Главная / Биология / Тағйирёбии модаҳои ғизоӣ дар меъда

Тағйирёбии модаҳои ғизоӣ дар меъда

Ҳозима дар рўдаи борик. Хўроки шавламонанд қисм – қисм аз меъда ба ҷои дигари канали ҳозима – рўда мегузарад. Дар рўдаи борик таҷзияи минбаъдаи нисбатан оддии моддаҳои ғизоӣ давом карда, ба хун ва лимфа ҷаббида мешавад.

Дарозии рўдаи борик 3-3,5 м аст. Қисми аввали он рўдаи дувоздаҳангушта мебошад. Дарозии миёнаи он ба 12 бари ангушт баробар аст. Ба рўдаи дувоздаҳангушта маҷрои ҷигар талхадон ва ғадуди зери меъда кушода мешавад.

Ферментҳои шираи ғадудҳои зери меъда танҳо ба муҳити ишқорӣ таъсир карда, ба воситаи талха фаъол мегарданд. Дар рўдаи дувоздаҳангушта дар зери таъсири ферментҳои шираи ҳозима сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидрадҳо таҷзия мешаванд.

jigar

Талхаро калонтарин ғадуди бадани одам – ҷигар ҳосил мекунад, ки он чарбҳоро ҳазм мекунад. Кашишхўрии мавҷмонанди деворҳои рўда (расми 71) шавлаи хўрокро мунтазам дар рўда ба ҳаракат медарорад. Шавлаи хўрок миқдори зиёди ғадудҳои майдатарини пардаи луобии рўдаи борикро ба ангезиш меорад. Онҳо шираи рўда ҷудо мекунанд. Тавассути ферментҳои шираи меъда моддаҳои ғизоӣ то пайвастагиҳои оддитарини дар об ҳалшаванда, сафедаҳо то ба аминокислотаҳо, чарбҳоро то глитсерину Кислотаҳои равған ва карбогидрадҳо то глюкоза таҷзия мешавад.

Дар пардаи луобии рўда гиреҳҳои зиёди лимфагӣ мавҷуд буда, онҳо як қисми умумии системаи ҳифзкунандаи организм мебошанд: Хусусан кирмрўда (аппендикс), ки аксар боиси бемории аппендитсит мегардад. Сирояти гуногуни рўда, гулўдард сабаби газакгирӣ шуда метавонад.

Аппендикс ин изофаи бо кирм монанд буда, дар қисми кўррўдаи рўдаи ғафс ҷойгир шуда, дарозиаш ба ҳисоби миёна 6-8 см ва аз ин ҳам зиёдро ташкил мекунад. Ғафсиаш ба ҳисоби миёна 0,6-1 см мебошад. Аҳамияти изофаи кирмшакл дар он аст, ки он узви муҳими иммунӣ мебошад. Изофаи кирмшакл баъзан бемор мешавад, ки онро аппендитсит меноманд.

Нишонаҳои он чунинанд: пайдошавии дарди сахт дар шикам, баланд шудани ҳарорати бадан, сафед гаштани болои забон, қайкунӣ ва ғайраҳо. Агар ин нишонаҳо дар одам пайдо шаванд, бе ягон дудилагӣ ҳатман ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Ҷаббиш. Сатҳи дохилии рўдаи борик дорои патмўякҳо аст, ки тавассути онҳо маҳсулоти таҷзияи сафедаҳо, чарбҳо ва ангиштобҳо ҷаббида мешаванд. Миқдори хеле зиёди мўякҳо (2500 мўяк дар 1см) сатҳи пардаи луобии рўдаи борикро хеле васеъ мекунанд. Девори мўяк аз эпителияи якқабата иборат аст. Ҳар як мўяк аз раги хунгард ва рагҳои лимфагӣ иборат аст.

Патмўякҳо маҳсулоти дар об ҳалшудаи таҷзияи моддаҳо ғизоиро ҷаббида мегирад. Ҷаббиш на танҳо раванди табиии таровиш ва дифузиявист, балки инчунин ҷараёни мураккаби физиологӣ буда, бо роҳи аз деворҳои мўякҳо фаъолона гузаронидани моддаҳо зуҳур меёбад. Мўякҳо вазифаи муҳофизатиро ҳам иҷро карда, намегузоранд, ки ба хун ва лимфа микроорганизмҳои маскуни рўда дохил шаванд. Дар сурати риоя накардани қоидаҳои оддитарини гигиенӣ, тавассути хўрок ба рўда аксар микроорганизмҳо ва заҳри онҳо дохил мешаванд.

Роли муҳофизати ҷигар. Ҳамаи хуни ҷоришаванда аз ҷигар мегузарад. Дар ҷигар то 95% моддаҳои зарарноки дар рафти ҳазми хўрок ба вуҷуд омада, безарар гардонда мешаванд.

Пардаи луоби

Вазифаи рўдаи ғафс. Боқимондаҳои хўроки хазмшуда қариб 8-12 соат аз рўдаи ғафс мегузаранд. Дар ин муддат қисми зиёди об ба хун ҷаббида мешавад. Пардаи луоби рўдаи ғафс мўякҳоро надорад. Ғадудҳои он шира ҷудо мекунанд, ки ферментҳояш кам буда, ба миқдори зиёд луоб дорад. Луоб ҳаракат ва берун шудани боқимондаҳои хўроки ҳазмнашударо осон мегардонад.

Дар рўдаи ғафс бактерияҳои бисёр мавҷуданд. Онҳо ба ҳазми мўътадили хўрок зарур буда, бо иштироки онҳо баъзе витаминҳо ба вуҷуд меоянд. Наҷосати дар рўдаи ғафс пайдошуда ба рўдаи рост даромада, аз он ба берун партофта мешавад.

Саволҳо:

  1. Моддаҳои ғизоӣ дар рўдаи дувоздаҳангушта ба чӣ тағйирот дучор мешаванд?
  2. Дар раванди ҳазми хўрок шираи ғадуди зери меъда кадом нақшро мебозад?
  3. Дар раванди ҳазми чарбҳо талха кадом нақшро мебозад?
  4. Роли муҳофизати ҷигар дар чист?
  5. Ҷаббиш чист?
  6. Рўдаи ғафс дар ҳазми хўрок кадом нақшро мебозад?
  7. Нойи ҳозима чӣ хел системаи муҳофизатӣ дорад?
  8. Барои чӣ аппендитсит хавфнок аст?
  9. Нишонаҳои аппендитсит кадомҳоянд?
  10. Ҳангоми аппендитсит чӣ чора дидан зарур аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …