Главная / Ҷамъият / ФАРЗҲОИ НАМОЗ ЧАНД АСТ?

ФАРЗҲОИ НАМОЗ ЧАНД АСТ?

Намоз дувоздаҳ фарз дорад. Шаштои онро бояд пеш аз намоз ба ҷо оварӣ ва шаштои дигарашро дар вақти намоз. Ҳатто агар як фарз хато шавад, намоз адонашуда хисобида мешавад. Ин фарзҳо чунин мебошанд:

а) Фарзҳои беруни намоз

Ин фарзҳое мебошанд, ки онҳо бояд то оғози намоз ба анҷом расанд. Онҳо ҳаматарафа, ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан моро барои хондани намоз омода мекунанд. Онҳоро «Шароити намоз» ҳам меноманд, ки иборатанд аз:

  1. Пок шудан аз ҳадас: пок шудан бо воситаи таҳорат, ғусл ва ё таяммум аз нопокии ботинӣ, ҳадас номида мешавад.
  2. Пок шудан аз наҷас: тоза кардани либос, бадан ва ҷои намоз аз наҷосат.
  3. Сатри аврат: тани мардон бояд аз ноф то ба зону бояд пӯшида бошад ва занҳо бояд ба ҷуз даст, пой ва рӯй ҳамаи бадани худро бипушонанд.
  4. Вақт: расидани вақти намоз. Намозҳои фарз ва вочиб вақти муайяни худро доранд. Намози қабл аз вақт, дуруст нест. Нахондани намоз дар вақташ, гуноҳи азим аст.
  5. Истиқболи Каъба: намозро сар карда руйро ба сӯи Каъба гардонидан зарур аст. Агар ҳангоми намоз руйро ба дигар тараф гардонӣ, намоз фосид мешавад.
  6. Ният: нияти хондани намоз. Дар намозҳои ҷамоат, ба имоми ҳозирбуда ният карда мешавад.

Ин шартхоро ба джо оварда, намозро оғоз мекунем.

б) Фарзҳои дарунии намоз.

Инҳо фарзҳое мебошанд, ки бояд дар вақти намоз ба ҷо оварда шаванд. Инҳоро «Рукнҳои намоз» низ меноманд.

  1. Такбири ифтитоҳӣ: пеш аз шурӯъ намудани намоз такбири «Аллоху Акбар» гуфтан зарур аст.
  2. Қиём: рост хондани намоз, агар ягон чиз халал нарасонад.
  3. Қироат: дар намоз хондани на камтар аз се ОЯТ аз Қуърони маҷид.
  4. Рукӯъ: кардани таъзиме, ки дастон дар болои зонуҳо гузошта мешаванд.
  5. Саҷда: саҷдае, ки ҳангоми он, пешонӣ, бинӣ, кафи дастон, зонуҳо ва кафи пойҳо ба замин мерасанд.
  6. Қаъдаи охир: Дар охири намоз, хангоми хондани «Ат-Тахиёт» нишастан.

Ибни Масъуд (р) ривоят кардааст:
«Ман пурсидам: “Ё Расулуллоҳ! (с) Кадом амалҳо ба Худо хуш меоянд?»
-Намози дар вақташ хондашуда,- навоб дод Ӯ.
-Ва пас аз ин?- пурсидам ман.
– Муносибати нек бо падару модар,- навоб дод Ӯ.
-Ва пас аз ин?- пурсидам ман.
– Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, таъоло- навоб дод Ӯ.

(Бухорй, Мавоқит, 5)

Ҳангоми намоз, ба Каъба рӯй оварда, бо дил ба Аллоҳ рӯй овар! Зеро, ки қиблаи дил ин Аллоҳ мебошад.

(Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …