардо ӯ ба шафоати ту мепардозад.

Наъти Сайидои Насафӣ:

Хилватсарои Ризвон кошонаи ту бошад,

Сӯйи биҳишт poҳe аз хонаи ту бошад.

Аз маҳ гирифта шамъе гардад ба гирди кӯят,

Шаб то ба рӯз хуршед парвонаи ту бошад.

Фарҳоду Бесутунаш caнгe ба дасти тифлон,

Mӯсову куҳи Тураш девонаи ту бошад.

Ҳаргиз лабе надидам холӣ зи гуфтугӯят,

Ҳар ҷо, ки мениҳам гӯш афсонаи ту бошад.

Ҳар зарраро ба хуршед имрӯз ошноист,

Дар зери осмон кист бегонаи ту бошад.

Сарчашмаи даҳонam гирдоби баҳри раҳмат,

Аз оби мағфират пур паймонаи ту бошад.

Деворро ба мижгон то ҳашр метарошам,

Бинам чу суратеро дар хонаи ту бошад.

Чун Сайидо нӯҳ афлок ҳастанд хӯшачинат,

Чун дом чашми олам бар донаи ту бошад.

Дар «Риёзу-л-унс» мегӯяд, ки: “Салавот бар зикри Худованди роҳиҷ аст. Ба далели он, ки дар зикр фармуд: «Фа-зкурунӣ азкуркум» ин ҷо зикри Худро ба зикри банда муқобала фармуд ва дар боби салавот фармуд, як салавотро даҳ салавот мефиристам, яъне: «Эй банда, агар санои Ман як бор гӯйӣ, Ман як бор туро сано гӯям ва агар санои Ҳабиби Ман бигӯӣ як бор, Ман туро сано гӯям даҳ бор, зеро ки назди муҳиб номи ҳабиби ӯ бурдан ва авсофи камолу нуути ҷамоли ӯ баён кардан ба маротиб беҳтар аст аз дигар камоли муҳаббат, зеро ки эҳтимоми муҳиб бар ҳоли маҳбуб бештар аст аз эхтимоми ба ҳолу нафси худ».

Назм:

Маро бар тан ба ҷойи ҷон ту бошӣ,

Зи ҷон хуштар чӣ бошад, он ту бошӣ.

Туфайли mycm ҷон андар тани ман,

Фидоят созам, ар ҷонон ту бошӣ.

Басе дард аст аз ғам дар дилам, лек

Чӣ ғам дорам, агар дармон ту бошӣ.

Зи фармонат таҷовуз чун тавон кард,

Чу андар шаҳри дил султон ту бошӣ.

Як дуруд ва як раҳмат аз ҷониби Аллоҳ таоло барои ҳамаи ҷаҳон кофист. Чӣ ҷойи он, ки дар муқобили фиристодани як дуруд даҳ раҳмат аз ҷониби ӯ нозил шавад. Чӣ фазилате бузургтар аз ин барои дуруд вуҷуд дорад, ки дар ивази хондани як дуруд даҳ раҳмат аз ҷониби Аллоҳ таоло бар одамӣ нозил шавад. Хушо бар ҳоли он бузургоне, ки дар барномаи рӯзонаи онҳо беш аз яксад ҳазор хондани дуруд вуҷуд дошта бошад!

Дар як ривоят аз «Тарғиб» аз Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (раз) нақл шуда, ки: “Ҳар кас бар он Ҳазрат (с) як бор дуруд бифиристад, Аллоҳ таоло ва фариштагони ӯ ҳафтод бор бар вай дуруд мефиристанд». Дар ин ҷо ба як матлаб бояд таваҷҷуҳ дошт ва он ин, ки агар дар бораи подоши ҳар амале подошҳои мухталиф ба сурати каму зиёд баён шуда, чунонки дар ин ҳадис ҳафтод савоб ва дар ҳадисе дигар даҳ савоб баён шудааст. Назари баъзе аз уламо ин аст, ки чун алтофу иноёти Худованди мутаол бар уммати муҳаммадия рӯзафзун будаанд, аз ин ҷиҳат ривоёте, ки подошашон дар онҳо зиёдтар мазкур аст, мутааллиқ ба баъд ҳастанд ва гӯё Худованди мутаол нахустин навид даҳ савоб ва сипас навид ҳафтод савобро баён фармудааст. Ва баъзе дигар аз уламо ин тафовутро ба лиҳози афрод ва аҳволу авқоти мухталиф медонанд. Мулло Алӣ Қорӣ (paҳ) дар бораи ривоёти ҳафтод навиштааст, ки: «Шояд ин махсуси рӯзи ҷумъа бошад, зеро ки дар ривоёти дигар баён шуда, ки аҷру подоши аъмоли нек дар рӯзи ҷумъа то ҳафтод баробар дода мешавад».

Наъти Шаҳдии Истаравшанӣ:

Офарин бар қади дилҷӯйи Муҳаммад салавот,

Бод бар оразу абрӯйи Муҳаммад салавот.

Мефиристам салавот бод туро аз дилу ҷон,

Ҳамчу бо қомату бозуи Муҳаммад салавот.

Даргирифт кавну макон оташи ишқат афтод,

Маст шуд ин ҳама аз бӯйи Муҳаммад салавот.

Кай мурам, хок шавам, омада худро бикушам,

Ҷон диҳам дар сари зонуи Муҳаммад салавот

Надиҳам як сари мӯйи ту баолам ҳаргиз

Дар ҳақи наргису гесӯйи Муҳаммад салавот.

Шаҳдиё, аз дилу ҷон гӯй ҳама наъти Расул,

Рӯзу шаб дар сари он кӯйи Муҳаммад салавот.

[1] Саб – дашном.

[2] Сураи Аҳзоб, ояти 56.

[3] Инқиёд – фармонбардорӣ.

[4] Малаи аъло – гурӯҳи фариштагон дар олами улвӣ.

[5] Салавот — раҳмат.

[6] Мустаҳсин – некӯ.

[7] Иҳонат — паст кардан.

[8] Сақфи обгун – осмон.

[9] Байт аз Мирзо Соиби Табрезӣ.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

300px-rizal_1896_execution

Ҳаракат барои ислоҳот дар Филиппин

Нимаи дуюми асри XIX дар таърихи Филиппин ба харакати ислоҳотхоҳӣ дар ин ҷо рост омад. …