Главная / Ҷамъият / ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ  

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 272)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим  менамояд.  

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

future, technology, business and people concept - close up of male hand with smartphone and hologram of graph
future, technology, business and people concept – close up of male hand with smartphone and hologram of graph

фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи  таҳқиқоти илмӣ,  корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот, хизматрасонӣ, усули истеҳсолот ё дигар натиҷаи самараноки  ҷамъиятӣ равона карда шудааст;

инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад;

маҳсулоти инноватсионӣ – натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият  самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ  ифода меёбад;

лоиҳаи инноватсионӣ – натиҷаи нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба  истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир  таҳия мегардад;

иқтидори инноватсионӣ – маҷмӯи шаклҳои гуногуни захираҳои зеҳнӣ, молиявӣ, истеҳсолию технологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ заруранд;

сиёсати давлатии инноватсионӣ – фаъолияти мақомоти  давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;

стратегияи рушди инноватсионӣ – маҷмӯи тадбирҳои идоракунии давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмӯҳлат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд;

барномаи мақсадноки инноватсионӣ – маҷмӯи чорабиниҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, хоҷагидорӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва ғайра, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо захираҳо, иҷрокунандаҳо ва мӯҳлатҳои амалигардонии онҳо, ки ҳадафашон иҷрои самараноки масъалаҳои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои инноватсионӣ мебошад, равона шудаанд;

ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ – технопаркҳо, технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд;

фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути  маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад;

фонди венчурӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он ба андӯхтани воситаҳои молиявӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои инноватсионии таваккали  баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок равона гардидааст.  

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  

БОБИ 2. СУБЪЕКТ, ОБЪЕКТ ВА НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ  

Моддаи 3. Субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

Ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ  дохил мешаванд:

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд;

– соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣ иштирок менамоянд;

– сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузорӣ менамоянд;

– ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ;

– мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд.

Моддаи 4. Объектҳои фаъолияти инноватсионӣ

Ба объектҳои  фаъолияти инноватсионӣ  дохил мешаванд:

– маҳсулоти инноватсионӣ;

– дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дорои иттилооти нав ва самарабахши техникӣ мебошанд;

– объектҳои ҳуқуқи истисноие, ки бо офаридани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;

– лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳо, кору хизматрасонӣ, ки бо офаридан, истифода ва паҳн намудани  маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд;

– дороиҳои молиявӣ ва коғазҳои қиматноки ташкилотҳои инноватсионӣ.

Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инноватсионӣ

Ба фаъолияти инноватсионӣ   дохил мешаванд:

– ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ;

– иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои ба даст овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иқтисодӣ татбиқ мегарданд, равона шудаанд;

– ташкили бозори фурӯши маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и   инноватсионӣ;

– азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозии истеҳсолот;

– гузаронидани озмоишҳо бо мақсади сертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (кору хизматрасониҳо);

– истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и  нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода қарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷоми мӯҳлати меъёрии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ;

– ташкил ва рушди инфрасохтори  инноватсионӣ;

– тарғиби  натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия;

– ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣ ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва татбиқи онҳо;

– дигар намудҳои фаъолият, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 6. Муносибатҳои шартномавӣ байни субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

  1. Фаъолияти инноватсионӣ бо мақсади азхудкунии истеҳсолӣ, таҳвили дастовардҳо ва натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва ё илмию техникӣ дар асоси шартномаҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– оид ба иҷрои корҳои лоиҳавӣ, кашшофӣ, техникӣ, илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ зарур мебошанд;

– оид ба хизматрасонӣ барои амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ ва суғуртаи таваккалҳои инноватсионӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳо;

– бо сармоягузороне, ки тартиб ва шаклҳои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳисоб ва қабули натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳоро муайян мекунанд;

– дигар шартномаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

  1. Иҷрокунанда тибқи  шартномаи инноватсионӣ ӯҳдадор мешавад, ки истифодаи маҳсулот (кор ва хизматрасониҳо)-и навро омода ва таъмин намояд. Фармоишгар ӯҳдадор мешавад, ки ба иҷрокунанда ҳуҷҷатҳо ва иттилооти дахлдорро пешниҳод намуда, натиҷаи фаъолияти инноватсиониро қабул ва маблағи маҳсулотро пардохт кунад.
  2. Бастани шартномаҳо, интихоби шарикон барои иштирок дар фаъолияти инноватсионӣ, муайян намудани ӯҳдадориҳо, шартҳои дигари муносибатҳои тарафайн, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ҳуқуқи истисноии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ маҳсуб меёбад.
  3. Натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ моликияти ҳиссавии субъектҳои фаъолияти инноватсионие мебошанд, ки дар татбиқи он бевосита иштирок намудаанд, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

БОБИ 3. СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИННОВАТСИОНӢ

Моддаи 7. Асосҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

  1. Асосҳои сиёсати давлатии инноватсиониро ташкил медиҳанд:

– стратегияи рушди инноватсионӣ;

– барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ, ки мутобиқи стратегияи рушди инноватсионӣ таҳия шуда, аз  вазифаҳо барои давраи муайян, нишондодҳои назоратшаванда, номгӯи чорабиниҳои алоҳида ва чораҳои дастгирии давлатие иборат мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти  давлатӣ ба субъектҳои фаъолияти  инноватсионӣ пешниҳод мегарданд;

– иттилоот  оид ба натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки барои ҳар як барномаи алоҳида асоси низоми мониторинги татбиқи сиёсати инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.

  1. Сиёсати давлатии инноватсионӣ инҳоро дар бар  мегирад:

– принсипҳои асосии  ташаккулёбии  стратегияи рушди инноватсионӣ;

– усулҳои  татбиқ, механизм ва манбаъҳои маблағгузории стратегияи рушди инноватсионӣ;

– самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ;

– намудҳои афзалиятноки маҳсулоти инноватсионӣ.

Моддаи 8. Стратегияи рушди инноватсионӣ

  1. Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ (минбаъд – мақоми ваколатдор)  дар асоси барномаҳои дарозмӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  2. Баъди анҷоми мӯҳлати татбиқи стратегияи рушди инноватсионӣ мақоми ваколатдор оид ба татбиқи он  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.

Моддаи 9. Барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ

  1. Бо мақсади рушди фаъолияти инноватсионӣ дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия карда мешаванд.
  2. Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки бо мақсади ворид намудан ба барномаи мақсадноки инноватсионӣ пешниҳод мегарданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ  ИННОВАТСИОНӢ

Моддаи 10. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

  1. Мақсади асосии сиёсати давлатии инноватсионӣ баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар асоси таҳия ва паҳн кардани дастовардҳои заминавиест, ки инноватсияро беҳтар гардонида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои миллии стратегиро таъмин менамояд.
  2. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

– фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, бо истифода аз иқтидорҳои инноватсионӣ, технологияҳои аз ҷиҳати энергетикӣ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тозае, ки барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунанд;

– ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки рушди фаъолияти инноватсионӣ ва ҳимояи манфиатҳои субъектҳои фаъолияти инноватсиониро таъмин менамояд;

– дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва ташаккули  инфрасохтори инноватсионӣ;

– ҷалби субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна ба фаъолияти инноватсионӣ;

– таъмини ҳамкории илм ва истеҳсолот;

– мусоидат ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва моликияти зеҳнӣ;

– ҷалби сармояи бонкҳо, дигар сохторҳои молиявӣ ва маблағгузориҳои шахсӣ барои таъсис ва дар амал ҷорӣ намудани инноватсия;

– мусоидат ба ташаккули низоми тайёр кардани мутахассисон, бозомӯзӣ   ва такмили  ихтисоси онҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ.

Моддаи 11. Принсипҳои сиёсати давлатии инноватсионӣ

Сиёсати давлатии инноватсионӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– таъсис, нигоҳдорӣ, рушд ва истифодаи самараноки иқтидори инноватсионӣ;

– эътирофи афзалиятнокии  фаъолияти инноватсионӣ;

– танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамбастагӣ бо фаъолияти самараноки механизми рақобатпазир дар соҳаи инноватсия;

– шаффоф ва ошкор будани интихоби самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ, механизмҳои ташаккул ва татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки ба манфиати давлат амалӣ карда мешаванд;

– ҳамгироии фаъолияти инноватсионӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, илмию техникӣ ва илмию таълимӣ;

– мутамарказонии захираҳо бо мақсади  рушди фаъолияти инноватсионӣ;

– махфияти натиҷаҳои инноватсионие, ки аз рӯи моҳияти худ сирри давлатӣ мебошанд;
– ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ ва моликияти зеҳнӣ.

БОБИ 5. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ

Моддаи 12. Шаклҳои танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ

  1. Мақомоти давлатӣ   шаклҳои зерини танзими фаъолияти инноватсиониро  истифода менамоянд:

–  муайян намудани афзалиятҳои рушди инноватсия;

– таҳия, татбиқ ва маблағгузории барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ ва дигар барномаҳо, аз ҷумла дар самти ҳавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсионӣ;

– пешбинии маблағҳои буҷетӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ доир ба самарабахшии  натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ, ҷойгиронии фармоишҳо ба таҳвили мол, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҷойгир намудани фармоиши давлатӣ барои хариди маҳсулоти дар натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ истеҳсолшуда дар доираи барномаҳое, ки мутобиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ тасдиқ шудаанд;

– таъсиси фондҳои инноватсионӣ ва венчурӣ, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, саҳмгузорӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ бо мақсади таъсиси субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ, ки барои рушди равандҳои инноватсионӣ  муҳиманд;

– андешидани чораҳои зарурӣ оид ба тарғиби фаъолияти илмию техникӣ дар воситаҳои ахбори омма ва баланд бардоштани сатҳи ҷалби сармоя ба фаъолияти инноватсионӣ.

  1. Танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳо амалӣ гардад.

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ

  1. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

– маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амалӣ таъин  шудаанд;

– ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ  ё истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар;

–  муқаррар намудани имтиёзҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мусоидат ба рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва  дигар  ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд;

– дастгирии истеҳсолию технологии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ;

– расонидани хизматҳои махсусгардонидашуда ва машваратӣ;

– маблағгузории корҳо оид ба  тайёр намудан ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мутахассисон дар соҳаи  фаъолияти инноватсионӣ;

– фароҳам овардани шароити зарурии ташкилӣ, ҳуқуқӣ  ва иқтисодӣ, ки сармоягузориро барои татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ таъмин менамояд;

– ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истеҳсолот ва хизматрасонӣ;

– иштирок  дар ташкили  истеҳсолоти рақобатпазир;

– таъмини бозори кафолатноки фурӯши маҳсулоти инноватсионӣ дар асоси фармоиши давлатӣ;

– пешбарии инноватсияҳои ватанӣ ба бозори хориҷӣ;

– дигар шаклҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

  1. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар мӯҳлати талофияти лоиҳаи инноватсионӣ, вале на зиёда аз панҷ соли баъди татбиқи амалии он таъмин  карда мешавад.
  2. Дастгирии давлатии азхудкунӣ ва паҳнкунии маҳсулоти  инноватсионӣ дар давраи муқарраршуда пешниҳод гардида, дар ин мӯҳлат он маҳсулоти инноватсионӣ ҳисобида мешавад.

Моддаи 14. Талаботи асосӣ ба лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои дастгирии давлатӣ пешниҳод мешаванд

Лоиҳаҳои инноватсионии барои дастгирии давлатӣ пешниҳодшаванда бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

– дорои пешниҳодҳое бошанд, ки бо мақсади ягонаи таъсиси инноватсияҳо муттаҳид шудаанд;

– дорои асосноккунии техникӣ ва мақсаднокии иқтисодии татбиқи лоиҳаи инноватсионӣ бошанд;

– дар ҳолатҳое, ки дастгирии давлатӣ бо шарти баргардонидани маблағ ба буҷет амалӣ мешавад, тасдиқи баргардонидани маблағ пешниҳод карда шавад;

– дорои ҳуҷҷатҳое бошанд, ки мавҷудияти  навоварӣ, мӯҳлати муайяни вақт, ки дар давоми он маҳсулот инноватсионӣ ҳисобида мешавад,  инчунин  ҳимояи ҳуқуқии лоиҳаи инноватсиониро  таъмин карда тавонанд;

– дорои нақша ва ҷадвали татбиқи  лоиҳаи инноватсионӣ бошанд;

– дорои хулосаи ташхисии мусбии мақоми ваколатдор бошанд, ки маводи пешниҳодгардидаи лоиҳаи инноватсиониро ҳамаҷониба арзёбӣ намояд.

Моддаи 15. Тартиби пешниҳод ва асосҳо барои рад намудани лоиҳаҳои инноватсионие, ки барои дастгирии давлатӣ пешниҳод шудаанд

  1. Тартиби аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ пешниҳод кардани лоиҳаҳои инноватсионӣ барои дастгирии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муқаррар карда мешавад.
  2. Агар лоиҳаи ииноватсионии ба дастгирии давлатӣ пешниҳодшуда ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошад, мақоми ваколатдор дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи муроҷиати субъекти фаъолияти инноватсионӣ ба он  раддияи далелнок мефиристад.
  3. Асосҳо барои рад намудани дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ инҳоянд:

– мувофиқат накардани лоиҳаи инноватсионии пешниҳодгардида ба талаботи моддаи 14 Қонуни мазкур;

–  қарздор будани субъекти фаъолияти инноватсионӣ дар назди ташкилотҳои қарзӣ ва буҷет.

  1. Аз рӯи қарори мақоми ваколатдор оид ба рад намудани дастгирии давлатии лоиҳаи инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти инноватсионӣ

Фаъолияти инноватсионӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, грантҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ салоҳияти зеринро дорад:

– самтҳои асосии сиёсати давлатии инноватсиониро муайян менамояд;

– стратегияи рушди инноватсиониро тасдиқ  менамояд;

– мақоми ваколатдорро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ муайян менамояд;

– татбиқи барномаҳои мақсадноки инноватсиониро назорат мекунад;

– барои ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

– чораҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиониро муайян менамояд;

– дигар салоҳиятро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 18. Ваколатҳои  мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

Мақоми ваколатдор дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ  ваколатҳои зеринро дорад:

– стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсиониро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

– ташхис ва озмуни лоиҳаҳои инноватсиониро мегузаронад;

– мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти инноватсиониро тибқи самтҳои мақсадноки фаъолияти онҳо, ки стратегияи рушди инноватсионӣ тасдиқ намудааст, амалӣ менамояд;

– ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ барои ихтиёрдорӣ ё истифодабарӣ молу мулки давлатӣ,  дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробарро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

– ваколатҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 19. Ваколатҳои  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд:

– дар асоси стратегияи рушди инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки инноватсионӣ таҳия намудани арномаҳои мақсадноки инноватсионии маҳал ва  пешниҳод намудани онҳо ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи дахлдор;

– ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор  барои ихтиёрдорӣ ё  истифодабарӣ пешниҳод намудани молу мулки давлатӣ, дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонидашудаи ба онҳо баробар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20. Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ

Ҳамкории байналмилалии субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

              Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ  РАҲМОН

         ш. Душанбе,

16 апрели соли 2012,

               № 822

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …