Главная / Варзиш / Эстафета бо ҷузъиёти волейбол

Эстафета бо ҷузъиёти волейбол

Барои бозӣ ду тӯби волейбол лозим аст. Бозингарон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Гурӯҳҳо аз хамдигар дар масофаи 3-4 метр меистанд. Дар назди онҳо хати оғоз кашида мешавад. Дар масофаи 6-8 метр дар рӯ ба рӯи гурӯҳҳо харакҳо гузошта мешаванд (расми 38).

Ба ҷуфти бозингарони дарпешистода яктогӣ тӯби волейбол дода мешавад. Бо ишораи довар ин ҷуфтҳо ба тарафи харак дар ҳаво тӯбро ба якдигар дода ҳаракат мекунанд.

02

Ҳаракатро боздошта, тӯбро ба замин зада бармегарданд. Ба хати огоз расида, тӯбро ба ҷуфти дигари бозингарон медиханд. Ҷуфтхои баргашта дар охири саф меистанд. Бозӣ то даме идома меёбад, ки ҳамаи бозингарон ба назди харак рафта баргарданд. Гурӯҳе, ки бозингаронаш аз ҳама пеш ба марра расиданд, ғолиб донис- та мешавад. Ҳангоми давидан, тӯбро танҳо зада ба якдигар партофтан мумкин аст. Тӯбро танҳо ҷуфте, ки бозиро бояд cap кунад, медорад. Агар бозингар тӯбро зада натавонист ва тӯб афтид, ин ҳолатро гузаро- нида, бозиро идома медиҳад ва тӯбро зада ба рақибаш равон мекунад. (расми 38). Тӯбро ба ҷуфти навбатӣ танҳо баъди гузаштан аз хати оғоз додан мумкин аст. Барои хатохо ҳалқаи ҷаримавӣ дода мешавад. Гурӯҳе, ки бозингаронаш зудтар ва бехато бозиро ба анҷом расони- данд, ғолиб дониста мешавад.

«Машқ бо тӯб»

Бозингарон аз рӯи намуди кӣ тӯби волейболро аз болои cap, аз пушти cap, ба қафо, аз поён ба қафо, ба пеш ва ғайра дуртар мепартояд, мусобиқа мекунанд.

2.  Бачаҳо ҷуфт-ҷуфт меис- танд. Ҳар як ҷуфт тӯбро пас аз ба замин зада гирифтан медиҳад. Пас аз ҳар бори паргофтани тӯб бозин- гарон як қадам аз якдигар дур мешаванд.

03

3.          Х,ар як ҷуфт ба якдигар тӯбро аз паси cap мепартояд. Кӯшиш бояд кард, ки тӯб наафтад. Ҷуфте, ки тӯбро камтар афтондааст, ғолиб мебарояд.

4.          Бозингарон аз зери пойи чап ва рост ба якдигар тӯбро мепарто- янд ва аз рӯи он, ки кӣ камтар тӯбро меафтонад мусобиқа мекунанд (расми 39).

«Тири барфӣ»

Дар девор ду давраи диаметраш 80 см кашида мешавад. Дар дохили давраи калон даврачаи хурди 30 см бо ранги сурх ё зард ранг мекунанд. Ӣн «себ» аст. Ӣн нишонҳоро дар холати набудани девор ба тахтача зада, ба замин ё барф мустаҳкам намудан мумкин аст.

Дар масофаи 5 – 10 м ду гуруҳ 6 – 10 нафари саф мекашад. Бо ишораи роҳбар иштирокчиён барфро кулӯла карда ба нишон  мезананд. Ҳар як бозингар 5 мароти- багӣ барф мепартояд. Барои ба «себ» расондан 3 хол, ба қисми дигари давра 1 хол дода мешавад.

Гурӯх,е, ки холи зиёдтар ба даст овардааст, ғолиб мебарояд. Мусобиқа- ро то даме, ки болои «себ» пурра бо б арф пӯшида нашавад, давом додан мумкин аст.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …