Главная / Гуногун / Фалсафаи эҳё ва замони нав

Фалсафаи эҳё ва замони нав

Мазмун ва хусусиятҳои фалсафаи Эҳё

Давраи Эҳё (лотинӣ Ренессанс, ба русӣ Возрождение) аз оғози асрҳои XIV  то интиҳои асри XVI-ро дарбар мегирад, ки аз ҷиҳати ҳодисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ давраи ниҳоят бою пурсамар ва пурмӯҳтаво мебошад. Дар ин давра рӯҳияи аз нав зинда кардани тамаддуну фарҳанги бостонии Аврупо, ки намунаи баланди он фарҳанги Юнони қадим аст, ҳукмрон буд. Он аз бозгашт, нусхабардории тамаддуни гузашта ибтидо ёфта, то ба ташаккули илму фарҳанги наву тоза дар сатҳи баландтаре анҷомид.

Намоёнтарин  ҳодисаҳои ин давра: оғози муборизаи сиёсӣ ва мафкуравӣ бо сохти феодалӣ ва калисои  католикӣ; пайдоиши суннати инсондӯстӣ (гуманизм); оғози ҳаракати ислоҳталаби (реформатсия)-и дини насронӣ; инқилоби амиқ дар ҷаҳонбинӣ ва сурати илмии олам.

Дар ин давра  дар ҳама соҳаҳои фарҳанг барҷастатарин шахсиятҳо, ки то имрӯз осорашон намунаи шоҳкориҳо ва шоҳасарҳо ба шумор мераванд, ба миён омаданд. Аз ҷумла, дар соҳаи адабиёту фарҳанг, муаллифи «Базм» ва «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте Алигер, «Кантсисер» ва сонатаҳои Франсиско Петрарка, муаллифи «Декамерон»-и Ҷованни Боккаччо, ҳамчунин адибон Вилям Шекспир, Сервантес, Ф.Рабле, мусаввирон Леонардо да Винчи, Раффаэлло Санти, ҳайкалтарош Микеланҷело Бусмаратӣ мебошанд.

Дар соҳаи илм ва фалсафаи табиат Николай Коперник (1473-1543), Галилео Галилей (1546-1642), Иоганн Кеплер (1571-1630); дар соҳаи дин зуҳури ҳаракати Ислоҳ (М.Лютер (1483-1546), У.Сивингли (1484-1531), Ш. Калвин (1509-1531); дар илми сиёсат: Никколо Макиавелли (1469-1527), Жан Баден (1530-1536) ва сотсиалистони ормонӣ Томас Мор (1479-1555), Томмазо Кампанелла (1568-1639) зуҳур карданд.

Файласуфони маъруфи ин давра Георги Гемистос (1360-1425), Пико де Мирандола (1463-1495), Петро Помпанатси (1462-1525), Мишел де Мантен (1833-1592) муаллифи китоби «Таҷрибаҳо», Ларентсо Вала (1407-1457) муаллифи «Дар бораи неъматҳои ҳақиқӣ ва дурӯғин», «Дар бораи озодии ирода»; Николаи Кузанӣ (1401-1464) муаллифи «Хоксор», «Оид ба хирадмандӣ»; Ҷордано Бруно (1546-1600) муаллифи китоби «Дар бораи беохирии Кайҳон ва оламҳо» мебошанд.

Фалсафаи давраи Эҳё асосан чунин усул ва хусусиятҳоро дорост:

Инсонмарказият (антропосентризм) баръакси кайҳон- марказият (космосентризм)-и Юнони бостон ва худомарказият (теосентризм)-и асрҳои миёна, васфи ақлу хирад, имконот ва қобилиятҳои инсон, зебогии зоҳирию ботинии он, аз муҳимтарин мавзӯъҳои адабиёт, санъат ва фалсафа ба шумор мерафт.

Дар фалсафаи табиат  (натурфилософия) гузариш аз ҷаҳонбинии заминмарказӣ (геосентризм) ба ҷаҳонбинии офтобмарказӣ (гелиосентризм), исботи гардиши замин дар атрофии офтоб, аз ҷустуҷӯи ҳақиқати мовароуттабиат ва маънию мақсади зиндагӣ, ба ҷустуҷӯи ҳақиқати ашё ва ғайра (Галилей, Коперник, Бруно, Кеплер).

Гуманизм ва арзишёбии фардият ва шахсияти инсон (инсон офаридгори худии худ).

Ҳамахудоӣ (пантеизм)-и Н.Кузанӣ, Ҷ.Бруно.

Таҷрибагароӣ ва усули тадқиқ дар фалсафаи давраи Нав

Фалсафаи асрҳои XVII ва XVIII. Дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII се кашфиёти муҳим: чопи китоб, борут ва сӯзани қутбнамо (компас) кашф шуда, симо ва ҳолати ҳамаи оламро дигаргун кард ва такони бесобиқае ба пешрафти таҷрибавӣ дод.

Муҳимтарин  аломати рӯҳияи ин давра майли зиёд ба донистани асрори табиат ва истифодаи он ба  нафъи инсон аст. Ин рӯҳия ба он водошт, ки тамоми фалсафаи гузашта, зери танқид қарор гирифт. Ин равия аз Бэкон оғоз гардида дар Декарт, Кант, то таълимоти марксистии асри XIX таъйинкунандаи равиши фалсафаи нав гардид.

Рӯҳияи мавсуф зарурати коркарди усулу равишшиносӣ (методологи)-и навро ба миён гузошт. Ин буд, ки масъалаҳои асосии баҳсҳои фалсафии замони Нав пеш аз ҳама дар атрофии назарияи маърифат давр мезаданд. Муҳимтарин равишҳои фалсафии ибтидои асри XVII то охири асри XVIII аз инҳо иборатанд.

Фалсафаи маорифпарварӣ ва ақлгароӣ, ки намояндагонаш Р.Декарт (1596) Б.Спиноза (1632-1677), Г.В. Лейбнис (1616-1716); таҷрибагароӣ: Г.Гоббс (1588-1650), Ҷ.Локк (1632-1777), Ҷ.Беркли (1685-1753), Д.Юм (1711-1776); маорифпарварии франсавӣ: Б.Паскал (1623-1662), Ф.М.Волтер (1694-1778), Ш.Монтеске (1623-1663), Ж.Ж.Руссо (1712-1778), Ш.О.Ламетри (1709-1751), П.Голбах (1723-1789), К.Гелветсий (1715-1771), Д.Дидро (1713-1784) буданд.

Френсис Бэкон (1561-1626) асосгузори равиши нави илмӣ, сардафтари таҷрибагароӣ (эмпиризм) дар фалсафа буд. Аз худи номҳои осори Бэкон «Органони нав» ва «Атлантидаи нав» навоварии ӯ дар соҳаҳои фалсафа ҳувайдост.

Ҳадафи илм ба ақидаи Бэкон ҳокимияти инсон бар табиат аст, яъне бояд ба инсон хизмат кунад, илм ин тавоноӣ, қудрат аст. Бэкон роҳи дастёбӣ ба ҳокимияти инсон бар табиатро аз тариқи дониш имконпазир медонист, барои расидан ба чунин дониш бояд равиши таҳқиқро ислоҳ кард.

Бэкон вуҷуди монеаҳо дар касби илму дониш ва шинохти ҳақиқатро ошкор карда, масъалаи аз миён бардоштани онҳоро гузошт. Ин монеаҳоро Бэкон шабаҳҳо ё бутҳо номидааст, ки иборатанд аз бути шахсӣ, бути бозорӣ, бути намоишӣ. Бэкон дар «Органони нав» тамоми фалсафаи юнонӣ (ба ҷузъ мактаби табииёт) ва фалсафаи мадрасӣ (схоластика)-ро сахт танқид намудааст.

Вай мегӯяд, онҳое, ки бо илм машғул будаанд ё таҷрибагаро (эмпирик) буданд, ё  ҷазмиятгаро (догматик). Эмпирикҳо мисли мӯрча фақат ба ҷамъ кардан машғуланд. Ратсионалистҳо мисли тортанак аз худ дар атрофи худ тор мекашанд. Замбӯрони асал усули мобайниро интихоб карда,  аз гулҳои боғ ва саҳро накҳат гирд меоранд, онро тағйир медиҳанд ва бо қобилияти худ дигаргун месозанд. Бэкон мегӯяд, кори ҳақиқии фалсафӣ аз ҳамин кори замбӯр фарқ надорад ва бояд умедвор буд, ки байни мушоҳидоти таҷрибавӣ ва тафаккур иттифоқи наздику вайроннашаванда барқарор хоҳад шуд.

Бэкон дар китоби «Атлантидаи нав» тимсоли давлати ормониро нишон додааст, ки бар хилофи давлати ормонии Афлотун бунёди он на ба шоҳи одилу ҳаким, балки ба илму техникаи нав мебошад, ҳарчанд ки нақши шоҳи одилу ҳаким низ дар ин давлат муассир аст.

Томас Гоббс (1588-1650) фалсафаи Бэконро низом бахшид. Мувофиқи назарияи Гоббс ҷаҳон маҷмӯи кулле аз ҷисмҳои моддӣ аст, ки ҳама бар қонуни ҳаракати механикӣ тобеанд. Вай ҳатто зиндагии равонӣ-психикии инсонро бо меъёрҳои ҳаракати механикӣ баён ва равонро таркибе аз механизми бадан медонад. Усули маърифати ӯ пайвасти сунъии ратсионализм-ақлгароӣ ва номинализм – номгароӣ аст. Гоббс вуҷуди рӯҳро  бе ҷисм инкор мекунад ва мегӯяд, агар  ҷавҳар  рӯҳонӣ мебуд, вай донистанашаванда буд. Рӯҳро вай ҳамчун ҷисми табиии ниҳоят тунуке медонад, ки ба эҳсости мо таъсир надорад, вале фазоро пур кардааст.

Асари маъруфи Гоббс дар мавзӯи иҷтимоӣ ва давлатдорӣ «Левиафан» мебошад, ки дар инкишофи афкори иҷтимоии аврупоӣ таъсири калон расонидааст. Вай таълим медод, ки  вазифаи якумдараҷаи давлат барқарории сулҳ ва таъмини осоиштагии шаҳрвандон, амнияти байни мардумон ва халқҳо мебошад.

Ҷон Локк (1632-1704) файласуфи англис ҳамчун таҷрибагаро ва эҳсосгарои моддӣ шӯҳрати бештаре пайдо кардааст. Вайро асосгузори равиши эҳсосгароӣ (сенсуализм) мешуморанд. Бар хилофи ақидаи Суқрот ӯ дониши фитриву модарзодиро инкор кардааст. Тибқи таълимоти Локк равони кӯдак ҳангоми таваллуд, то таҷрибаи ҳиссӣ мисли «tabula rasa» , яъне тахтаи тоза соф аст. Дар он ҳеҷ гуна идеяҳои фитрӣ – модарзодӣ нест. Ин андешаҳои Локк инкори назарияи Суқрот, Афлотун ва пайравони онҳо буд. Ҷон Локк донишро маҳсули ду навъ таҷриба: таҷрибаи зоҳирӣ ва ботинӣ медонад.

Рене Декарт (1596-1650) асосгузори фалсафаи навини аврупоӣ аст. Вай мисли Бэкон ба ҳамаи муҳокимаҳои гузаштае, ки инсоният ба он боварӣ дошт, шубҳа карданро талқин намудааст. Сарлавҳаи китоби маъруфи ӯ «Усули фалсафа» бо чунин ҷумла оғоз мешавад: «Барои озмуни ҳақиқат, ҳар кас бояд дар тӯли зиндагии худ, то он ҷо ки мумкин аст, як бор дар мавриди ҳама чиз шакк кунад».

Ҳанӯз пеш аз Декарт дар таърихи фалсафаи тоҷик Имом Фахри Розиро «шайхулмашкукин» номида будаанд. Ин дуюмин ҳакиме (яъне Декарт), ки масъалаи зарурати шаккро дар маърифат ба миён гузоштааст. Шакк кардан нишонаи андешидан аст ва назди Декарт андешидан, ё фикр кардан мафҳуми ҷавҳарӣ аст. Сухани ӯ «Ман меандешам, пас ҳастам» – Coqito erqo sum бо номи «бурҳони когито» дар фалсафаи навин маъруф гардидааст.

Фалсафаи Декарт дугаро-санавӣ (дуалистӣ),  яъне мӯътақид бар вуҷуди ду ҷавҳар (субстансия) аст.

Декарт мегӯяд, ки гетӣ аз ду таркиб (constituent) ё ду гуна ҷавҳар (substance) бо номи ҷисм ва зеҳн иборат аст. Нишонаи зотии ҷисм ё модда ё тӯлу арз (extension) ё андоза (dimension) мебошад. Нишонаи шиносоии зеҳн (ё ҷавҳари зеҳнӣ) андеша, ё фаъолияти андеша аст. Фақат ҷисм ва зеҳн ҷавҳаранд, ҳама чизи гетӣ ба яке аз ин ду таҳвилпазиранд ё оризанд. Аммо ҷисм ва зеҳн ҳеҷ кадом ба ростӣ устувор ба зот нестанд, зеро ки ба ақидаи Декарт танҳо Худо (ё ҷавҳари илоҳӣ) қоим ба зот аст ва ин ду ҷавҳари дигар ба баракати ӯ ҷавҳаранд.

Пантеизм ва масъалаи ҷавҳар дар фалсафаи давраи Нав

Файласуфи нидерландӣ Бенедикт Спиноза (1632-1677) асосгузори фалсафаи пантеизм (ҳамахудоӣ, ё ваҳдати вуҷуд) ба шумор меравад. Муҳимтарин осори ӯ «Рисолаи илоҳӣ-сиёсӣ», «Рисолаи сиёсӣ» ва «Ахлоқ» аст. Дар ташаккули афкори фалсафии ӯ таъсири Ҷ.Бруно, Р.Декарт ва Г.Гоббс зиёд мебошад. Ба ақидаи Спиноза ҳастӣ аз як ҷавҳар беш нест, он ҷавҳар ҳамон табиат (худо) аст. Худо  ва табиат аз ҳам ҷудо нестанд. Ҷавҳар дорои сифати зиёд аст, вале барои ақли инсони фонӣ танҳо ду сифати он: имтидод ва тафаккур ошкор мешавад. Ин ду сифат (атрибут)-и ҷавҳарӣ бар акси Декарт хусусияти санавӣ (дуалистӣ) нестанд, балки айни зоти ҷавҳари воҳиданд.

Спиноза яке аз аввалин муборизи роҳи озодии эътиқод, сухан ва ҳуқуқҳои башар мебошад. Ба ақидаи Спиноза «Ҳадафи ниҳоии давлат он нест, ки одамонро дар тарс, зери султаи дигарон нигоҳ дорад, балки баръакс дар он аст, ки ҳар якеро аз тарс озод кунад, то вай бехатар чӣ қадар ки мумкин аст, зиндагӣ кунад»…

Г.В. Лейбнитс (1646-1716) муаллифи китобҳои «Таҷрибаи нав оид ба хиради инсонӣ», «Усули табиӣ ва илоҳӣ»,  «Монадашиносӣ» ва «Теодесия» аст. Вай таълимоти Декарт ва  Спинозаро роҷеъ ба назарияи ҷавҳари имтидод ва таълимоти тозае дар ин маврид оид ба монадаҳо (воҳидҳо) – ҷавҳарҳои соддаву таҷзиянопазир, «атом» ё зарроти ҳақиқии табиат ё унсурҳои ашё ба вуҷуд овард. Монадаҳо абадӣ ва фанонопазиранд, онҳо ба таври табиӣ пайдо ва нест шуда наметавонанд, балки сарчашмаи илоҳӣ доранд. Ягона сифати ҷавҳарии монадаҳо бояд андеша бошад.

Лейбнитс монанди Декарт ва Спиноза фалсафаи худро бар пояи мафҳуми ҷавҳар қарор медиҳад. Ихтилоф бо онҳо дар бобати миқдори ҷавҳарҳо ва робитаи рӯҳ бо модда мебошад. Лейбнитс бар вуҷуди ҷавҳарҳои номаҳдуд мӯътақид аст. Вай дар мантиқ илова ба ду усули тафаккури Арасту: асли таноқуз – зиддият ва ҳақиқат, асли сеюм асоси кориро дохил кард.

Монадаҳо ё воҳидҳо силсиламаротиберо ташкил мекунанд, ки дар онҳо ҳар воҳиде мартабаи худро дорад. Лейбнитс ҳадди се синф монадаҳоро бар асоси зинаҳои майл (appetitio nes)-и онҳо ба камол ҷудо кардааст, ки ба истилоҳи Мавлоно Румӣ ҳамон зинаҳои ҷамодиву наботӣ (дар якҷоягӣ) ва ҳайвониву инсонӣ ё се нафс: нафси наботӣ, ҳайвонӣ, ақлонии Арасту мебошад ва ин зинаҳои майл ба камол бо зинаи инсонӣ хотима намеёбад ва дар масири камоли илоҳӣ бениҳоят аст. Ҳама монадаҳо як воҳиди ҳамоҳанги ягонаи табииро ташкил мекунанд «ҳеҷ ҷоне бе тан ва ҳеҷ тане бе ҷон нест».

Ҷ.Беркли (1685-1753) яке аз зеҳнгароёни субъективисти давраи Нав дар фалсафа мебошад. Вай ҳамчун мунаққиди таълимоти моддагароӣ ва инкори модда чун асоси ҷавҳари ҷисм ва назарияи И.Нютон дар бораи фазо ва ҳам инкори таълимоти Ҷ.Локк дар бораи пайдоиши модда ва фазо дохил шудааст. Вай ақида дошт, ки инсон мустақиман ҳеҷ чизеро ҷузъ идеяҳояш дарёфт намекунад ва вуҷуди чизҳо вобаста ба идрок аст. Намудҳо – идеяҳо бошанд, худ ба василаи як зоти ғайриҷисмонӣ, яъне рӯҳ дарёфт мешаванд, ки қодир ба офариниши идеяҳо аст.

Идеализми субъективии Беркли аз тарафи Давид Юм (1711-1776) такмил дода мешавад. Юм файласуфи шаккок ва позитивист аст. Вай ба саволи «оё олам вуҷуд дорад?  -Намедонам» ҷавоб медод. Сабаб он аст, ки мувофиқи ақидаи ӯ, одам қудрати берун омадан аз ҳудуди эҳсосоти худ ва фаҳмидани  чизе берун аз худро надорад.

Тартибдиҳанда: МИРБОБОЕВ М.Қ , СОЛИҶОНОВ Р, АБДУЛАТИПОВ У.Ҳ. ФАЛСАФА

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2014-02-21

          Нақша

Мазмун ва хусусиятҳои фалсафаи Эҳё

Таҷрибагароӣ ва усули тадқиқ дар фалсафаи давраи Нав

Пантеизм ва масъалаи ҷавҳар дар фалсафаи давраи Нав

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …