Главная / Маданият ва санъат / Эътидоли хавфу раҷо

Эътидоли хавфу раҷо

Эътидоли хавфу раҷо

Бидон, ки хавфу раҷо дар роҳи ҳақ чун ду қадам аст, ки дар роҳ меравӣ. Ҳар вақт, ки як қадам биниҳӣ, агар бар он қадам боз истӣ, ҳаргиз роҳ бурида нашаваду бар ҷой бимонӣ « ва агар як қадам биниҳӣ ва қадами дигарро бардошта ба пеш гузорӣ, роҳ бурида мешаваду пеш меравӣ.

 

Маънии хавф аз Худованд тарсидан, маьнии раҷо аз  раҳмати Худои таъоло умедвор шудан аст. Пас инсон дар роҳи ҳақ ҳамчунин бояд равад: қадаме аз хавф ва қадаме аз раҷо, то саломат ба манзил расад. Ҳар гоҳ, кӣ шайтон туро ноумед кунад қадами раҷо пеш бояд ниҳод, то ноумед нагардӣ, зеро ки ноумедӣ аз раҳмати Ҳақ таъоло куфр аст.

 

Дар умед низ чандон набояд рафт, ки бепарво ва эмин шавӣ, ки эмин шудан низ куфр аст. Балки нахуст, яъне аввал қадами хавф дар пеш бояд ниҳод. Чун кадами хавф дар ҷой қарор гирифт, кадами раҷо бояд гирифту дар пеши қадами хавф бояд ниҳод. Ҳамчунин мебояд рафт, то ба манзил тавонӣ расид. Аммо бандаро дар тандурустӣ ва ҷавонӣ дар мақоми хавф бояд буд, то шикастадил шаваду чурьату далерӣ бар маъсият нанамояд, зеро ки даргоҳи бениёзист, агар ба як нофармонӣ ва ё ба як бебокӣ биронад, наъузубиллоҳ куҷо равӣ, ки қабулат кунанд.

 

Модари мӯъминон Оишаи Сидиқа разияллоху анҳо мегӯяд:

-рӯзе Расули акрам (с) ба хонаи ман даромаду гуфт. – Эй Оиша, хеҷ Таъом дорй?

Он чи дар хона ҳозир буд, пеши вай овардам ва ман ба кори худ машғул шудам. Чун боз омадам, Расули Худоро дидам, ки  cap ба саҷда ниҳода мегуфт: Тавба кардам ба сӯи ту ва зорӣ мекард.

 

Гуфтам: – Ё Расулаллоҳ, ҷонам фидои ту бод, ин чи гиря ва зорӣ аст? Ту сайиди анбиё ва шафеи гунаҳгорони умматӣ.

 

Гуфт: – Ё Оиша, таомро дар пешам ниҳодаму гирдзону нишастам.

 

Ҷабраил (а) ба наздам омада гуфт: – Ё Муҳаммад, бандагон чунин нанишинанд, чунин ки ту нишастаӣ, бепарвоён нишинанд. Пас агар ман нагирям, ки гиряд ва агар ман нанолам, ки нолад? Намедонам, ки Худованд бо ман чи хоҳад кард? –

 

Эй бародару хоҳари азиз, бубин Довуди пайғамбар алайҳи-с-салом, ки пайғамбари мурсал буд, ба як назар, ки бе қасди ӯ бар зани бегона афтод, ӯро Худой таъоло сарзаниш кард, Ӯ чиҳил сол гиря ва зорӣ кард, то аз оби чашми ӯ гиёҳҳо баромад, пас аз он оҳҳои гарм кашид, ки аз гармии нафаси ӯ он гиёҳҳо сӯхтанд, то тавбаи вай ба назди Худованд кабул гардид.

 

Бубинед, ки Довуд (а) аз барои як гуноҳ чиҳил сол ин навь гиря ва зорй мекард.

 

Эй он касе, ки чиҳил сол ба хилофи фармон Худоро меозорӣ, оё вақти он наёмадааст, ки пушаймон шавиву тавба кунӣ? То ту корҳои худро тамом кунӣ ва баъд пушаймон шавӣ ва тавба кунӣ дер шавад. Дер шуданро дар тавба кардан рох мадеҳ.

То ту зи ҳама сер шавӣ, дер шавад,

Чун дер шавад дилат зи мо сер шавад.

Он чи шунидӣ мақоми хавф буд ва банда то дар ҷавонӣ ва тандурустӣ аст, дар мақоми хавф буданаш авлотараст, ки бар нофармонии Ҳақ таъоло далерӣ нанамояд. Аммо чун пир гашт ё бемор шуд, дар мақоми раҷо будан авлотараст, то шикастадил нашаваду шайтон ӯро ноумед нагардонад, ки Худованди таъоло бисёр Карим аст.

Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар шаби меъроҷ аз Ҳақ таъоло талаб кард, ки бор Худоё, ҳисоби уммати ман ба дасти ман бидеҳ, то касе бар гуноҳи онҳо огоҳӣ наёбад.

Фармон омад: Эй Мухаммад, ту мехоҳӣ, дигарон бар гуноҳи умматони ту огоҳӣ наёбанд ва ман, ки Худовандам чунон мехоҳам, ки ту низ бар гуноҳи умматони худ огоҳ нашавӣ, агар ту гуноҳи онҳоро бидонӣ, аз онҳо безор шавӣ. Ҳарчанд ки ту раҳмати оламиёнӣ, аммо парвардигори оламиён манам. Агар онҳо умматони туанд, лекин бандагони мананд.

Баъд аз он ки Расул (с) аз меъроҷ боз омаданд, яке аз умматонаш вафот кард. Ҷанозаи ӯро ҳозир карданд. Расули акрам (с) савол карданд, ки қарз надорад?

Гуфтанд: – не.

Пас намози ҷанозаи ӯро хонданд.

Баъд аз он яке дигар аз умматонаш вафот кард.

Савол карданд, ки қарз надорад?

Гуфтанд: – ду дирам қарз дорад, аммо чизе дорад, ки қарзи вайро бидиҳанд.

Намози ҷанозаи вайро низ хонданд.

Баъд аз он яке аз умматони дигараш вафот ёфт.

Савол карданд, ки қарз надорад?

Гуфтанд: – Ду дирам қарз дорад ва чизе надорад, ки карзашро адо намоянд.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд, ки

намози ҷанозаи ӯро намехонам, чунки дар додани қарз сустӣ кардааст.

 

Шоҳи мардон Алии Муртазо Карамаллоҳу ваҷҳа гуфтанд  ё Расулаллоҳ, ман қарзи ӯро ба зиммаи худ гирифтам, ки адо мекунам. Шумо намози ҷанозаи вайро хонед.

 

Расули акрам (с) намози ҷанозаи вайро хонданд. Он гоҳ Ҷабраил алайҳи-с-салом аз назди ҳазрати Рабул оламин даррасиду гуфт: – Эй Муҳаммад (с), Худованд ба шумо мегӯяд: баъд аз салом, ки дар шаби меъроҷ ҳисоби уммат мехостӣ, ки ба дасти ту диҳам ва яке аз умматони туро ду дирам қарз буд бар вай намоз намегузорӣ, ҳисоби уммат чи гуна ба дасти ту диҳам? Ҳалимии мост, ки бардошти бори гуноҳи бандагон мекунад ба иззати ман, ки агар бар он бандаи мӯъмин намоз намегузоридӣ ман, ки Худовандам шашсад ҳазор фариштаи муқарабро мефиристодам, то бар вай намоз мекарданд.

 

Расули акрам (с) фармуданд, ки фардои қиёмат чун ҳайронии халқ аз ҳад гузараду рӯи халосӣ наёбанд, фарёдкунандае аз зери арш фарёд кунад, ки эй умматони Муҳаммад (с), Ҳақ таъоло мефармояд, ки он гуноҳоне, ки миёни ману шумо буд, ҳамаро бахшидаму қалами авф баркашидам. Мемонад гуноҳ ва хусумате, ки дар байни ҳамдигари шумост, ки дар дунё якдигарро ҷабру зулм кардед ё ҳаққи ҳамдигарро хӯрдед, ё ҳамдигарро ранҷонидед. Шумо якдигарро биҳил кунед ва ҳама дар биҳишт дохил гардед. Х,ама ба якборагӣ хурӯш бароранд, ки Худовандо, якдигарро биҳил кардем ва бахшидему хушнуд гаштем. Пас фармон шавад, то дастҳои якдигар бигиранду дар биҳишт дароянд.

 

Умар (р) гуфт: – Агар фарёдкунандае фардои қиёмат фарёд кунад, ки ҳеҷ кас дар биҳишт намедарояд, магар як кас, гумон барам, ки он ман бошам ва агар гӯянд ҳеҷ кас дар дӯзах наравад, магар як кас гумон барам, ки он ман бошам.

 

Илоҳо, тамомшавии умри моро бар калимаи тавхид ба

поён расон ва ҳамаи моро аз дӯзахи сӯзон бираҳону ба биҳишти ҷовидон бирасон, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …