ФАРЗ

ФАРЗ ЧИСТ?

Фарз ин Имон (боварӣ доштан) маънои бо дилу ҷон эътиқод кардан ба ҳамаи он чизест, ки Пайғамбар,  алла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, аз Худои Таъоло ба мо нақл кардааст; ва ҳамчунин имони худро бо калима шаҳодат додан аст.

duxtar

Дигар хел карда гуем пас “Фарз” – ин  фармудаҳои Аллоҳ Таъоло, ки иҷро намудани онҳо зарур аст. Масалан, Намоз, Рўза, Закот. Иҷро накардани фарз ҳаром аст. Ҳар касе фарзро инкор кунад, аз имон баргашта бошад.

Асосҳои имон 6 фарз аст:

1 – Имон доштан ба мавҷудият ва ягонагии Аллоҳ.

2 – Имон доштан ба фариштагоне, ки Аллоҳ офаридааст. 3 – Имон доштан ба китобҳое, ки Аллоҳ нозил кардааст. 4 – Имон овардан ба пайғамбарони Аллоҳ.

5 – Имон доштан ба Рўзи Ҷазо ва зинда шудан баъди марг.

6 – Имон доштан ба қазову қадари нек ва бад.

Асосҳои Ислом 5 фарз аст:

1 – Тасдиқи имон – калимаи шаҳодатро ба забон рондан.

2 – Дар моҳи Рамазон рўза доштан.

3 – Ҳар рўз панҷ вақт намоз гузоридан. 4 – Ҳаҷ кардан, агар фарз шуда бошад. 5 – Ҳар сол закот додани тавонгарон.

Фарзҳои таҳорати хурд (шустушў) – вузў 4 аст:

1 – Рўйро як бор шустан.

2 – Дастонро то оринҷ шустан.

3 – Масҳ кардани чаҳоряк қисми сар.

4 – Шустани пойҳо то шитоланг.

Дар таҳорати калон – ғусл 3 фарз аст:

  1. Мазмаза кардани даҳон.
  2. Об ба бинӣ кашидан.
  3. Шустани тамоми бадан, то дар он ҳеҷ ҷои хушк боқӣ намонад.

Дар таяммум (бо хок пок кардан) 2 фарз аст:

  • Нияти таяммум кардан.
  • Ду кафро ба хоки пок зада бо он рўйро масҳ кашидан; баъд такроран зада, бо он дастонро то оринҷ масҳ кашидан.

Дар намоз 12 фарз (6-то – берун аз намоз, 6-то – дар намоз)аст:

а) шартҳои намоз (фарзҳои берун аз намоз):

1 – Аз ҳадас пок шудан: ба воситаи вузў, ғусл ё таяммум кардан аз нопокии маънавӣ – ҳадас пок шудан.

2 – Пок кардан аз наҷас: пок кардани бадан, либос ва ҷои намозгузорӣ аз нопокиҳои табиӣ – наҷасҳо.

  •  – Сатри аврат: бо либос пўшонидани шармгоҳи бадан. Аврат барои мардон – қисми бадан аз ноф то қисми поини зону, барои занон – тамоми бадан, ба ғайр аз рўй, панҷаҳои дастону пойҳо аст.
  •  – Истиқболи қибла рўй овардан ба Каъба аст.
  • – Вақт – гузоридани ҳар як намоз дар вақти муайяншуда мебошад.
  • – Ният – хоҳишу иродаи дохилӣ доштан барои адои намоз аст.

б) Рукнҳои намоз (фарзҳо дар намоз):

1 – Такбири ифтитоҳ (калиди намоз): оғоз намудани намоз бо такбир, яъне «Аллоҳу Акбар» гуфтан.

2 – Қиём: намозро рост истода гузоридан, агар барои ин монеае набошад.

3 – Қироат: хондани сураҳои Қуръони карим дар намоз.

4 – Рукўъ: хам кардани миён.

5 – Суҷуд: сарро хам карда ба замин расонидан.

6 – Қаъдаи ахир: нишастан ҳангоми қироати дуои «ат-Таҳийёт» дар охири намоз.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …