Главная / Илм / ЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна

ЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна

ermoleva-zinaida-vissarionovnaЕРМОЛЕВА Зинаида Виссарионовна (12. 10. 1898, ш. Фролово – 2. 12. 1974, Москва), микробиолог ва эпидемиологи шӯравӣ, акад. АИТ ИҶШС (1965; узви вобаста аз 1945). Корманди Ин-ти бактериологияи Шим. Кавказ (1921 – 25), Ин-ти комиссариати халқии ИҶШС ва Ин-ти тибби таҷрибавӣ (1925 – 47), Ин-ти антибиотикҳо (1947 – 52). Аз с. 1952 то охири умр корманди Ин-ти марказии такмили ихтисоси духтурон буд. Оид ба масъалаҳои омӯзиши вабо ва антибиотикҳо тадқиқот бурдааст. С. 1931 доруи лизотсимро омӯхта, дар амалияи тиб истифода бурд. Имрӯз он яке аз доруҳои асосӣ барои табобати бемориҳои чашм ва ҳалқу бинӣ маҳсуб мешавад. С. 1942 ҳамроҳи Т. И. Балезина бори аввал дар ИҶШС пенитсиллин ва с. 1947 стрептомитсинро ҳосил кард, дар истеҳсоли саноатии онҳо фаъолона ширкат варзид. Е. яке аз нахустин олимони шӯравӣ буд, ки ба омӯзиши хосиятҳои интерферон машғул шудааст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1943). Бо ордену медалҳо сарфароз гаштааст.
Ос.: Холера, М., 1942; Пенициллин, М., 1956; Стрептомицин, М., 1956.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …