Главная / Илм / Фалсафаи Юнони қадим

Фалсафаи Юнони қадим

Пайдоиши фалсафа дар Юнон ва мактаби Милетӣ

Фалсафа дар Юнон дар асри VI пеш аз милод, дар шакли холис ташаккул ёфта буд. Фалсафаи юнонӣ ва румӣ ҳудуди 1000 сол аз асри VII-VI пеш аз милод  то асри VI милодӣ давом ёфтааст. Он чор давраро 1) пайдоиш ва ташаккул (асрҳои VII-VI то милод); 2) давраи камолоту шукуфоӣ (V-IV то милод); 3) давраи таназзули фалсафаи юнонӣ ва оғози фалсафаи румии давраи ҷумҳурии Рим (III-I то милод); 4) давраи завол дар аҳди империяи Рим (I-V милодӣ)-ро дар бар мегирад.

юнони кадим

Мактабҳои асосии фалсафии Юнон инҳоанд: мактаби Милетӣ (Фалес, Анаксимандр, Анаксимен, Гераклит); пифагориён (Пифагор, Гиппас, Алкмеон); элиёиён аз Италияи ҷанубӣ (Анаксагор, Ксенофан, Парменид, Зенони Элиёӣ, Эмпедокл); софистон (Протагор, Гогий, Гиппий, Продикт, Антифонт); мактаби Суқрот, мактаби Афлотун, мактаби Арасту, мактаби атомгароён (Левкипп, Демокрит, Эпикур); мактаби эпикуриён (Эпикур); мактаби калбиён (киникҳо-Диоген); мактаби равоқиён (стоикҳо-Зенон, Сенека, Маркус Аврелий); мактаби навафлотунӣ (Фило, Плотин).

Файласуфони мактаби Милет ё табииён асоси ашё, ҳастиро ин ё он унсури табиӣ: об, ё оташ, ё ҳаво, ё маводи дигар шуморида,  дар бораи табиат ва пайдоиши он баҳсҳо кардаанд. Ба Фалес кашфи ҳаракати  Офтоб, коркарди тақвим ва таъйини сол ба 365 рӯз ва 12 моҳи 30 рӯза ва тақсими осмон ба панҷ муҳитро нисбат додаанд.  Фалес асоси ҳама чизҳоро об медонист, Анаксимандр (610-540 то мелод) асоси пайдоиши чизҳоро дар апейрон мебинад. Ба ақидаи Анаксимен (509-428 то мелод) ҳама ашё аз ҳаво ба вуҷуд омадааст. Гераклит оташ ва ҳаракатро сарчашмаи  пайдоиши мавҷудоти олам меҳисобад. ӯ гуфта: «Мо наметавонем ду бор дар як рӯдхона фурӯ равем, зеро ки мудом ҷараёни тозатар рӯи бадани мо мерезад». Гераклит ҷаҳонро ба монанди дарёи тунду пурталотуме, ки босуръат дар ҷараён аст ва лаҳзае оромӣ надорад, тасвир мекард. Вуҷуд оташи шӯълаварест, ки ҳаргиз хомӯш намешавад.

Мактаби атомгароён

Пайдоиши  таълимоти атомгароён бо номи Левкипп ва Демокрит (460-380) вобаста аст. Дар бораи ҳаёт ва таълимоти Левкипп маълумот хеле кам аст. Аммо Демокрит шогирди ӯ аз маъруфтарин файласуфи моддагарои юнонӣ буда, дар бораи ӯ маълумотҳо нисбатан бештар боқӣ мондааст. Вай дар шаҳри Абдуга ба дунё  омадааст. Ин файласуф муддате дар кишварҳои шарқӣ: Миср, Байнаннаҳрайн ва Эрон сафар карда, бо фарҳанг ва афкори илмию фалсафии ин кишварҳо ошно шудааст.

Демокрит боварӣ дошт, ки ҳастӣ аз ду асли азалӣ: атом (эйдос)ҳо ва холигӣ иборат аст. Атом-зарраи тақсимнашаванда ва тағйирнопазири миқдоран беохир ва бехолигӣ буда, аз якдигар бо шакли зоҳирӣ ва андозаи худ фарқ мекунанд ва аз ҷобаҷошавии онҳо дар холигӣ ашё ва ҳаракат ба вуҷуд меояд.

Ҳақиқат, ба ақидаи Демокрит, танҳо тавассути ақл шинохта мешавад. Ду навъи маърифат аст: яке ҳақиқӣ, дигаре торик. Ба маърифати торик ҳамаи шаклҳои маърифати ҳиссии зерин: биноӣ, шунавоӣ, шомма, зоиқа, ломиса дохиланд. Аммо маърифати ҳақиқӣ ба куллӣ аз маърифати аввал фарқ дорад. Ва он вақте шурӯъ мекунад, ки воситаҳои маърифати ҳиссии номбурда аз кор афтанд ва қудрати дигари дарки мавзӯъро надошта бошанд. Ҳамоно ба майдон маърифати ҳақиқӣ меояд, ки тавассути қувваи  тафаккур олати нозуктаре сурат мегирад.

Демокрит низ аз ҷумлаи он ҳакимон аст, ки дар фалсафаи худ ба инсон мақому мартабаи баланд додааст. Метавон гуфт, ки ӯ як андоза ҳикмати софистии Протагорро, ки мегуфт: «Инсон меъёри ҳамаи чизҳост» ислоҳ намуда, меафзояд, ки «Одами хирадманд меъёри ҳамаи он чизест, ки вуҷуд дорад».

Демокрит рӯҳро ба оташ, ки аз атомҳои пуртаҳаррук иборатанд, ташбеҳ додааст. Вай ҳамчунин миқдори ҷаҳонро бешумор ҳисобидааст, ҳам ақида доштааст, ки баъзе ба вуҷуд меоянд ва баъзе аз миён мераванд, баъзе бештар аз як Моҳу Офтоб доранд ва баъзеро Моҳу Офтоб нест. Баъзе шояд дар асари бархӯрдан бо якдигар аз байн раванд.

Таълимоти Демокритро минбаъд Эпикур давом додааст.

Таълимоти Суқрот, Афлотун ва Арасту

Суқрот (469-349 то мелод) яке аз барҷастатарин файласуфони юнонӣ мебошад, ки дар таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ нақши бузурге дорад. Суқрот  озодандеш ва мунаққиди гузаро буд.

Дар маркази фалсафаи ӯ масъалаи инсон, накӯкорӣ, ахлоқ, ҳуқуқ, қонунҳои шаҳрвандӣ, ҷангу сулҳ ва ғайра қарор дошт. Суқрот вазифаи ҳикматро ҷустуҷӯи ҳақиқат медонист ва ба  накӯкорӣ ва адолат даъват мекард. Вай ақида дошт, ки беадолатиро бо беадолатӣ ҷавоб набояд дод. Ин мисли он аст, ки Исои Масеҳ гуфта, ки бо бадӣ бадиро наметавон аз байн бурд ва даъвати ғалаба  ба адоватро (бадиро) аз тариқи муҳаббат тарғиб карда буд.

Суқрот асоси фаҳми усули ахлоқ, ватандорӣ ва диндориро бо худшиносии инсон марбут медонист. ӯ даъват мекард, ки инсон бояд ба овози дарунӣ, яъне виҷдон (даймонион) гӯш андозад. Виҷдон замонати дарёфти ҳақиқати воқеӣ мебошад ва сарчашмаи илоҳӣ дорад. Ҳадафи ниҳойии ҳамаи ҳастӣ ба ақидаи Суқрот инсон аст. Маънавияту ахлоқияти ҳақиқӣ донистани ҳар он чӣ барои инсон дорои неъмати некӣ, зебоӣ ва ҳамчунин муфид дар роҳи расидан ба саодатмандии ҳаётӣ аст. Вай асоси накӯкориро дар худдорӣ (ғолибӣ аз болои нафс), мардонагӣ (истодагарӣ дар муқобили хатар) ва адолат (риояи қонун ва андоза дар корҳо) медонад. Ин накӯкориҳоро инсон аз тариқи маърифат ва худшиносӣ ба даст меорад. Маърифат моҳияти накӯкорист.

Яке аз хизматҳои бузурги Суқрот ин аст, ки аввалин шуда масъалаҳои фитрӣ будани дониш, куллияти накӯкорӣ ва адолат, худшиносии инсонро ба миён гузошт, инчунин сухани маъруфи «Худро бишнос» ба ӯ нисбат дорад. Аз ҳикматҳои Суқрот: «Ман фақат онро медонам, ки чизе намедонам» ҷолиби диққат аст.

Афлотун дар   соли 427 то мелод дар хонаводаи ашроф ба дунё омадааст. Ба осори Афлотун чунин китобҳо ба монанди «Дифои Суқрот», «Парменидос», «Федон (нафс), Ҷашн (Пир), «Протогорас» (Суфистоиён), «Навомис» (Қонунгузорӣ), «Сиёсат» ва «Ҷумҳурият» тааллуқ дорад.

Афлотун  асосгузори назарияи идеяҳост, ки дар фалсафаи бо унвони «мусули Афлотун» маъруф шудааст. Мувофиқи ин назария он чӣ дар ин дунё мушоҳида мешавад, аслу ҳақиқаташон дар ҷаҳони дигар, олами тағйирнопазири мақулот – «олами мусул» аст ва чизҳо, ҷисмҳо, афроди ин ҷаҳони ҳисшаванда ба монанди сояҳо ва аксҳои ҳақиқатҳои он ҷаҳони дигаранд ва инсони асил ва ҳақиқӣ, инсони он ҷаҳон аст, ҳамчунин ҳамаи ашё.

Назарияи мусули Афлотун ҳам ҷиҳати маърифатӣ (гносеологӣ) ва ҳам ҳастишиносӣ (онтологӣ) дорад. Афлотун аввалин файласуфест, ки мавзӯи куллият (универсум)-ро ба фалсафа дохил кард. Вай ақидаи гузаштагонашро, ки як ё якчанд нахустунсур ё нахустиллати ҳастӣ: ҳаво, об, апейрон, оташ, эфир ва ғайраро меҷустанд, эътироф намекард. Ба сифати чунин иллат, маънӣ-логоси ашё, логоси ҳастиро меҷуст. Ба ҳамин сифат ӯ куллият – универсумро, ки дар назарияи мусули ӯ ифода шудааст, қабул дорад. Ба ақидаи Афлотун чизҳои зебо аз он рӯ зебоянд, ки ба зебогии маҳз (мусул-эйдоси зебоӣ) пайванданд, барои он одамон накӯкоранд, ки некӯии маҳз вуҷуд дорад. Ба ҳамин тариқ, мафҳумҳои куллӣ (мусул-эйдосҳо), аз мавҷудияти ҷузъии онҳо муқаддаманд. Ин мафҳумҳо, на натиҷаи амали таҷридии зеҳни инсон, балки дар зеҳни инсон ҳанӯз то таваллуд будаанд ва маърифат танҳо ёдоварии онҳост. Афлотун зимни ин назарияи худ масъалаи таносуби куллу ҷузъ, дар маърифат ва ҷустуҷӯи куллият дар ҳастиро гузоштааст.

Арасту (таваллуд 384 – 323 то мелод) аз бузургтарин ҳакимони замони худ ва шогирди Афлотун буд, ки аз устодаш дар бисёре аз масъалаҳои ҳикмату илм пеш гузашта, дар таърихи фалсафа бо номи муаллими аввал маъруф гаштааст. Вай нахустин шуда усули мантиқро танзим кардааст ва онро ба унвони олоти фикри саҳеҳ ба ҷӯяндагони дониш ва муҳаққиқон тақдим  намудааст. Арасту бунёдгузори мактаби машшоия (перипатетика) мебошад. Арасту дар боғи ин мактаб бо шогирдонаш роҳравон дарс мегуфтааст. Аз ин рӯ, онро мактаби  перипатетикҳо, ба забони арабӣ «машшоъ» -роҳ рафтан ва пайравони Арастуро машшоиён номидаанд.

Ба қалами Арасту чунин асарҳо ба монанди «Органон», «Метафизика» ё «Фалсафаи уло», «Равоншиносӣ», «Политика» (Сиёсат), «Ахлоқи Никомах», «Ахлоқи Эвдемӣ», «Риторика», «Поэтика» ва ғайра мансубанд.

Фалсафаи Арасту  аз коркарди илми мантиқ ҳамчун ҳунар ва равиши дуруст фикр кардан шурӯъ мешавад.  Арасту аввалин шуда донишро ба пояи илмӣ ниҳода, инчунин илмҳоро табақабандӣ намудааст. Тибқи табақабандии ӯ фалсафа ба се қисм ҳикмати назарӣ, амалӣ ва шеър тақсим мешавад. Ҳикмати назарӣ худшиносӣ, ҳастишиносӣ, риёзиёт, физика, равоншиносиро фаро мегирад. Ба ҳикмати амалӣ ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсат дохил мешавад. Ҳикмати шеър ба пояи санъат ва зебоӣ устувор аст.

Арасту таълимоти пешиниёнро дар бораи ин ки олам аз ҷаҳор унсур иборат аст, пазируфтааст.

Арасту ҷавҳарро унсури нахустини олам мепиндорад. Ҷавҳар он аст, ки дар чизҳо нест, балки чизҳост. Масалан, як инсон метавонад ҷавон, бемор, тандуруст ва ғайра бошад, аммо ҳамеша ҳамон инсон аст. Ҷавҳар ҳам ба ду қисм аст, ё муҷаррад аст монанди ақл ва нафс ва ё моддӣ монанди ҷисм, ки мураккаб аст аз ҳаюло ва сурат.

Арасту ба назарияи идеяҳо, мусули Афлотун эрод гирифтааст. ӯ зикр мекунад, ки дар фалсафаи Афлотун робита миёни куллиёт ва ҷузъиёт равшан нест. Афлотун гоҳе падидаҳои ҳиссиро партаве ё инъикосе аз куллиёт фарз мекард ва гоҳе онҳоро ба монанди тасвирҳое, ки ба тақлид аз куллиёт ба вуҷуд омадаанд, дар назар мегирифт. Дар ҳар сурат мафҳуми «мусул» робитаи миёни чизи ҷузъиро бе мафҳуми куллӣ равшан намекунад. Зеро умури эҳсосшаванда ва чизи ҷузъӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир ва табдил аст, маъмулан, мафъули куллӣ баъд аз мушоҳидаи ҷузъиёт ба  вуҷуд меояд, дар ҳоле ки Афлотун эътиқодманди хилофи ин амр буд. Арасту бошад, вобаста ба ин мушкилот вуҷуди ашёро ҳақиқӣ медонист.

Аразҳои як ҷавҳар иборатанд аз: чандӣ, чунӣ, нисбат, изофа, куҷоӣ, мулк, вазъ, феъл ва инфиол. Инҳо ҳеҷ кадоме худ ҷавҳар нестанд, балки қобили тағйир ва дигаргунӣ мебошанд. Инсон гоҳ ҷавон ва замоне пир аст, гоҳ солим, гоҳ бемор, гоҳ бо либос, гоҳ урён ва ғайра, ки инҳо ҳама аъроз ҳастанд, бар ҷавҳар. Маҷмӯъи олам аз назари Арасту аз ҳамин даҳ мақула: як ҷавҳар ва нӯҳ араз иборат аст.

Ба ақидаи Арасту модда, ё ҳаюло вуҷуди билқувва ва мояи аввалӣ аст, ки метавонад таҳаввул ёбад ва чунию чандии он тағйир ёбад, аммо вуҷуди он ҳамон аст, ки ҳаст. Аммо он чӣ ҳаюло ба сӯи он таҳаввул меёбад, сурат аст ва сурати ҳар чиз феълияти он чиз аст. Вуҷуд замоне қувва аст ва гоҳе феъл аст, як тика санг билқувва муҷассама аст, хок билқувва кӯза аст, яъне ҳаюло ё худ моддаи кӯза аст. Кӯза феълият ва сурати хок аст. Пас таҳаввули хок ба кӯза таҳаввули ҳаюло ба сурат аст. Аз қувва ба феъл даромадан, яъне таҳаввули чизе ба сӯи чизи нав аст.

Арасту тағйири сурат ё гузаштани мавҷудот аз қувва ба феълро ҳаракат меномад ва ин ҳаракат дар чаҳор мақула аз мақулоти даҳгона анҷом мепазирад, ки иборатанд: аз вазъ, чандӣ ва чунӣ. Дар ҷараёни тағйир фақат сурати модда иваз мешавад.Сурат аз назари Арасту камоли модда аст.

Арасту оламро қадим ва азалӣ мепиндорад ва аз тарафе муҳаррики аввалро, ки Худост (Демиург) низ азалӣ ва қадим медонист, бинобар ин вай файласуфи санавӣ, дуалист мебошад.

Мактаби илмию фалсафии Искандария

Искандар дар соли 331 то милод шаҳри Искандарияро дар Миср бино кард. Пас аз ӯ сулолаи Батолис, ки ҷонишинони вай дар Миср буданд, Искандарияро пойтахти худ қарор доданд. Дар он замон шаҳрҳои юнонӣ аҳамияти илмию фалсафии худро аз даст дода буданд. Бинобар он Батолис (асосгузори ин сулола Батлимус Сатер 323-282 то милод) Искандарияро ба маркази илму фалсафа низ табдил доданд.

Донишмандони мадрасаи Искандария илм ва фалсафаи юнониро ба илму ҳикмати шарқӣ даромехта, ба он ҷанбаи ҷаҳонӣ бахшидаанд.

Маъруфтарин олимони ин мактаб Уқлидус (Евклид тав.с.330 то милод) риёзидон-математик (ҳандасашинос)-и машҳури бостон, муаллифи китоби «Ибтидо», Аристрахус (тав.310 то мелод) аз шаҳри Самос ҳам чунин риёзидони бузург ва ба истилоҳи дигар Коперники Аҳди қадим; Архимед (тав. 287 то мелод) бузургтарин нобиғаи риёзидон, механик ва физики бостон; Батлимус (Птоломей) қарни дуюми милодӣ аз уламои ҳайат (астрономия) ва ҷуғрофидони бостон, муаллифи «Алмаҷастӣ» ва ғайра мебошанд.

Аз файласуфони қадимтарини ин давра Флутин (Плотин) мебошад. Флутин асосгузори фалсафаи навафлотунӣ ба шумор меравад. Ғайр аз ӯ ба ин мактаб файласуфон Наменюс, Аммониус Саккас тааллуқ доранд. Флутин (204 – 269 мелодӣ) охирин файласуфи аҳди қадим буда, дар Миср таваллуд шуда, дар шаҳри Рум аз олам чашм пӯшидааст.

Таълимоти мобаъдуттабиа (метафизика)-и Флутин (Плотин) аз се чизи муқаддас оғоз меёбад: аҳадият, ақл ва  нафс. Аҳадият муқаддам, яъне пеш аз ақл аст ва  ақл муқаддам ба нафс. Ақл содир аз аҳадият аст ва нафс содир аз ақл, пас ҳар ду содир аз аҳадиятанд, яке бевосита, дигаре бавосита.

Аҳадиятро ба дурустӣ наметавон таъриф кард, чун ӯ фавқи таъриф аст ва ҳамчунин набояд сифате бар ӯ нисбат дод, ки ӯ фавқи тавсиф аст, дар мавриди ӯ сукут беш аз ҳар чиз дорои ҳақиқат аст.

Ҳастии ҷаҳон аз аҳадияти шинохтанашаванда ва диданашавандаи ғайбии илоҳӣ оғоз мешавад, ки дар ибтидо чун ақли ҷаҳонӣ, пас аз он чун нафси ҷаҳонӣ таҷаллӣ мекунад. Пас аз он нафси ҷаҳонӣ, нафси фардӣ ва тани фардӣ то ҳаюло – модда, яъне ба қавли Флутин – нестӣ зуҳур мекунанд.

Фалсафа дар Юнони Қадим

Тартибдиханда: МИРБОБОЕВ М.Қ , СОЛИҶОНОВ Р, АБДУЛАТИПОВ У.Ҳ. ФАЛСАФА

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-02-05

Нақша

Пайдоиши фалсафа дар Юнон ва мактаби Милетӣ

Мактаби атомгароён

Таълимоти Суқрот, Афлотун ва Арасту

Мактаби илмию фалсафии Искандария

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …