Главная / Гуногун / ФАРОНСА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ФАРОНСА ДАР ОХИРИ АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Вазъи баьдиҷангии иқтисодиёти Фаронса. Ҷанг бо Пруссия барои Фаронса ниҳоят гарон афтод. Мамлакат хароб шуд. Садҳо шаҳру деҳаҳо корхонаҳои саноатй, бандарҳо, муассисахои маданй ва ғайра ба хок яксон шуданд. Истеҳсоли мол чандин маротиба кам шуд. Зарари умумии истеҳсолии пашм аз 15 млрд франкро ташкил кард. Ба замми ин мамлакат бояд ба Пруссия ба маблағи 5 млрд франк товони ҷанг медод. Ин маблағро давлат маҷбур буд, ки аз халқ тавассути вомбарг қарз бигирад.

Пруссия аз Фаронса вилоятҳои аз маъдану ангишт бойи шарқӣ – Элзас ва Лотарингияро кашида гирифт. Ин кор яку якбора Фаронсаро ба мамлакати ашёи ками табиидошта табдил дод. Ва маҷбур шуд, ки ангиштро аз давлатҳои дигар харида худро таъмнн кунад. Дар аввали ҳамин давра ба Фаронса лозим омад, ки оҳанро ҳам аз хориҷа бихарад

Дар масъалаи манбаи энергетикӣ аҳволи Фаронса бад буд. Бе он иқтисодиёти мамлакат тараққй карда наметавонист. Давлатҳои дигари сармоядорй дар ин бобат аз Фаронса хеле пеш гузашта буданд.

Соҳибкоронн Фаронса асосаи корхонаҳои хурду миёна месохтанд. Барои ҳамин моли истеҳсолкардаи онҳо кимат меафтид. Ба чунин мол Фаронса дигар бо мамлакатҳои пурқуввати саноатй рақобат карда наметавонист. Фаронса мавқееро, ки дар миёнаи асри XIX дошт, оҳиста-оҳиста аз даст дод. Он вақт аз рӯи истеҳсолоти саноатй Фаронса баьд аз Англия дар ҷои дуюм меистод, вале то охири асри XIX ба ҷои чорум фаромад.

 Аз миёнаи солҳои 90-ум cap карда болорзвин саноатии Фаронса аз нав оғоз ёфт. Дар солҳои 1900-ум истеҳсоли маъдаии оҳан 5.4 миллион тоннаро ташкил кард, соли 1913 бошад, истеҳсоли он то ба 22 миллион тонна Расид. Соҳаҳои дигари саноат ҳам рӯ ба тараққй ниҳоданд. Саноати электротехникӣ, автомобили, химиявй ва таҷҳизоти кинематографй ба муваффақияти калон ноил шуд. Аз руи истеҳсоли автомобил Фаронса дар ҷаҳон ба ҷои дуюм баромад.

Сарфи назар аз нотавонии саноат рафти марказонидани истехсолот ва ташкилсбии итгиҳодияҳои инҳисории Фаронеа вусьат меёбад. Ин раванд. пеш аз ҳама, дар он соҳаҳое, ки дар ин вақт рӯ ба тараққй буданд, ба назар мерасид. Соҳаҳои алоҳида қариб бо пуррагй дар дасти ин ва ё он инхнеор буданд. Саноати маъданкоркунй асосан дар дасти ду инҳисорӣ пуриктидор буд – “Комите де Форж” ва “Шнейдер – Крезе”. Дар саноати ангишт консернҳои “Кюлман” ва “Сен-Гобен”, дар саноати автомобилбарорй ширкатҳои “Рено” ва “Пежо”, дар кинематог рафия “Пате-Синема” ва ғайраҳо хукмронй мекарданд.

Дар Фаронса инҳисорхои калон бе банкҳо вуҷуд дошта наметавонистанд ва баръакс. Бинобар ин дар байни онҳо аллакай ҳамкорй барқарор гардид.

Ба марказонидани истеҳсолот ва ба вуҷуд омадани ширкатҳои инҳисорӣ нигоҳ накарда Фаронеа аз давлатҳои пуриқтидори сармоядорй хеле ақиб мемонд. Мо инро дар содироти молии он ҳам дида метавонем. Дар ин бобат дар ҷои якум пашм, дар ҷои дуюм газвор, дар ҷои сеюм абрешим, дар ҷои чорум шароб, дар ҷои ҳаштум маснуоти химиявй ва танҳо дар ҷои даҳум автомобил меистод. Аз рӯи суръати марказонидани истеҳсолот Фаронеа аз ИМА. Германия ва Англия ақиб мемонд.

Моҳняти империализми Фаронса. Соҳибкорони Фаронса сармояи банкиро дар саноат нагузошта, бештар ба хориҷи кишвар мебароварданд. Давлатҳои дигари империалистаи, аз он ҷумла, Англия, ИМА ва Германия бошанд, ба хориҷа ҳам мол мебароварданду ҳам сармоя. Ин мамлакатҳо ба хориҷа пулро бештар барои он мебароварданд, ки корхонаҳоро дар наздикии бозорҳо сохта, аз истеҳсоли моли онҳо даромади бештар бигиранд. Фаронса бошад, дар тиҷорати хоричй бештар ба судхӯрӣ машғул буд. Сармоядорони Фаронса ва худи давлат ҳам ба давлатҳои хориҷй пул қарз дода, аз онҳо фоизи баланд меситониданд. Бо ҳамин мақсад маблағи умумии сармояи ба хорича баровардаи Фаронса то соли 1914 зиёда аз 60 млрд франкро ташкил кард. Ин маблағ иисбат ба соли 1890 қариб се баробар зиёд аст.

Барой даромади калон гирифтан Англия сармояашро асосан ба мустамликаҳояш мебаровард. Вале Фаронса бошад, ба мустамликаҳои худ ниҳоят кам пул сарф мекард. Дар ибтидои асри XX аз 35 млрд франки содиркардааш танҳо 3 миллиардашро дар мустамликаҳо маблағгузорй карда буд, ки он аз 10 фоизи ин маблағ камтар аст.

Фаронса сармояро ба хориҷа дар шакли вомбарги давлатй ҳам мебаровард, ки он фоизи калони даромади судхўрй медод. Дар солҳои 1909 1913 сармояи судхӯрии солонаи Фаронса тахминан 1 млрд 800 млн франкро ташкил кардааст.

Судхӯрӣ ба сармоядорон даромади калон медод, вале барои давлатй Фаронса он дар роҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат монеаи бузург буд. Судхӯрй Фаронсаро дар ҳолати нимсаноатию нимкишоварзй нигоҳ медошт.

Сохти сиёсин Фаронса. Баъди шикасти Коммунаи Париж Маҷлиси Милли худро Маҷлиси Муассисон номида, фаъолияташро давом дод. Тарафдорони сохти шоҳии мамлакат тавассуги парламент дар Фаронса мутлақиятро барқарор карданй буданд, вале ба онҳо ин кор муяссар нашуд. Сарвазир Тиер нағз мефаҳмид, ки барқарор карданй ҳокимияти мутлақа норозигии мардумро ба вуҷуд хоҳад овард. Барои ҳамин дар мавқеи маҳфуз доштани сохти ҷумҳурияти истод, ҳарчанд дар сохта ҷумҳуриятй на ҳама тарафҳояш ба ӯ маъкул буд. Маҳз бо ҳамин сабаб Тиер озодии матбуотро маҳдуд кард ва Горди Миллиро барҳам дод.

Дар интихоботи иловагии солҳои 1872-1873 ҷумҳуриятхоҳон ғалаба карданд. Онҳо аз 150 ваколатномаи вакилӣ 128-гояшро ба даст дароварданд.

Мутлақиятхоҳони Фаронса бо роҳи осоишта орзуи худро амалй карда натавонистанд. Барой ҳамин ба табаддулоти давлатӣ тайерй диданд. Онҳо ният доштанд, ки ба таҳти шоҳии Фаронса граф Шамборро бо унвони Генрихи V шинонида, граф Парижскийро меросхӯри тоҷу тахти шоҳ зълон кунанд. Моҳи октябри соли 1873 бо сардории граф Шамбор бояд табаддулоти давлатӣ ба амал меомад, вале аз он аҳди ҷомеаи ҷумҳуриятхоҳ бохабар шуда, пеши роҳашро гирифт. Табаддулогчиён аз халқ сахт тарсиданд. Граф Шамбор аз роҳбарй ба табаддулот даст кашид.

Ҳайати Мачлиси Миллӣ, ки қисми зиёдаш мутлақиятхоҳ буд, мустақилиятро дар Фаронса аз нав барқарор карда натавонист. Барой ҳамин маҷбур шуд, ки ба ҷонибдории чумҳурй овоз диҳад. Ҳамин тариқ 30 январи соли 1875 Фаронса ҷумхурй эълон гардид. Худи ҳамон сод Конститутсияи Ҷумҳурии Фаронса қабул карда шуд. Дар аввал сохти ҷумҳуриятии Фаронса маҳдудиятҳои зиёд доишт. Вале оҳиста-оҳиста дар онҳо системаи сиёсии бисёрҳизбӣ ташаккул ёфт ва ин давлат то аввали асри XX пурра бо роҳи ҷумҳуриятй дохил гардид.

Сиёсати хориҷии Фаронса. Сарфи назар аз камқувватии худ империализми Фаронса барои забт кардани мустамликаҳо нерӯманд буд. Ҷангҳои мустамликазабткунии Фаронса, ки дар зарфи зиёда аз 20 сол кам шуда буданд, аз оғози солҳои 90-ум аз нав қувват гирифтанд. Ин вақт Фаронса аввал Гвинеяю Дагомея ва баъд дар Саҳрои Кабири Африка Тимбуктуро забт кард. Дар ин давра Фаронса протекторати худро бар Ҷанубу Шарқии Осиё ҳам ҷорй намуд.

Соли 1898 дар ҷанг бо Судон Фаронса ба рақобати сахти Англия дучор шуд. Ин рақобат қариб буд, ки ба ҷанги байни онҳо оварда расонад.

Моҳи апрели соли 1904 Фаронса бо Англия Созишномаи “Антанта”-ро имзо гузошт. Баъди ин он бар зидди Германияву Италия ва Австро-Венгрия ба ҷанг тайёрй дидан гирифт. Дар Доираи ин паймон Фаронса бо Русия низ созишнома баст. ‘Антанта” ба Фаронса имконият дод, ки Марокашро забт кунад, яъне Англия ба Фаронса дар кори ишғол кардани ин давлат монеъ нашуд.

Соли 1910 ҳукумати Фаронса барномаи бузурги сохтмони флоти ҳарбӣ-баҳрии худро қабул кард. Барой хубтар амалй кардани ин барнома ба вазифаи вазири флоти баҳрӣ Дилкассе таъйин гардид. Ин адмирал бо сиёсати зиддигерманиявии худ машҳур буд ва кори ҳарбии баҳриро хеле хуб медонист. Бе иштироки фаъолонаи ӯ дар лашкар ислоҳот ҳам гузаронида шуд.

То ин вақт Фаронса яке аз мамлакатҳои калонтарини мустамликадори ҷаҳон буд. Вай на танҳо мустамликаҳояшро аз даст додан намехост, балки ният дошт аз ҳисоби ишғол кардани мустамликаҳои нав ҳудудҳои империям Фаронсаро боз ҳам васеътар кунад. Барои пиёда намудани ҳамин ният Фаронса ба ҷанги дар пешистода босуръат тайёрй медид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …