Главная / Ҷамъият / ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ – ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ – ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ  

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод.331; с. 2010, №7, мод. 555;

с.2011, №12, мод. 846; с.2013, №11, мод. 786; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с.,№ 1154)  

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти бонкиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ  

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти бонкӣ – аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ  анҷом додани амалиёти бонкӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст;

низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

ташкилотҳои қарзӣшахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд; (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)

бонкташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ – ташкилотҳои қарзие , ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгўи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

бонки фаръӣ – бонке, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи он ба бонки дигар тааллуқ дорад;

кормандони роҳбарикунанда – раиси ташкилоти қарзӣ  ва муовинони ў, раиси раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ , инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ , аз ҷумла филиали бонки хориҷӣ;

ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ  – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ ба ў тааллуқ дорад ё аз ҷониби ў назорат карда мешавад;

ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзиро назорат мекунад, ҳамчунин ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки аз тарафи ин шахси ҳуқуқӣ назорат карда мешавад, аз ҷумла шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин гурўҳ дохил мешавад;

ваколати назоратӣ аз болои шахси ҳуқуқии дигар – ваколатҳои шахсест, ки:

а) ба таври мустақим ё ғайримустақим, тавассути як ё якчанд шахс молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он саҳмияҳои овоздиҳанда ва ё ҳиссаҳои шахси ҳуқуқӣ бошад;

б) ваколати интихоби аксарияти роҳбарони шахси ҳуқуқиро дошта бошад;

в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст.

филиал – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ , ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад;

филиали бонки хориҷӣ – воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;

намояндагӣ – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзӣ, ки берун аз маҳали ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад ва ягон намуди фаъолияти бонкиро иҷро наменамояд;

қарзмаблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мӯҳлати муайян дода шудааст;

амонатмаблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;

пасандозмаблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиаш ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;

резидентҳошахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба ҳамин сифат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» эътироф шудаанд;

ғайрирезидентҳошахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд;

шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод– шахси воқеие, ки:

а) бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионӣ дошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;

б) аз тарафи суд дар давоми ҳафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;

в) аз тарафи суд барои кирдори  амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда, аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

ҳиссаи иштироки афзалиятнок – ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон дорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:

а) корманди роҳбарикунанда;

б) аъзои оилаи корманди роҳбарикунанда;

в) шахс ва аъзои оилаи ӯ, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад ва ҳар гуна шахси ҳуқуқие, ки дар он шахс ё корманди роҳбарикунанда дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;

г) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дошта, ҳангоми омодасозии ҳисоботи молиявии маҷмўӣ ба инобат гирифта намешавад;

меъёрҳои мақбул – меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ  ҳатмӣ мебошад ;

форфейтинг – маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ўҳдадории фурўшанда.

факторинг– маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳои ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Ба амалиёти бонкӣ инҳо тааллуқ доранд:

– ҷалби амонат ва пасандозҳо;

– додани қарзҳо (таъминшуда ва таъминнашуда), аз ҷумла:

а) қарзҳои истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;

б) факторинг;

в) форфейтинг;

– кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ;

– хариду фурўши воситаҳои зерин барои худ ё муштариён:

а) воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла: чекҳо, векселҳо, ўҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

б) асъори хориҷӣ;

в) саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

г) қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд;

– додани кафолат, баҳисобгирии ўҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён;

– хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла: кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ, векселҳо ва ғайра); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

– миёнаравӣ дар бозори пулӣ;

– амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, ҷавоҳирот ва ғайра);

– хизматрасонии амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);

– ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар ин модда зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

– амалиёти кассавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

– қабул намудан инкассатсия ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қимматбаҳо;

  1. Тартиби гузаронидани амалиёти ҷудогонае, ки дар қисми 1 моддаи мазкур номбар шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ, ғайр аз амалиёти бонкии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро ба амал бароранд:

– додани замонат, ки иҷрои ўҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

– иҷораи молиявӣ (лизинг);

– амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузорӣ;

– хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

– хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

– хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ .

  1. Машғул шудани ташкилоти қарзӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва бевосита ба фаъолияти суғурта манъ аст.

 

Моддаи 4. Муносибати байни ташкилоти қарзӣ ва давлат

 

  1. Ташкилоти қарзӣ аз рўи ўҳдадориҳои давлат ва давлат аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ўҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
  2. Ташкилоти қарзӣ аз рўи ўҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ўҳдадориҳоро қабул карда бошанд.
  3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дахолат кунанд.
  4. Барои таъсиси ташкилоти қарзӣ, филиал ё намояндагии он дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад.
  5. Ташкилоти қарзӣ аз рўи шартномаи махсуси дар асоси озмун басташуда метавонад супоришҳои ҷудогонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатиро иҷро кунад, бо маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амалиёт ва ҳисоббаробаркуниҳо гузаронад. Чунин шартнома бояд ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафайн, шарти назорати мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин тартиби ҳисоббаробаркунии байниҳамдигариро пешбинӣ намояд.

 

Моддаи 5. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ(кредитӣ) метавонанд бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) ғайритиҷоратӣ таъсис диҳанд.
  2. Тавассути иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии аъзо метавонанд фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии (кредитии) ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 2.

БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ  ҚАРЗӢ

ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

 

Моддаи 6. Таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Тартиби таъсиси ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
  2. Бонкҳо, ба истиснои бонки давлатӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис меёбанд.
  3. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 7. Иҷозатномадиҳии фаъолияти бонкӣ

 

  1. Фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ (минбаъд – иҷозатнома) амалӣ мегардад.

Иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ дар шакли хаттӣ, бемўҳлат ва бе ҳуқуқи ба шахси дигар вогузор кардани он дода мешавад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкиро бе иҷозатнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» анҷом диҳад.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти бонкиро пайдо мекунанд.
  3. Иҷозат барои оғози фаъолият ба филиали бонки хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки бонки асосии он аз ҷониби мақоми дахлдори давлате, ки ин бонк дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмўии бонкӣ қарор дошта бошад.
  4. Бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонки хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба бонкҳои ватанӣ муқаррарнамудаи қонунгузории бонкӣ таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои хориҷӣ оид ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба бонкҳои фаръӣ ва филиалҳои бонкҳои ватанӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ карда шаванд.

 

Моддаи 8. Манъи фаъолияти бонкӣ

 

  1. Ягон шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкӣ бе иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, машғул шуда наметавонад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳам додани шахси ҳуқуқиро, ки бе иҷозатнома амалиёти бонкӣ иҷро мекунад, талаб намояд.
  3. Талаботи Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ намегардад:

– ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки фаъолияти онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» танзим мегардад;

– шахсоне, ки барои қарзи додаашон фоиз намегиранд;

– ташкилоти тиҷоратие, ки ташкилоти қарзӣ нест, ҳуқуқ дорад бе иҷозатнома интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ дар сурати мавҷуд будани шартнома бо ташкилоти қарзӣ , иҷро намояд. Мутобиқи шартномаи басташуда ташкилоти тиҷоратӣ, ки ташкилоти қарзӣ  нест ўҳдадор мешавад, аз номи худ, аммо аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ интиқоли маблағҳои пулиро бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (ба истиснои интиқолҳои почтавӣ) ҳамчун пардохт барои хизматрасониҳои алоқа, манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ ба суратҳисоби бонкии шахсе, ки чунин хизматрасониро (корро) иҷро менамояд, анҷом диҳад.

  1. Калимаҳои “ташкилоти қарзӣ”, “бонк”, “ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ” ё калимаҳои аз онҳо ба вуҷуд омада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад.
  2. Намояндагӣ калимаҳои “ташкилоти қарзӣ” ё калимаи “бонк”-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои “ташкилоти қарзӣ ” ё калимаи “бонк” қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ў тааллуқ доранд ба шарте, ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад.
  3. Ташкилоти қарзӣ бояд инҳоро дошта бошад:

– номи расмӣ ва ихтисораи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ишора мекунад;

– номгўи фаъолият, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;

– мўҳр, бо зикри номи ташкилоти қарзӣ  бо забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзиро  манъ кунад, агар чунин ном аллакай дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад.

 

Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ  пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро бо забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд:

– нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат оиди шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

– маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;

– нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ – молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;

– рўйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳали ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;

– эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

– нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли ояндаи фаъолият;

– барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рўйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;

– маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;

– ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

– ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмўии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад вобаста ба баррасии дархост иттилооти дигари иловагиро талаб намояд.

 

Моддаи 10. Тартиби додани иҷозатнома

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати то се моҳ аз рўзи қабули дархост ба ташкилоти қарзӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгў будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад.
  2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, маълумоти иловагии заруриро аз ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақоми назоратии хориҷии дахлдор дархост менамояд.
  3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи аз қайди давлатӣ гузаштани ташкилоти қарзӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.
  4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо ба мўҳлати то ду моҳ тамдид намуда, дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор мекунад.
  5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкунӣ ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ин ҳолат ҳаққи хизмати баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома баргардонида намешавад.
  6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.
  7. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани  иҷозатнома ба ташкилоти карзӣ бо назардошти асосҳои зерин қарор қабул мекунад:

– қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;

– қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;

– ба талаботи шахсони аз назари касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгў будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;

– ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) барои иҷрои ўҳдадориҳо;

– мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

– воқеӣ будани нақшаи фаъолият;

– тасмими ташкилоти карзӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;

– амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмўӣ.

  1. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзӣ дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи боқимондаи ҳадди ақали сармояи оинномавиро ворид намуда, маблағи пардохт барои додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон мепардозад.

Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷро кардани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рўзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад.

  1. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

 

Моддаи 11. Филиалҳо ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:

– нусхаи бо мӯҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгўи амалиёти бонкии ба филиал иҷозатдодашуда; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

– маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбарикунанда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур.

  1. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиал аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ баррасӣ карда мешавад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти филиал дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:

– ба талаботи тахассусӣ ҷавобгў набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал;

– мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

– аз ҷониби ташкилоти қарзӣ риоя нагардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

  1. Ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ бояд Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор намоянд.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохториро (марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаи мубодилаи асъор ва ғайра) бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
  3. Воҳидҳои сохтории мазкур аз номи ташкилоти қарзӣ амалиёти алоҳидаи бонкиеро иҷро мекунанд, ки номгўи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Таъсиси филиали бонки хориҷӣ

 

1.Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба бонки хориҷӣ барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал бо мақсади анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ розигӣ диҳад.

  1. Дархост барои гирифтани розигӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ дар шакли хаттӣ бо забони давлатӣ, ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад:

– қарори бонки хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавии бонки хориҷӣ ва филиали навтаъсиси он;

– номгӯи амалиёти бонкие, ки бонки хориҷӣ анҷомдиҳии онҳоро ба филиал иҷозат додааст;

– маълумотнома бо зикри ному насаб, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, дараҷаи маълумотнокӣ, маълумоти муфассал оид ба собиқаи корӣ барои ҳар як корманди роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;

– нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ;

– рўйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки хориҷӣ бо нишон додани маҳали ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷати бақайдгирии саҳмиядорон;

– эъломияи хаттии корманди роҳбарикунанда оид ба надоштани доғи судӣ, муфлис набудан, надоштани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

– нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолиятро пешбинӣ кардааст, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли минбаъдаи фаъолият;

– маълумотнома оид ба маҳали ҷойгиршавии филиал;

– ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

– розигии хаттии мақоми назорати бонкии давлате, ки дар он бонки хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъсисдиҳии филиал ва анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмўии фаъолияти бонки хориҷӣ;

– кафолати мақоми олии идоракунии бонки хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ўҳдадориҳои филиал, ки аз амалиёти бонкии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеоянд. Навъи асъор ва ҷои нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ номгўи ҳуҷҷатҳои иловагии дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбининашударо муқаррар намояд.

 

Моддаи 13. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

 

  1. Ташкилоти қарзӣ барои кушодани намояндагӣ вазифадор аст розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.
  2. Барои кушодани намояндагӣ ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– қарори мақоми дахлдори ташкилоти қарзӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тасдиқи хаттии мақоми назорати бонкии давлати дахлдор дар бораи он, ки ташкилоти қарзии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкӣ иҷозатнома дорад.

  1. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзӣ берун

                       аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Ташкилоти қарзии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал , намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.

2.Ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақоми дахлдори худро дар бораи таъсиси  филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

  1. Ташкилотҳои қарзӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунанд.

 

Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ

(ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзиро анҷом медиҳад.
  2. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳали ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзӣ ва рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии филиал, санаи додан ва бекор кардани онҳо, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он.
  3. Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ маълумоти дигари иловагӣ дарҷ карда мешавад, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад.
  4. Рўйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
  5. Ҳар гуна тағйирот дар рўйхати ташкилотҳои қарзӣ, ки дар давоми сол рух медиҳад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтаззам дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархости гирифтани иҷозатнома барои бонкҳо ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи хизмат ва барои додани иҷозатнома ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ меситонад.

 

Моддаи 17. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ

 

Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» барҳам дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

 

Моддаи 18. Бозхонди иҷозатнома

 

  1. Иҷозатнома метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонда шавад, агар:

– ташкилоти қарзӣ дар давоми 12 моҳ аз рўзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;

– амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

– ташкилоти қарзӣ қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳар гуна шарту талаботи иҷозатномаро тавре вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

– ташкилоти қарзӣ, бонки хориҷӣ, ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои  қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;

– дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кўчонидани ташкилоти қарзӣ монеаҳо пайдо шаванд;

– бо сабаби аъзои гурўҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ ё бо сабаби он ки ташкилоти қарзӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ мебошад, ки ба таври қобили қабул назорат карда намешаванд, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо шаванд;

– мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаро аз ташкилоти қарзӣ бозхонд намояд:

– агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурўғ гирифта шуда бошад;

– мутобиқи қисми 2 моддаи 17 Қонуни мазкур;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

  1. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи мазкур дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад., ки аз рўи онҳо қарор қабул шудааст.
  2. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рўзи қабули он ба ташкилоти қарзӣ дода мешавад. Қарор дар рўзи ба ташкилоти қарзӣ супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор муддати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рўз зиёд буда наметавонад.

5.Талаботи иҷро кардани ин қарор барои бонки хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки ба вай ин қарор ирсол шудааст, иҷро карда мешавад.

  1. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
  2. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рўзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

 

БОБИ 3.

САРМОЯ

 

Моддаи 19. Сармояи ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ  бо пули миллӣ ташаккул меёбад.

2.Ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад.

  1. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақалли сармояи оинномавии ташкилоти қарзӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Барои ташкилотҳои қарзии навтаъсис – бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҳадди ақалли сармояи оинномавие, ки дар рўзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, татбиқ мегардад.
  3. Сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ки барои гирифтани мақоми бонк ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, бояд аз ҳадди ақали сармояи оинномавие, ки барои бонки навтаъсис дар рўзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал мекунад, кам набошад.
  4. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ оид ба назорати бонкӣ муқаррар мекунад.
  5. Ташкилоти қарзӣ, наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ, грантҳое, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ),  воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд.
  6. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони худ тақсим кунад, агар ин гуна амал боиси аз риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)
  7. Ташкилоти қарзӣ наметавонад даромади софи худро то пўшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба  таъсисёбии худ дар байни саҳмиядорон ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия тақсим намояд.

 

Моддаи 20. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои  бонкҳои хориҷӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ўҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар мекунад.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ

 

Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ

 

  1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти ташкилоти қарзӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд” ва қонунҳои дигар бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
  2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:

мақоми олии ташкилоти қарзӣ – маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);

мақоми идора – Шўрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;

– мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шўрои нозирон таъсис дода мешавад.

  1. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии давлатӣ ва ваколатҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
  2. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати татбиқи он масъул буда, идоракунии онро назорат мекунад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– муайян намудани ҳадафҳои фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва дурнамои он;

– муқаррар намудани стандартҳои идоракунии  хавфҳо ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;

– ошкор намудани хавфҳои асосие, ки ташкилоти қарзӣ дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;

– назорати  тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ  барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;

– нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;

– муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ;

– маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;

– тасдиқи сохтори ташкилӣ ва  таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти қарзӣ;

– муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори ташкилоти қарзӣ;

– таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;

– баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

  1. Ҳайати Шўрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шўрои нозирон ба мўҳлати 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шўрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъдаи мўҳлаташон баробар аз нав интихоб шаванд.
  2. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби саҳмиядорон (иштирокчиён), аз ҷумла муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад.

Шўрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шўроро интихоб мекунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

  1. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:

– дар ягон ташкилоти қарзии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста кор кунанд;

– аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ бошанд;

– аъзои Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзӣ бошанд;

– раис ё узви Раёсати ташкилоти қарзӣ бошанд;

– хизматчии давлатӣ бошанд;

– синнашон аз сӣ кам бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №782)

  1. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шўрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.

 

Моддаи 22. Мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзӣ

 

  1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақоми иҷроияи он – Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзӣ дар як вақт ҳамчун мақоми иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд.
  2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода шуда, он барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзӣ набояд аз се нафар кам бошад.
  3. Раис ва узви Раёсати ташкилоти қарзӣ наметавонанд узви Шӯрои нозирон интихоб гарданд.
  4. Раёсати ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;

– таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;

– таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои байниҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро муқаррар менамояд;

– ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он;

  1. Раиси ташкилоти қарзӣ ваколатҳои зеринро ба зимма дорад:

– аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад, шартномаҳо мебандад;

– кормандони ташкилоти қарзиро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;

– дар ҷаласаҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ раисӣ мекунад;

– ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзӣ имзо мегузорад;

– вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

– фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои кормандони ташкилоти қарзӣ ҳатмӣ мебошад;

– шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзӣ муайян мекунад;

– барои фаъолияти ташкилоти қарзӣ пурра масъул мебошад;

– масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокдорони) ташкилоти қарзӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ мекунад.

  1. Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзӣ ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ бошад.

 

Моддаи 23. Тартиби интихоб ва ба вазифа таъин кардани кормандони роҳбарикунандаи

                       ташкилоти қарзӣ

 

  1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзиро Шӯрои нозирон  интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  3. Муовини раиси ташкилоти қарзӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзӣ бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
  4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

– дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад – барои аъзои Раёсат, раис, муовини вай, сармуҳосиб;

– дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ – барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал;

– шахси  аз  нигоҳи  касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;

– оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;

– корманди ташкилоти дигари қарзӣ набошанд;

– дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

– дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.

  1. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯзи баъди қабули қарори дахлдор хабардор намояд.
  2. Корманди роҳбарикунанда, ки бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ аз вазифа озод шудааст, ҳуқуқи ишғоли минбаъдаи вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро надорад.
  3. Роҳбар, муовини роҳбари мақоми иҷроия ё сармуҳосиби ташкилоти қарзӣ, ки дар давраи фаъолият кардан иҷозатномаи ташкилоти қарзиашон бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд  минбаъд вазифаҳои корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзиро ишғол намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 24. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

 

  1. Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ  бояд Кумитаи аудит таъсис диҳад.
  2. Аъзои кумита ва Раиси он аз ҷониби Шўрои нозирон ба мўҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.
  3. Раиси Шўрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзӣ  аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.
  4. Кумитаи аудит дар назди Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ  амал карда, дорои ваколату ўҳдадориҳои зерин мебошад:

– баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ ;

– додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ  мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур;

– баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ  ва ба Шўрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;

– талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ;

– мониторинги мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ  ба қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шўрои нозирон;

– баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;

– гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шўрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

– баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст, мутобиқи дархости Шўрои нозирон, дархости саҳмиядорони ташкилоти қарзӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро соҳибанд ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ  муқаррар кардааст;

– ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳоди ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон оид ба фаъолияти худ.

  1. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овози аъзои иштирокдошта қабул мешаванд. Ҳангоми баробар будани миқдори овозҳо, овози Раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.
  2. Дар ташкилоти қарзӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд.
  3. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 23 Қонуни мазкур ҷавобгў бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 25. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ

 

  1. Корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд бо таври хаттӣ ба Шўрои нозирон оид ба ҳар гуна манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо ӯ хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳад.
  2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявии корманди роҳбарикунанда ӯ ҳуқуқ дорад дар чунин баррасӣ иштирок намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 26. Тартиби хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок

 

  1. Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
  3. Дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад:

– ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷои доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

– маълумотнома барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

– дар ҳолате ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ  ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз  аудит гузаштааст;

– номгў ва маҳали ҷойгиршавии ҳар намуди фаъолияте, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;

– шартҳои харидани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

– манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд;

– ҳар гуна нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ;

– хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб кунад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти қарзӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рўз аз рўзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.
  2. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мўҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои хариду фурўши ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва обрўю эътибори моликон бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳо, боэътимодии ҳар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи ҳисаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд ё агар ин харидорӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро зери хатар гузорад.
  4. Ҳар гуна шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ то ба 10%, 20%, 33%, 50% ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзӣ ё аз он зиёд намояд, бояд на кам аз 30 рўз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро бо таври хаттӣ огоҳ намояд.
  5. Ташкилоти қарзие, ки аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
  6. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ мекунад.

 

Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ)

 

  1. Азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ) ташкилоти қарзӣ танҳо бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ташкилоти қарзӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мўҳлати на камтар аз 30 рўз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро ирсол мекунад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгў нагардидани ташкилоти қарзии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ низ розигӣ намедиҳад.

 

БОБИ 5.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ  ҚАРЗӢ

 

Моддаи 28. Қоидаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро устуворона ва оқилона, мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, меъёрҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ бояд:

– кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ доранд;

– ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил намоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ монанд;

– назорати мукаммал ва самаранокро аз рўи хавфҳо амалӣ намоянд;

– барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва  ҷуброни зиён захираи кофӣ дошта бошанд;

– бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил намоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– дороиҳои худро вобаста аз хавфи зиён мураттаб созанд.

  1. Ташкилотҳои қарзӣ набояд сохторҳои гурўҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои вобастаи онро, ки ҳангоми таҳия ва ҷамъбасти ҳисоботи молиявии маҷмўӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар мекунад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии ватанӣ муқаррар шудаанд, нисбат ба филиалҳои бонкҳои хориҷӣ низ татбиқ менамояд.
  3. Агар ба раиси ташкилоти  қарзӣ  маълум  гардад,  ки  меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст, ӯ бояд дар ин  хусус дар шакли хаттӣ фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 29. Меъёрҳои мақбул

 

1 Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ меъёрҳои мақбули (пруденсиалии) зерин муқаррар карда мешаванд:

– ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии навтаъсис;

– андозаи ниҳоии  қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;

– андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурўҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;

– меъёри кифоятии сармоя;

– меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;

– меъёри хавфҳои асъорӣ, фоизӣ ва хавфҳои дигар; (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)

– меъёри истифодаи маблағҳои худии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқӣ;

– андозаи ниҳоии қарзҳо, кафолатҳо ва замонатҳое, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ба саҳмиядорони (иштирокчиёни) худ додаанд.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи пешқадам ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳо ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорати мақбул онҳоро истифода мекунад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи мутобиқи меъёрҳои боби мазкур муайяншударо, ки нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои фаръии онҳо дар заминаи назорати ҳамаҷонибаи маҷмўӣ татбиқ мегарданд, муайян мекунад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигарро, ки дар амалияи байналмилалии танзими фаъолияти бонкӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри фоизӣ, мўҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳӣ ва ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонат ва пасандоз) ё ўҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи идоракунии хавфҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рўи намудҳои ташкилотҳои қарзӣ муқаррар намояд.
  6. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳо на пештар аз се моҳи баъди қабули он эътибор пайдо мекунад.
  7. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад.
  8. Ташкилоти қарзӣ сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд:

– дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё  ўҳдадориҳо ва ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад;

– ҳадди ниҳоии қарзҳо ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо;

– тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мўҳлате, ки бо мурури он даромад аз фоизи қарзҳои пардохтнашаванда наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;

– шартҳои қабули амонат, пасандоз ва додани қарз , аз ҷумла мўҳлат ва фоизи онҳо;

– мамнуиятҳо, маҳдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:

а) навъи қарзҳо , сармоягузориҳо ва ўҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ўҳдадориҳо аз рўи мўҳлат ва фоизи онҳо, инчунин дороиҳо ва ўҳдадориҳои шартӣ;

б) мавқеи кушода:

– бо асъори хориҷӣ, металлу ва сангҳои қиматбаҳо;

– саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

– қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.

 

Моддаи 30. Хавфҳои қарзи калон

 

  1. Ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳолатҳои зерин қарз намедиҳад, агар:

– маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии ташкилоти қарзӣ ба ин шахс аз бист фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад;

– маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии калони ташкилоти қарзӣ аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад.

  1. Муқаррароти қисми 1моддаи мазкур нисбат ба аҳдҳои зерин татбиқ намегардад:

– аҳдҳои бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он басташуда;

– аҳдҳои байни ташкилотҳои қарзӣ, ки мўҳлати пардохташон як сол ё камтар аз он мебошад.

  1. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, ки шахси дар ин модда зикршуда шахсест, ки бо шахси дигар бевосита ё бавосита тавре вобаста аст, ки устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии дигарӣ ё дигарҳо таъсир расонад, ё ҳамон омилҳо метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд, ё вобаста аз муносибатҳои онҳо шахси дигар воқеан барои баргардонидани қарз (кредит) дар назди ташкилоти қарзӣ ҷавобгар бошад.

 

Моддаи 31. Қарз ба шахси вобаста

 

  1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба шахси вобаста қарз диҳад, агар:

– қарз ва шартҳои он аз ҷониби Шўрои нозирон ё дар ҳолати филиали бонки хориҷӣ будан, аз тарафи роҳбари он маъқул дониста нашавад;

– фоизи қарз аз меъёри фоизии бозории барои чунин қарзҳо амалкунанда пасттар бошад;

– қарзи ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ додашуда, аз ҷумла ҳар гуна қарзи аз тарафи як ё якчанд бонки фаръии ташкилоти қарзӣ додашуда аз сӣ фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад;

– мӯҳлати қарз, барасмиятдарории он ва сифати гарав аз қарзҳои мавҷуда моҳиятан фарқ дошта бошанд; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– маблағи умумии ҳамаи қарзҳои ба шахсони вобаста додашуда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзӣ зиёд бошад.

  1. Ташкилоти қарзӣ дар хусуси ҳар як қарзе, ки ба шахси вобаста дода мешавад, фавран ба Кумитаи аудити худ хабар медиҳад. Агар ташкилоти қарзӣ қарзро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарз бояд фавран баргардонида шавад. Аъзои Шўрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷӣ вобаста аз вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи асосӣ, фоиз ва дигар хароҷот оид ба ҳар як қарзе, ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштаракро ба зимма доранд.

 

Моддаи 32. Хавфи асъорӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани  амалиёти бонкӣ бо асъори хориҷиро доранд, муқаррар менамояд.

 

Моддаи 33. Маҳдудияти сармоягузорӣ

 

1.Ташкилоти қарзӣ бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад сармоягузориро бо роҳи хариди саҳмияҳо, вомбаргҳои ба сармоя алоқаманд ва ҳар гуна коғазҳои қиматноки дигар ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш  анҷом диҳад. Дар ҳолатҳое ки чунин сармоягузорӣ зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаро ташкил диҳад, ташкилоти қарзӣ ўҳдадор аст ҳангоми зарар надидан дар муддати кўтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мўҳлати на дертар аз ду соли баъди харидории чунин коғазҳои қиматнок онҳоро фурўшад.

  1. Мўҳлати мазкур бо дархости ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад боз то як сол тамдид карда шавад.
  2. Ба ташкилоти қарзӣ молик шудан ба саҳмияҳои дигар ташкилоти қарзӣ  бе гирифтани розигии пешакии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба истиснои саҳмияҳое, ки ташкилоти қарзӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст. Дар ин ҳолат агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдории саҳмияҳои мазкур розигӣ надиҳад, ташкилоти қарзӣ саҳмияҳоро ҳангоми зарар надидан дар муддати кўтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат, дар мўҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданашон мефурўшад.
  3. Ташкилоти   қарзӣ   ҳуқуқ надорад  соҳиби  молу мулки ғайриманқул гардад,  ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти  худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
  4. Ташкилоти қарзӣ  ӯҳдадор аст ҳар гуна молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз се моҳ) ва дар ҳар сурат, дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  5. Ташкилоти қарзӣ ҳар гуна қисми зиёдатии молу мулки ғайриманқулро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки он ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ халал нарасонад.
  6. Ба ташкилоти қарзӣ харидани саҳмияҳои ҷамъияти хориҷӣ (ғайрирезидент) бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шуда бошад.

 

Моддаи 34. Реҷаи кории ташкилоти қарзӣ (кредитӣ)

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ дар давоми соатҳои кории аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ба муштариён хизмат мерасонанд.
  2. Дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзӣ дар хусуси боз доштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурўъ карда метавонанд.

 

Моддаи 35. Аҳд ва амалиёти шубҳанок

 

  1. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад.
  2. Аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур ифшо намудани маълумот риоя нашудани талаботи сирри бонкӣ ҳисоб наёфта, ташкилоти қарзӣ барои амали мазкур ҷавобгар намебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 36. Маҳдудияти амалиёт бо саҳмияҳо

 

  1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз, пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматноки дигар диҳадё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Ташкилоти қарзӣ метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд.

 

Моддаи 37. Суратҳисобҳои ғайрифаъол

 

  1. Суратҳисоби бонкие, ки соҳибаш дар давоми даҳ соли охир ба он ягон хел таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Ташкилоти қарзӣ дар рўзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол ба нишонии охирини маълумбудаи вай тавассути почта огоҳинома ирсол намуда,  ҳамзамон дар на камтар аз ду рўзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол эълон медиҳад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзӣ суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ мекунад. Дар давоми 20 соли дигар ҳар як шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад ба Бонки миллии Тоҷикистон барои гирифтани онҳо муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории давлатӣ мегузаронад.

 

Моддаи 38. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва сабтҳо

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ ҳуҷҷатҳо ва сабтҳои зеринро аз рўи ҳар як аҳд ба мўҳлати на кам аз панҷ сол нигоҳ медоранд:

– маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ;

– дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарз ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзӣ дар бораи маъқул донистани онҳо;

– сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла, кредитор, дебитор  ва кафилон) ва ҳар гуна гувоҳиномаҳои дигари ҳуҷҷатӣ, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудааст;

– кушодани суратҳисобҳои бонкии онҳо;

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.

  1. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзӣ бояд сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, муросилот (мактубҳо), интиқолҳои телеграфӣ, огоҳиномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии вай дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, шаклҳои гуногуни электронӣ ва ғайра) ба ҷои нусхаи асл ба мўҳлати муқарраркардаи қонун тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошанд. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.

 

Моддаи 39. Низоми пардохт

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон низоми муштараки клирингро барои интиқоли маблағ, дигар воситаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо таъсис диҳанд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаву усулҳои идоракунии ин низом, аз ҷумла шаклҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар мекунад.
  3. Ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) дар сурати набудани низоми муштараки клиринг ҳисоббаробаркунии байнибонкиро бо мувофиқаи тарафҳо ё мутобиқи амалияи байналмилалӣ анҷом медиҳанд.

 

БОБИ 6.

ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

 

Моддаи 40. Соли молиявӣ

 

Соли молиявии ташкилотҳои қарзӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад.

 

Моддаи 41. Пешниҳоди ҳисобот

 

  1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мўҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд.
  2. Ташкилотҳои қарзӣ ўҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ, инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

– оид ба дороиҳо ва ўҳдадориҳо;

– оид ба риояи меъёрҳои мақбул;

– оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;

– ҳисоботи оморӣ дар алоҳидагӣ ва дар шакли маҷмўӣ;

– дигар иттилооти зарурӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як бонки фаръӣ ё ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзӣ барои амалӣ намудани назорати маҷмўӣ ҳисобот талаб кунад.

 

Моддаи 42. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ

 

  1. Ташкилоти қарзӣ бояд қоидаҳо ва низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи даромаду хароҷотро риоя намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи гардиши пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи иловагии Бонки миллии Тоҷикистон омода мекунад. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)
  3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҳисоботи Шўрои нозирони ташкилоти қарзиро низ дар бар мегирад.

 

Моддаи 43. Ҳисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд бонки фаръӣ ҳисоботи молиявии маҷмўии солонаро омода мекунад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дигар ҷамъиятҳои вобастаи ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ҷамъияти назораткунандаи он ва ягон ҷамъияти дигари аз тарафи ҷамъияти назораткунандаи ташкилоти қарзӣ назоратшавандаро муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ бояд оид ба онҳо ҳисоботи молиявии маҷмўии солона пешниҳод намояд.
  3. Филиалҳои бонки хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявӣ доир ба амалиёти солонаи худро омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
  4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмўии солонаи ташкилоти қарзӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
  5. Бонки хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмўии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мўҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

 

Моддаи 44. Нашри ҳисоботи молиявии солона

 

  1. Ташкилоти қарзӣ ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмўии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мўҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рўзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд.
  2. Ташкилоти қарзӣ дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рўйхати аъзои Шўрои нозирони хешро дар ҷойи ба муштариён намоён ба намоиш мегузорад.

 

БОБИ 7.

АУДИТ

 

Моддаи 45. Аудит

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон рўйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзӣ буда, аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида метавонанд, муайян ва нашр мекунад.
  2. Ташкилоти қарзӣ танҳо аз рўи ҳамин рўйхат ташкилоти аудиториро барои гузаронидани аудит таъин менамояд.
  3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рўйхати Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, татбиқ намегардад.
  4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ мегардад.
  5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзӣ манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат ва пасандоз дар ташкилоти қарзӣ, метавонад аудитори он таъин гардад.
  6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби ин гуна манфиат  дар ташкилоти қарзӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории вай қатъ гардида, ташкилоти қарзӣ ташкилоти аудитории дигарро таъин мекунад.
  7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ намебошанд.
  8. Ташкилоти қарзӣ наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мўҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзиро дар асоси назорати маҷмўӣ анҷом медиҳад ва:

– изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди ташкилоти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 7 моддаи мазкурро иҷро мекунад;

– дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобгирӣ ба ташкилоти қарзӣ кўмак мерасонад;

– дар нигоҳдории низоми дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзӣ мадад мерасонад;

– бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ дар маҷлисҳои он иштирок менамояд;

– дар мўҳлати 3 моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ маълумоти муфассал пешниҳод мекунад.

– ба Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла, қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишон додани камбудиҳо назари ташкилоти аудиториро пешниҳод мекунад;

– ба ҳар як узви Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ, ки аз нигоҳи он вайрон кардани талаботи ин Қонун ё ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад хабар медиҳад;

– ба ҳар як узви Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳар як норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзӣ ошкоршуда, хабар медиҳад.

  1. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ инҳо бояд ба назар гирифта шаванд:

– қаноатбахш будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзӣ ҳангоми аудит талаб шудааст;

– дараҷаи воқеан ҷавобгўй будани ташкилоти қарзӣ ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва ҳисобдорӣ;

– усуле, ки ташкилоти қарзӣ барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёт, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ зарур аст, истифода мебарад;

– қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзӣ;

– камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои солҳои гузашта;

– дараҷаи дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.

  1. Ташкилоти қарзӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ки бо дарназардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти аудиторӣ маълумоти иловагиро вобаста ба хулосаи он талаб намояд.
  3. Пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

 

Моддаи 46. Ӯҳдадориҳои иловагӣ

 

  1. Илова ба муқаррароти дар моддаи 45 Қонуни мазкур зикргардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзиро мегузаронад, ўҳдадориҳои зеринро вогузор намояд:

– пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад;

– пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани ҳар гуна қоидаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда;

– ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ;

-таъмини иштироки намояндагон барои баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– додани хулоса оид ба ҷавобгў будани чораҳои мубориза ба муқобили қонунигардонии пулҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада ва маблағгузории терроризм, ки ташкилоти қарзӣ  мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст.

  1. Хароҷоти иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи ташкилоти қарзӣ вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 47. Масунияти ташкилоти аудиторӣ

 

  1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзӣ арзёбӣ мекунад.
  2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.
  3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми қисми 9 моддаи 45 ҳамин Қонун мазкур пешбинигардида, риоя накардани ўҳдадории нигоҳдории сирри маълумот дониста намешавад.

 

БОБИ 8.

МАХФИЯТ

 

Моддаи 48. Сирри бонкӣ

 

  1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ё маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.
  2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:

– дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;

– дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристонандагони (гирандагони) онҳо;

– дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қимматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд.

  1. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:

– ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қимматбаҳо ё намояндаи онҳо;

– ба фиристонандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;

– ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;

– ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ дар асоси мактуби раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;(ЌЉТ аз 12.11.13с., №1029)

– ба судҳо – дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);

– ба иҷрочии суд дар асоси қарори иҷрочии судвобаста ба ҳуҷҷати иҷро; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– ба бюрои таърихи қарз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз ”;

– ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзӣ – дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)

– ба мақомоти андоз аз рўи масъалаҳои пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақоми андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақоми андоз оид ба санҷиши онҳо, агар ин бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.

  1. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзӣ  низ эътибори худро гум намекунанд.
  2. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:

– ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;

– ба судҳо, идораҳои нотариалӣ ва муассисаҳои консулгарии хориҷӣ аз рўи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.

  1. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми сеюми моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур. (ЌЉТ аз 27.11.14с., №1154)
  2. Барои ғайриқонунӣ ошкор намудани сирри бонкӣ шахсони гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  3. Ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсуси худро таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи яроқ” яроқ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда истифода баранд.
  4. Маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ё маблағҳои ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзӣ  нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии суд вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  5. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ мекунад.
  6. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қимматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд.

 

Моддаи 49. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) ва

                       шахсони сеюм

 

  1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзӣ  пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи ҳамин Қонун иҷозат дода шудаанд.
  2. Маҳдудияти ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои тафтиш мутобиқи моддаи 52 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба онҳое, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақим таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 50. Ҳолатҳои истисноӣ

 

Талаботи моддаҳои 48 ва 49 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:

– ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ўҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;

– нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;

– ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ўҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардони даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

– ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳнома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;

– ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба ҳар гуна аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ  зарур меҳисобад;

– ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзӣ ошкор намудани ҳама ё  қисме аз маълумот дар бораи аҳдҳои муштариён, бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ;

– нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон  мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 51. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шудааст

 

  1. Ҳар гуна маълумоти аз ташкилоти қарзӣ оид ба ҳар як муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъовардашуда махфӣ нигоҳ дошта шуда, танҳо бо розигии ташкилоти қарзӣ ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.
  2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне иҷозат дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзӣ гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзӣ тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзиро ифшо мекунад, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шўрои нозирони ташкилоти қарзӣ тасдиқшуда дарҷ шуда ё аллакай дастраси умум гардида бошад.

 

БОБИ 9.

НАЗОРАТ ВАСАНҶИШ

 

Моддаи 52. Назорат ва  санҷиш

 

  1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ бо тартиби зерин назорати маҷмўӣ мебарад:

– ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ  тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;

– аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;

– дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудан ба даҳ фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ ва зиёда аз он муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;

– санҷиши ташкилоти қарзӣ, бонкҳои фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.

  1. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии онро дар бар мегирад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзиро анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷиш карда мешаванд.
  3. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.
  4. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб мегардад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд дар гузаронидани тафтиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон Шўрои нозирони ташкилоти қарзиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
  6. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  7. Мақомоти андоз метавонанд ташкилоти қарзиро аз рўи масоили пардохти андоз аз фаъолияти бонкӣ санҷиш намоянд.
  8. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии давлатиро мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад.(ЌЉТ аз 12.12.13с., №1029)
  9. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзиро санҷиш намоянд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзӣ ба тартибе, ки моддаи 48 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 53. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонро татбиқ менамояд.

 

БОБИ 10.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 54. Баррасии баҳсҳо

 

  1. Ташкилотҳои қарзӣ метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон, оид ба рад кардани дархости гирифтани иҷозатнома, татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва чораҳои таъсиррасонӣ ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рўз аз рўзи гирифтани онҳо шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№782)
  2. Пешниҳоди шикоят ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қарори Бонки миллии Тоҷикистонро боз намедорад.

 

Моддаи 55. Ҳимояи манфиати муштариён

 

  1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзӣ дар асоси шартнома сурат мегирад, агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Мўҳлат ва меъёрҳои фоизии қарзҳо, амонатҳо, пасандозҳо, инчунин ҳаққи хизмат аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар шартнома бо  муштарӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Пеш аз оғози хизматрасонӣ ташкилоти қарзӣ ба муштарии худ ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёрҳои фоизӣ ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад.
  4. Ташкилоти қарзӣ ўҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рўзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузорӣ, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мўҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
  5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзӣ бояд барои ҳар рўзи таъхир ба муштарӣ аз рўи маблағи мўҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзӣ озод буда, метавонанд дар як ё якчанд ташкилоти қарзӣ суратҳисоби бонкӣ кушоянд.
  7. Ташкилоти қарзӣ ўҳдадор аст бо талаби аввалини муштарӣ маълумот дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён ва хулосаи аудитории соли гузаштаро пешниҳод намояд.
  8. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад меъёрҳои фоизии қарзҳои додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мўҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо якҷониба тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидааст.
  9. Ташкилоти қарзӣ ҳукуқ надорад, ки ба муштарӣ қарз дода ё хизмати дигар расонида, дар назди вай шарт гузорад, ки ҳатман аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзӣ ё муассисаҳои он истифода барад.
  10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ ва баргардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеиро дар бонки давлатӣ кафолат медиҳад.

11 Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзӣ дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мўҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 56. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Ташкилоти қарзие, ки дар рўзи эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, фаъолияти худро ҳамчун ташкилоти қарзӣ дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур идома медиҳад.
  2. Чунин ташкилотҳои қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон номгўи саҳмиядорон ва барои ҳар як дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок, маълумот ва гувоҳинома, ҳамчунин маълумоти дигарро дар бораи  онҳо, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб мекунад, дар давоми 3 моҳи баъди эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур пешниҳод мекунанд.

3.То мутобиқ кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни мазкур, онҳо дар қисме татбиқ карда мешаванд, ки хилофи меъёрҳои Қонуни мазкур нестанд.

 

Моддаи 57. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 58. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: с. 1998, № 10, мод. 143; с. 2002, № 11, мод. 669; с. 2005,     № 12, мод. 647; с. 2007, № 7, мод. 678) беэътибор дониста шавад.

 

Моддаи 59. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 19 майи соли 2009,

№ 524

 

1

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …