Главная / Гуногун / ФАТҲИ МАККА ВА ВАФОТИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД

ФАТҲИ МАККА ВА ВАФОТИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД

Мувофиқи сулҳи Худайбия аҳли Макка ва тарафдорони Пайғамбар бояд дар давоми даҳ сол бо якдигар ҷанг намекарданд. Лекин ин сулҳ ҳамагӣ ду сол давом кард. Сарварони Макка аввалин туда аҳдномаи сулҳро шикастанд. Онҳо ба маҳалҳое, ки дини исломро қабул карда, тарафдори Муҳаммад шуда буданд, ҳамла мекарданд, мардумро ғорат карда, азоб медоданд.

Муҳаммад дар фикри ба тасарруфи худ даровардани Макка буд, вале намехост, ки дар он ҷо хунрезӣ шавад. Вай мехост, ки дар Макка тарафдоронаш зиёд шаванд ва худи онҳо сардоронро маҷбур намоянд, ки шаҳрро бе задухўрд таслим кунанд. Баъд аз ду соли сулҳ Муҳаммад бо чор ҳазор аскар ба Макка равон шуданд, аммо Маккиён ин хабарро шунида, дарвозаҳои шаҳрро баста ба воридшавии онҳо роҳ надоданд. Муҳаммад ҷанг кардан нахост ва ба Мадина баргашт.

ushtur

Вақте ки шумораи аскарони Муҳаммад ба даҳ ҳазор расид, вай ба сўи Макка равон шуд. Бо даҳ ҳазор муҷоҳид Пайғамбар ба назди девори Макка расид. Сардорони Мака умед надоштанд, ки дар муддати кўтоҳ Муҳаммад метавонад чунин лашкари бузургро ҷамъ намояд ва ба мудофиаи Мака тайёр набуданд.

Яке аз ашрофони номдори Қурайш Абўсуфиён аввалин шуда ба назди Муҳаммад омада дини исломро пазируфт ва ба шаҳр рафта воқеаро ба дигарон фаҳмонд. Саркардагони Макка ба ҳар тараф пинҳон шуданд ва шаҳр бе сардор монд. Лашкари ҳазрати Муҳаммад бе ҷанг 11 январи соли 630 ба Макка дохил гашта, онро фатҳ намуданд.

Гарчанде дар давоми солҳои зиёд сардорон ва аҳли Макка ба Муҳаммад ва тарафдоронаш озори зиёд расонда бошанд ҳам, Муҳаммад онҳоро афв намуда ва ба аскаронаш амр кард, ки ба кассе аз аҳолии шаҳр озор расонида нашавад. Мардуми шаҳр гурўҳ-гурўҳ омада дини исломро қабул мекарданд. Муҳаммад амр дод, ки сесаду шаст бутеро, ки дар хонаи Каъба ҷой доштанд, бароварда шикананд ва Каъба хонаи муқаддаси ислом қарор дода шуд.

Баъд аз фатҳи Каъба тамоми қабилаҳое, ки аз эътирофи дини ислом саркашӣ мекарданд, исломро пазируфтанд. Баъзе қабилаҳои араб, ки тоҳ мусулмон нашуда буданд, бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар Ҳунайн ном маҳалае ҷамъ шуда, мехостанд ба лашкари Муҳаммад ҳуҷум намоянд. Пайғамбар аз ин воқеа огоҳ шуда ба ҷониби Ҳунайн лашкар кашид. Задухўрди сахт ба вуҷуд омад. Лашкари қабилаҳо шикаст дода шуд ва тамоми қабилаҳо дини ислом ва пайғамбарии Муҳаммадро эътироф намуданд.

Ҳамин тариқ, дар тамоми нимҷазираи Арабистон дини ислом қабул ва ҷорӣ гардид.

Дар ин замон вилояти Шом дар зери тасарруфи Империяи Рим қарор дошт ва барои пешгирии ҳамлаҳои сарҳадӣ ҳазрати Муҳаммад бо сӣ ҳазор лашкар ба сўи Шом равон шуданд. Онҳо ба маҳалли Табук расиданд, аммо аскари императори Рим аз қудрати лашкари мусулмонон андешида аз ҷанг кардан бо онҳо сар печид. Муҳаммад ҳам толиби ҷанг набуд. Аз ин сабаб қабилаҳои атрофии Табукро ба тасарруфи худ дароварда, муҳаммад бо лашкараш ба Мадина баргашт.

Дар соли даҳуми ҳиҷрат ҳазрати Муҳаммад барои ҳаҷ ба Макка омад. Ҳазрати Пайғамбар хутбаи Видоъ хонда аз дунё гузаштани худро ба мардум хабар дод. Баъд аз ҳаҷ ба Мадина баргашт. Ин охирини Пайғамбар буд.

Баъд аз се моҳи соли ёздаҳуми ҳиҷрат Муҳаммад /с/ бемор шуд. Вай дўстону наздикони худро ҷамъ намуда, ба онҳо гуфт: “Ман аз дунё меравам. Қуръонро дар миёни шумо мегузорам. Шумо доим бо Қуръон амал кунед. Якдигарро дўст доред, ба якдигар мадад расонед. Ҳеҷ гоҳ аз корхои нек ҷудо нашавед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кушишу ғайрат намоед”.

Баъд аз ин бемории Пайғамбар сахт шуд ва дар соли ёздаҳуми ҳиҷрат дар синни шасту се солагиаш дар хонаи ҳамсараш Оиша аз дунё гузашт. Дар вақти вафот Пайғамбар қариб тамоми Арабистон то Умон дини исломро қабул карда буданд. Тамоми аҳолии Арабистон ҷузъи як миллат шуда буданд. Ҷангҳои байни қабилавӣ аз байн рафтанд. Одатҳои ҷоҳилии пеш аз ислом манъ шуда буданд.

Мардуми Арабистон ба маданияти исломӣ қадам гузошта буданд.

Супориш ва саволҳо.

  1. Васияти ҳазрати Муҳаммад аз ёд кунед ва онро ба аҳли оилаатон фаҳмонед.
  2. Чаро аҳолии Макка шаҳрро ба мукобилият ба лашкари пайғамбар таслим доданд?

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …