Главная / Ҷамъият / Фаъолияти эҳсонкорӣ (хайриякунӣ)

Фаъолияти эҳсонкорӣ (хайриякунӣ)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №4, мод.148)

Бо мақсади ривоҷ додани эҳсонкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро муқаррар намуда, шаклҳо, мақсадҳои асосӣ ва роҳу воситаҳои имконпазири дастгирии онро аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ муайян мекунад, ҳамчунин хусусиятҳои таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва фаъолияти онҳоро бо роҳи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва маънавии субъектҳои дар фаъолияти эҳсоикорӣ иштирок дошта, дастгирӣ мекунад.

xair-kardan

Боби 1. Муқаррароти умумӣ 

Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Фаъолияти эҳсонкорӣ фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кӯмак, аз ҷумла ба тарзи беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии муҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин   ёрирасонианд, аз ҷумла ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу амвол ва маблағҳои пулӣ, беғаразона иҷро намудани корҳо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратиест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда, барои иҷрои мақсадҳои эҳсонкорӣ барпо гардидааст ва мақсади асосии фаъолияти он эҳсонкорӣ буда, ба манфиати ҷамъият ё шахсони алоҳида амалӣ мегардад.

Барномаи эҳсонкорӣ маҷмӯи чорабиниҳо бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти эҳсонкорӣ оиди ҳалли масълаҳои аниқи иҷтимоӣ, ки ҷавобгӯи вазифаҳои оинномавии ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд. Барномаи эҳсонкорӣ сметаи эҳтимолии даромадҳо ва хароҷотҳои нақшавиро дарбар мегирад, ки бевосита барои нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ (аз он ҷумла маоши кормандоне, ки дар амалигардонии барномаҳо банд ҳастанд) равона карда мешавад.

Эҳсонкорон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти эҳсонкориро бо чунин шаклҳо ба ҷо меоранд:

– беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани молу амвол, аз он ҷумла маблағҳои пулӣ ва обектҳои моликияти ақлонӣ ҳамчун моликият;

– беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода ва ифодакунии ҳама гуна объектҳои ҳуқуқи моликият дошта;

– беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) иҷро намудани корҳо, расонидани хизмат ба эҳсонкорон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

Эҳсонкорон ҳуқуқ доранд мақсадҳо ва тартиби истифодабарии хайрияи худро муайян намоянд.

Эҳсонгирҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ихтиёриён шахсони воқеие, ки фаъолияти эҳсонкориро дар шакли меҳнати ройгон ба манфиати эҳсонгирҳо, аз ҷумла ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба ҷо меоранд. Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад хароҷотҳои ихтиёриёнро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо дар ин ташкилот вобастаанд (хароҷоти сафарҳои корӣ, роҳкиро ва ғайра) пардохт намояд.

Фонди эҳсонкорӣ ташкилоти беузвияти эҳсонкорӣ, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дар асоси саҳми ихтиёрии амволӣ таъсис дода шудааст ва мақсад аз он эҳсонкорист.

Грантҳо амволе (аз ҷумла маблағҳои пулие), ки ба шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои амалӣ гардонидани барномаҳо ва лоиҳаҳо ба тарзи бебозгашт дода мешаванд.

Хайрия кӯмаки ихтиёрии бебозгаште, ки дар шакли пулӣ ва ё дигар шакл ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ё ба шахсони воқеӣ, ки ба ин кӯмак муҳтоҷанд, бо мақсадҳои эҳсонкорӣ ба тартиби муайянкардаи Қонуни мазкур дода мешавад.

Ҷамьиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ ташкил мекунанд ташкилотҳое, ки даромади худро ба мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ равона мекунанд ва муассисони (иштирокчиёни) онҳо танҳо ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд.

Моддаи 3. Мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ

Ба фаъолияти эҳсонкорӣ инҳо дохиланд:

– дастгирии иҷтимоӣ, мутобиқат ва ҳимояи шахсони воқеӣ, аз ҷумла бехтаркунии вазъи моддӣ, офияти иҷтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсон, ки бо сабаби хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлонии худ ё дигар ҳолатҳо мустақилона ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба амал бароварда наметавонанд;

– ёрӣ ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони воқеии муҳтоҷи мутобиқати иҷтимоӣ ё ҳифзи иҷтимоӣ;

– ёрӣ ба бачаҳое, ки падару модар (волидайн) надоранд, ба муассисаҳои бачагона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин бачагонро нигоҳубин мекунанд;

– ёрӣ ба модарону кӯдакон оид ба мусоидати ҳимояи онҳо;

– баланд бардоштани обрӯ ва мақоми оила дар ҷомеа;

– ёрӣ ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо машғуланд;

– ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ, инчунин қурбониҳои ҷазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;

– дастгирӣ ба шахсони воқеии муҳтоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз ҷумла хароҷоти рафту омад то маҳалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;

– мусоидат барои фаъолият дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон, инчунин тарғиботи тарзи ҳаёти солим, беҳгардонии вазъи   маънавию рӯҳии шаҳрвандон;

– мусоидат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз ҷумла таъсиси стипендияҳо;

– мусоидати фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ;

– ҳифзи аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист аз олудашавӣ ё таъсири дигари зараровар;

– ёрӣ ба муассисаҳои пенитенциарӣ (ислоҳотӣ), агар фаъолияти онҳо барои беҳбуд бахшидани шароитҳои нигоҳдорӣ ё хизматрасонии тиббии маҳкумон равона шуда бошанд;

– мусоидат барои пойдории сулҳ, дустӣ, хамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва мазҳабӣ;

– ҳифз ва дар ҳолати муносиб нигоҳдории биноҳо, объектҳо ва минтақаҳои дорои аҳамияти таърихӣ, динию оинӣ ва фарҳангӣ;

– мақсадҳои дигари аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 4. Ҳуқуқ барои фаъолияти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бемонеа фаъолияти эҳсонкориро дар асоси ихтиёрӣ ва озодии интихоби мақсадҳои нафъи умумӣ ба амал бароранд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд озодона фаъолияти эҳсонкориро алоҳида ё дар муттаҳидӣ, бо роҳи таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ё бе таъсиси он ба амал бароранд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқи маҳдуд кардани интихоби озодонаи мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ ва тарзи иҷрои онҳоро, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, надорад.

Моддаи 5. Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ

Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ инҳоанд:

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти эҳсонкориро ба амал мебароранд, аз ҷумла бо роҳи дастгирии ташкилоти мавҷуда ё таъсиси ташкилоти нави эҳсонкорӣ (эҳсонкорон, ихтиёриён);

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ ба амал бароварда мешавад (эҳсонгирҳо).

Моддаи 6. Ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ – ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратие мебошад, ки ба мақсадҳои иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис шуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти эҳсонкорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳолати зиёд шудани қисми даромади ташкилоти эҳсонкорӣ аз хароҷотҳо, он маблағи барзиёд набояд байни муассисони онҳо тақсим шавад, балки барои амалӣ гардонидани мақсадҳое, ки ба хотири онҳо ташкилоти эҳсонкорӣ таъсис шудааст, равона карда мешавад.

Моддаи 7. Шаклҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба шакли ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо), фондҳо, муассисаҳо ва дигар шаклҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти эҳсонкорӣ пешбинӣ намудааст, ташкил карда мешаванд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ мумкин аст ба шакли муассиса ташкил ёбад, агар муассиси он ташкилоти эҳсонкории дигаре бошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛДИҲӢ, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 8. Муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба шаклҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, муассиси он шуда метавонанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, инчунин корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳо муассиси ташкилоти эҳсонкорӣ шуда наметавонанд.

Моддаи 9. Барпо кардани ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ мумкин аст бо роҳи таъсис додан ё бо роҳи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) барпо карда шавад.

Барпо кардани ташкилоти эҳсонкорӣ бо роҳи таъсисдиҳӣ бо қарори муассисон (муассис) амалӣ гардонида мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барпошуда ба ҳисоб рафта, шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Моддаи 10. Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ

Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

– ном, мақсад ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;

– сохтори ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши ташкилоти эҳсонкорӣ;

– шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ташкилоти мазкур дар ташкилотҳое, ки узвият доранд;

– ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;

– салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти ташкилоти эҳсонкорӣ, мӯҳлатҳои ваколатҳои онҳо, маҳаллӣ воқеъ гардидани мақоми доимамалкунанда;

– тартиби дохил намудани тағйирот ва иловаҳо дар оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

– манбаи ташкилёбии воситаҳои пулӣ ва дигар амволи ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқи ташкилоти эҳсонкорӣ ва воҳидҳои сохтории он дар идоракунии амвол;

– тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилоти эҳсонкорӣ;

– қоидаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

Моддаи 11. Ба қайди давлатӣ гирифтани ташкилоти эҳсонкорӣ

Бақайдгирии давлатии ташкилоти эҳсонкорӣ, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Аз рӯи қарори мақомоти бақайдгиранда дар бораи рад кардани бақайдгирии ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин саркашӣ аз бақайдгирӣ бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 12. Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ, мақоми дастаҷамъии он (маҷлиси умумӣ мебошад, ки бо тартиби муайянкардаи оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ ташкил карда мешавад.

Қарорҳо дар бораи барпо кардани ташкилоти эҳсонкорӣ ва тасдиқи оинномаи он дар маҷлиси умумӣ қабул карда мешаванд.

Ба ваколати истисноии мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо дохил мешаванд:

– тағйир додани оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

– созмон додани мақомоти иҷроияи ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти назоратӣ-тафтишотӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти онҳо;

– тасдиқи барномаҳои эҳсонкорӣ;

– тасдиқи нақшаи солона, буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ ва ҳисоботи солонаи он;

– қабули қарорҳо оид ба таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, оиди иштирок дар чунин ташкилотҳо, кушодани филиалҳо ва намояндагиҳо;

– қабули қарорҳо оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои эҳсонкорӣ  (ба истиснои фондҳои эҳсонкорӣ).

Аъзоёни мақомоти олии ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони масъули ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надоранд, ки вазифаҳои штатиро дар маъмурияти ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки муассиси (иштирокчии) онҳо ҳамин ташкилоти эҳсонкорӣ мебошад, ишғол намоянд.

Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар вақти барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ, амволи боқимондаи он, баъди иҷрои талаботи қарзхоҳон (кредиторҳо), барои мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муқарраркардаи оиннома, ё бо қарори комиссияи барҳамдиҳӣ, агар тартиби истифодаи амволи ташкилоти эҳсонкорӣ дар оинномаи он пешбинӣ нашуда бошад, истифода мешавад.

БОБИ 3. ШАРТҲО ВА ТАРТИБИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 14. Фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияташро, ки барои иҷрои ҳадафҳои ба миён гузоштааш равона шудаанд, инчунин фаъолияти эҳсонкориеро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, ба амал барорад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ба фаъолияти ҷалби захираҳо ва иҷрои амалиётҳои ғайритиҷоратӣ машғул шавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти соҳибкориро танҳо барои ҳадафҳое, ки маҳз барои онҳо ва ба ҳамин ҳадаф марбут ташкил шудааст, анҷом диҳад.

Баҳри фароҳам овардани шароити моддие, ки барои бадастоварии ҳадафҳояш зарур мебошад, ташкилоти эҳсонкор ҳуқуқ дорад ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад. Иштироки ташкилоти эҳсонкорӣ дар ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ якҷоя бо шахсони дигар мумкин нест.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳақ надорад маблағҳо ва амволи худро барои дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва маъракаҳои сиёсӣ сарф намояд ва истифода барад.

Моддаи 15. Филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ташкил диҳад ва намояндагиҳои худро кушояд.

Ташкили филиалҳои ташкилоти эҳсонкорӣ ва кушодани намояндагиҳояш дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигаре дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.

Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ ба хисоб намераванд ва амволеро соҳибанд, ки ташкилоти эҳсонкории онҳоро ташкил карда ба онҳо додааст ва дар асоси низомномаи аз тарафи онҳо тасдиқ шуда амал мекунанд. Амволи филиалҳо ва намояндагиҳо, дар баланс алоҳидаи онҳо, инчунин дар баланси ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба ҳисоб гирифта мешавад.

Роҳбарияти филиалҳо ва намояндагиҳо аз тарафи мақомоти олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ таъин карда мешаванд ва дар асоси бовариномае, ки ташкилоти эҳсонкорӣ ба онҳо додааст, амал мекунанд.

Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба амал мебароранд. Ташкилоти эҳсонкорие, ки филиалу намояндагиҳоро ташкил додааст, барои фаъолияти онҳо масъул мебошад.

Моддаи 16. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳои таъсисӣ ва оиномаҳое, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ қабул кардаанд, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавиашон, иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) ташкил диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд.

Аъзои иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд.

Иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надоранд. Аъзои иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) пешбинигардида масъулияти субсидиарӣ доранд.

Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани иттиҳодияҳои (ассотсиатсия ва иттифоқҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз он ҷумла бо иштироки иттиҳодияҳои хориҷии ғайритиҷоратӣ, бо тартиби   муtаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 17. Манбаҳои ташаккулёбии амволи ташкилоти эҳсонкорӣ

Манбаҳои ташаккулёбии амволи ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд:

– пардохти муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ;

– ҳаққи аъзогӣ (барои ташкилотҳои эҳсонкории аз аъзоён иборатбуда);

– хайрияи эҳсонкорӣ, аз ҷумла хайрияи мақсаднок (грантҳои эҳсонкорӣ), ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шакли пул ё мол додаанд;

– даромад аз амалиётҳои ғайритиҷоратӣ;

– даромад аз коғазҳои қимматнок;

– воридот аз фаъолияти соҳибкорие, ки мувофиқи ҳамин Қонун иҷозат шудааст;

– воридот аз фаъолияти ҷалби захираҳо (гузаронидани маъракаҳои ҷалби эҳсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабиниҳои шавқангез, фарҳангӣ, варзишӣ, гузаронидани маърақаҳои ҷамъоварии хайрияи эҳсонкорӣ, лотореяҳо, ауксионҳо) бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчумин фурӯши амвол ва хайрияи аз эҳсонкорон омада, мувофиқи хоҳиши онҳо;

– воридот аз фаъолияти ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилоти эҳсонкор таъсис додааст;

– меҳнати ихтиёриён;

– дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаасту ба амалӣ кардани фаъолияти асосии ташкилоти эҳсонкорӣ вобастааст.

Моддаи 18. Амволи ташкилоти эҳсонкорӣ

Дар ташкилоти эҳсонкорӣ ҳамчун моликият ё бо ҳуқуқи дигари амволӣ буда метавонанд: биноҳо, иншоот, таҷҳизот, маблағҳои пулӣ, коғазҳои қимматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиҷаи фаъолияти ақлонӣ ва навъҳои амволи дигар, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад.

Ташкилоти эҳсонкор метавонад бо моликияти худ ё амволи дигари дар ихтиёраш буда доду гирифт намояд, ба шарте, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ташкилот ва ҳуқуқи эҳсонкор мухолифат накунад.

Ташкилоти эҳсонкор ҳуқуқ надорад барои пардохти ҳаққи меҳнати кормандони маъмурию идоравиаш беш аз 20 фоизи маблағҳои молиявии дар соли молиявии ташкилот сарфшавандаро харҷ намояд.

Дар мавриде, ки эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиботи дигар муқаррар карда бошад, на камтар аз 80 фоизи хайрияи эҳсонкорӣ ба шакли пул бояд барои мақсадҳои эҳсонкории дар давоми соли ин хайрияро гирифтааш истифода гардад. Хайрияи ба шакли мол омада бояд барои мақсадҳои эҳсонкорӣ дар давоми як соли гирифтани он истифода шавад, агар эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Амволи ташкилоти эҳсонкорӣ ба муассисони (аъзои) ин ташкилот нисбат ба шахсони дигар бо шартҳои имтиёзнок дода шуданаш мумкин нест (бо роҳи фурӯш, пардохти нархи мол, кор, хизмат ва шаклҳои дигар).

Моддаи 19. Хароҷоти маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ мумкин аст барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ равона карда шаванд. Хароҷоти нигаҳдории ташкилот мумкин аст масорифи зайлро дарбар гирад:

– маоши кормандони маъмурию идорӣ;

– ҳиссаҷудокунӣ барои маош;

– хароҷоти дафтардорию хоҷагӣ;

– хароҷоти сафарҳои хизматӣ;

– харидории таҷҳизот ва асбобу анҷом;

– таъмири асосӣ ва ҷорӣ;

– пардохти иҷора;

– хароҷотҳои дигар (ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва ғайраҳо).

Хайрияҳои мақсадноки барои амалӣ кардани барномаҳои эҳсонкорӣ равона гардида, тибқи шартҳои ҳамин хайрия истифода мешаванд.

Маҳдудкунии хароҷоти маош барои пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар барномаҳои эҳсонкорӣ бандбуда, дахл надорад.

Маблағҳои барои дарҷи ҳисоботи фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳамчунин барои гузаронидани тафтиши хатмии аудитории фаъолияти фондҳои эҳсонкорӣ сарфгардида, ҳамчун хароҷоти мақсадҳои эҳсонкорӣ ҳисобида мешаванд.

Ҷудо кардани маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, барои ташкилоти эҳсонкорӣ манъ аст.

Моддаи 20. Барномаи эҳсонкорӣ

Барномаи эҳсонкорӣ аз маҷмӯи чорабиниҳое иборат аст, ки мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ муқаррар кардааст ва барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси мақсадҳои оинномавии ин ташкилот мувофиқанд.

Барномаи эҳсонкорӣ сметаи воридоти эҳтимолӣ ва хароҷоти ба нақша гирифташавандаро (бо назардошти пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ ширкаткунанда) дарбар гирифта, марҳила ва мӯҳлатҳои амалигардонии онро муқаррар менамояд.

Барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои эҳсонкорӣ (бо назардошти хароҷоти таъминоти моддию техникӣ, ташкилӣ, пардохти ҳаққи меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаҳои эҳсонкорӣ ширкаткунанда ва дигар хароҷоти ба амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ алоқаманд) бояд на камтар аз 80 фоизи даромади соли молиявӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми иҷрои барномаҳои эҳсонкории дарозмуддат, маблағҳои бадастомада, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ин барномаҳо истифода мегарданд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 21. Дастгирии давлатии фаъолияти эҳсонкорӣ

Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – иштирокдорони фаъолияти эҳсонкориро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд.

Шахсони мансабдоре, ки ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ монеъ мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, аҳамияти иҷтимоии эҳсонкориро эътироф намуда, метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкориро дар шакли зайл дастгирӣ кунанд:

– пешниҳод барои додани нишонҳои фахрӣ ва мукофотҳо;

– додани имтиёзҳо оиди пардохти андоз, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дар асоси озмун, бо маблағ таъминкунии барномаҳои эҳсонкорӣ;

– бепул ё бо назардошти имтиёзҳо ба моликияти ташкилотҳои эҳсонкор вогузор кардани амволи давлатӣ ё маҳаллӣ, дар ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ё хусусигардонӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ, амалӣ гардонидани ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллй ва ташкилотҳои эҳсонкорӣ, мумкин аст шӯроҳои (кумитаҳои) дастгирии эҳсонкориро дар ҳайати намояндаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони ҷамъиятӣ ташкил диҳанд. Ин шӯроҳо (кумитаҳо) нисбат ба иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ, ваколати ҳокимиятиро доро нестанд. Қарорҳои онҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.

Моддаи 22. Назорат ба фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми давлатие, ки ташкилоти эҳсонкориро ба кайд гирифтааст, ба риояи қоидаҳои оиннома оид ба мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ назорат мекунад. Ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибӣ мебарад.

Ташкилоти эҳсонкор барои дастрас намудани ҳисоботи солонаи худ, аз ҷумла ба воситаҳои ахбори омма имконияти бемонеа медиҳад.

Маълумот дар бораи андоза ва сохтори даромадҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин маълумот оиди андозаи амвол, хароҷоти он, шумораи кормандон, маоши онҳо, ҷалби ихтиёриён сирри тичоратӣ шуда наметавонад.

Назорат аз болои фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ, дар доираи салоҳияташон ба амал бароварда мешавад.

Баҳсҳо байни ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба ин ташкилот барои ҳаддафҳои эҳсонкорӣ маблағ додаанд, оиди истифодаи ин маблағҳо бо тартиби судӣ халлу фасл мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 

Моддаи 23. Ба амал баровардани фаъолияти эҳсонкории байналмилалӣ

Иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии эҳсонкориро ба амал бароранд.

Фаъолияти байналмилалии эҳсонкорӣ бо роҳи дар лоиҳаҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, дар кори ташкилотҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, ҳамкорӣ бо шарикони бурунмарзӣ дар доираи фаъолияти марбутаи эҳсонкорӣ, инчунин бо шаклҳои дигари дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳою принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта ба амал бароварда мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои бонкии давлатҳои дигар, мувофиқи қонунгузории онҳо суратҳисобҳо кушояд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ барои гирифтани хайрияи эҳсонкорӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони бетабаа, инчунин аз ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳуқуқ дорад. Истифодаи хайрияи мазкур бо тартиби иҷозатдодаи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 24. Фаъолияти эҳсонкории шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони бетабаа, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ, шаҳрвандони бетабаа, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи ҳамин Қонун дар фаъолияти эҳсонкорӣ иштирок дошта бошанд.

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайронкунии Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон намудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№18

 

  

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонқарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» дар қироати дуюм қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  26 феврали соли 2003

№801

  

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.190)

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  7 апрели соли 2003

№375

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …