Главная / Ҷамъият / Эъломияи ҲУҚУҚИ БАШАР (Одам – Инсон)

Эъломияи ҲУҚУҚИ БАШАР (Одам – Инсон)

Эъломияи “ҲУҚУҚИ БАШАР” – ВСЕОБЩАЯ ДЕКЛАРАЦИЯ ПРАВ ЧЕЛОВЕКА (UNIVERSAL DECLARATION OF HUMAN RIGHTS)

Adopted and proclaimed by the United Nations General Assembly Resolution 217 A (III) of 10 Desember 948

Ба ифтихори ҷашини 50-солагии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст.

Ба нами Худои ҷону  хирад.

 ҲУҶҶАТИ МУҲИМ АСР

10 декабри соли 1948 Ассамблеям Генералӣ (Маҷмаъи умумии) Созмони Миллали Муттаҳид бо номи *Эъломияи ҳуқуқи башар» ҳуҷҷатеро қабул кард, ки метавон онро хуччати мухими аср номид. Инсоният асрхои аср ин гуна ҳуҷҷату чунин муносибати байни кишварҳою қавму миллатҳоро орзу мекард. Қуръони маҷид халқҳои мусулмонро муттаҳид сохта, дар ҷодаи ваҳдати кулли башар саҳме гузошт. «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар» низ дар ин роҳ қадами наве гузошт, Мо ин ҳуҷҷатро ҳуҷҷати муҳими асри 20-21 мешуморем. Ҳар як инсони солимақл онро бояд биомузад ва баҳри ҳуқуқҳои инсонии худ мубориза барад. Муҳаррирон. 

huquqi-bashar

ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР

ПЕШГУФТОР

Чуи эътирофи қадру қиммат, ки ба ҳамаи аҳли башар хос асту ҳуқуқҳои баробару дахлнопазири он асоси озодӣ адолат ва сулҳи ҷаҳон аст:

Чун таҳқиру беэътиноӣ ба ҳуқуқи башар сабаби сурат гирифтани амали ваҳшиёнае гардидааст, виҷдони башариятро сахт озурдаю ба эъҷоди дунё, ки дар он афроди башар дар баёну ақида озод ва аз тарсу фикр фориғ бошанд ҳамчун волотарин орзуи башар эълон намхдааст;

Чун ҳуқуқи инсонон бояд дар партави  ҳукми қонун ҳимоят шавад то башар ҳамчун охирин илоҷ ба қиёми алайҳи зулму ҳукмронии мутлақо маҷбур нагардад;

Чун ба густариши муносибати дӯстонаи миёни халқҳо мусоидат кардан зарур аст;

Чун мардуми Миллали Муттаҳид амони худро ба ҳуқуқи асосии башар ва мақому арзиши шахсияти инсонию баробарии ҳуқуқи марду зан дар оиннома эълон кардаанд ва қарор гирифтаанд, ки барои пешрафти иҷтимоӣ бикӯшанд дар муҳити озодтар вазъи зиндагии беҳтаре ба вуҷуд овардаанд;

чун давлатҳои аъзо ӯҳдадор шудаанд ба эҳтиром риояти воқеии ҳуқуқи0 башар ва озодиҳои ососӣ бо ҳамкории Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат кунанд; ва

чун ҳусни тафоҳуми муштарак нисбат ба ин ҳуқуқу озодиҳо барои иҷрои комили ин уҳдадорӣ аҳамияти бузург дорад.

АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛӢ

Ин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро ҳамчун вазифаи муштараки тамоми мардуму тамоми давлатҳо эълон медорад, то ҳар фарду ҳар мақоми давлатӣ онро доиман мадди назар дошта бошанд ва ҷидду ҷаҳд кунанд, ки бо роҳи омузишу таълим ва бо тадбирҳои пешравонаи миллию байнанмилалӣ эътирофу иҷрои умумию самарабахши онҳо чӣ дар миёни мардуми давлатҳои узви созмон ва чӣ дар миёни мардуми қаламравашон ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва татбиқи онон мусоидат кунанд.

МОДДАИ 1

Тамоми одамон озод ба дунё меоянду ва аз лиҳози манзалату ҳуқуқ бо хам баробаранд. Хама сохиби ақлу вичдонанд, бояд нисбат ба якдигар бародарвор муносибат намоянд.

МОДДАИ 2

Ҳар як инсон метавонад бидуни тафовуте, махсусан аз ҳайси нажод, ранги пуст, ҷинс, забон, мазҳаб, ақидаи сиёсӣ ё ҳар як ақидаи дигар ва ҳамчунин баромади миллию иҷтимоӣ, сарват, тоифа ё  ҳар мавқеияти дигар бояд аз тамоми ҳуқуқу ҳама озодиҳо, ки дар эъломия зикр шудааст, баҳраманд гардад.

Бар илова ҳеҷ тафовуте набояд ба амал ояд, ки бар асоси вазъи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ё соҳибихтиёрии он ба тариқе маҳдуд шуда бошад.

МОДДАИ 3

Ҳар кас ҳаққи ҳаёт, ҳаққи озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дорад.

МОДДАИ 4

Ҳар инсон набояд дар ғуломӣ ё бандагӣ нигоҳ дошта шавад; ғуломӣ ва хариду фурӯши ғуломон ба ҳар шакле, ки вуҷуд дорад, манъ аст.

МОДДАИ 5

Ҳар кас набояд тахти шиканҷа, ҷазо ё рафторе қарор гирад, ки золимона, бераҳмона ва ё боиси таҳқири шарафу номуси у бошад.

МОДДАИ 6

Ҳар кас сарфи назар аз будгоҳаш, ҳақ дорад, ҳамчун фоили ҳуқуқ шинохта шавад 

МОДДАИ 7

Ҳама дар назди қонун баробаранду ҳақ доранд бидуни тавофуте аз ҳимояи баробари қонун бархурдор бошанд. Ҳама ҳақ доранд, дар муқобили ҳар ҳуқуқшиканӣ, ки хилофи ин эъломия бошад ва ҳар тариқ дар чунин ҳуқуқшиканиҳо ба таври баробар аз ҳимояти қонун баҳраманд шаванд.

МОДДАИ 8

Ҳар инсон хақ дорад, ки додгоҳҳои миллии босалоҳият ҳуқуқи уро дар мавриди поймол шудани ҳуқуқи асосиаш, ки дар Конститутсияи (Қонуни асосӣ) ё қонун ифода ёфтааст барқарор созанд.

МОДДАИ 9

Касеро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарға кардан мумкин нест.

МОДДАИ 10

Ҳар одам барои муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоаноки гуноҳҳои ҷинояте, ки ба гардани у гузошта шудааст, ба таври баробарии комил ҳуқуқ дорад, ки парвандаи (кори) уро додгоҳи мустақилу бетараф ощкорою одилона баррасӣ кунад.

МОДДАИ 11

  1. Ҳар касе, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад, то замоне бегуноҳ аст, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои додгустароӣ, ки дар он барои ҳимояи у тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, қонунан ҳанӯз исбот нагардидааст.
  2. Kacepo барои содир кардани кирдоре ва ё беҳаракаттӣ, агар дар вақти содир шудани ҷиноят, мувофиқи қонунҳои миллӣ ва ё ҳуқуқи байналхалқӣ ҷиноят ҳисоб нашавад, ҷинояткор шуморидан мумкин нест.

Баробари ин назар ба ҷазое, ки бояд дар мавриди содир шудани ҷиноят дода мешуд, ҷазои сахттар додан мумкин нест.

МОДДАИ 12

Ба ҳаёти шахсӣ, оилавии ягон фард дахолати худсарона ва ба дахлнопазирии манзил, сирри мукотибот, қадру манзалат ва обрӯи ӯ худсарона қасд кардан мумкин нест. Ҳар фард хукуқ дорад, дар мавриди чунин мудохила ё суиқасд аз ҳимояи қонун бархурдор гардад.

МОДДАИ 13

  1. Ҳар инсон ҳақ дорад, дар дохили ҳар давлат озодона тағйири макон диҳад ва махалли икомат интихоб кунад.
  2. Ҳар одам ҳак дорад, мамлакат, аз ҷумла мамлакати худро, тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад.

МОДДАИ14

  1. Ҳap кас ҳақ дорад, аз таъқибот дар дигар мамлакат паноҳгоҳ ҷуяд ва аз паноҳгоҳ баҳраманд шавад.
  2. Дар мавриде, ки таъқибот воқеан дар асоси ҷинояти ғайрисиёсӣ ё кирдори мухолифи мақсаду усули Милали Муттаҳид манзалат ва обрӯи у худсарона қасд кардан мумкин нест. Ҳар фард хуқуқ дорад, дар мавриди чунин мудохила суиқасд аз ҳимояи қонун бархурдор гардад.

МОДДАИ 13

Ҳap инсон ҳақ дорад, дар дохили ҳар давлат озодона тағйири макон диҳад ва маҳалли иқомат интихоб кунад.

Ҳар одам ҳақ дорад, мамлакат, аз ҷумла мамлакати худро, тарк кунад ва ба мамлакати худ бозгардад.

МОДДАИ 14

Ҳap кас ҳақ дорад, аз таъқибот дар дигар мамлакат паноҳгоҳ ҷуяд ва аз паноҳгоҳ баҳраманд шавад.

Дар мавриде, ки таъқибот воқеан дар асоси ҷинояти ғайрисиёсӣ ё кирдори мухолифи мақсаду усули Милали Муттаҳид бощад, аз ин ҳақ истифода намудан мумкин нест.

МОДДАИ 15

Ҳap инсон ҳуқуқи табаият дорад.

Ҳар касро аз табаияташ ё аз ҳаққи тағйири табаият худсарона маҳрум кардан мумкин нест.

МАДДАИ 16 

Марду зане, ки ба синни балоғат расиданд, ҳақ доранд, бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё мазҳаби издивоҷ кунанду оила ташкил намоянд. Онҳо барои издивоҷ, дар давраи оиладорӣ ва дар мавриди талоқ баробарҳуқуқанд.

Зану мард бояд бо розигӣ ва ихтиёри комили ҳамдигар издивоҷ кунанд.

Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият аст, ҳақ дорад, аз пуштибонии ҷомеаю давлат бархурдор бошад.

МОДДАИ 17

  1. Ҳар инсон ҳукуқи молу мулкдории шахсӣ, инчунин муштарак дорад.
  2. Ҳеҷ касро аз молу мулкдорӣ худсарона маҳрум кардан мумкин нест.

МОДДАИ18

Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдону мазҳаб хукуқ дорад.

Ин ҳуқуқ озодона тағйири мазҳаб ё эътиқод, ҳамроҳи дигарон ё алоҳида, расмй ё хусусй, озодона омӯхтан, иҷрои расму оинҳои динӣ ва маросимҳоро дар бар мегирад.

МОДДАИ19

Ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки ақидаи худро озодона баён намояд. Ин хукуқ озодонаю бемалол риояи ақидаи худ, озодона, ба ҳар восита, сарфи назар аз сарҳадҳои давлатӣ, ҷустуҷу, дастрасу интишори маълумоту ғояҳоро дар бар мегирад.

МОДДАИ 20

Ҳар инсон ҳуқуқи озодона дар маҷлисҳо, иттиҳодияҳо ширкат кар­дан дорад.

Касеро маҷбуран ба ягон иттиҳо чалб кардан мумкин нест.

МОДДАИ 21

Ҳap инсон ҳақ дорад, дар идораи корҳои мамлакати худ, бевосита ё ба василаи намояндагоне, ки озодона интихоб шуданд, ширкат варзад.

Ҳар кас дар мамлакаташ ҳуқуқи баробари ширкат варзидан ба хизмати давлатӣ дорад.

Асоси ҳокимияти ҳукуматӣ бояд иродаи мардум бошад. Ин ирода бояд ба василаи интихоби давлат ва бе сохтакорӣ, ки бо роҳи интихоби умумй ва баробар бо роҳи овоздихии пинхонӣ ёки ба василаи шаклхои дигари ҳамоҳанг, овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад.

МОДДАИ 22

Ҳар инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоию татбиқи ҳуқуқ барои нигаҳдории қадру манзалат, инкишофи озодонаи шахсияти у дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг ба воситаи ҷидду ҷаҳди миллию ҳамкории байналмилалӣ мувофиқи сохтору ИМКОНИЯТҲОИ ҳар давлат ҳақ дорад

М0ДДАИ 23

  1. Ҳар кас дороӣ ҳаққи меҳнат, ҳаққи интихоби озодонаи кору шароити оди лонаю меҳнат ва ҳаққи дифоъ аз бекорист.
  2. Ҳар инсон бидуни ягон ҳуқуқшиканӣ ба иҷрои кори баробар, ба музди баробар ҳуқуқ дорад.
  3. Ҳар коргар ба музди одилонаю қаноатбахш ҳуқуқ дорад, ки инсонро барои у ва аҳли оилааш зиндагии сазоворе таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар воситахои таъминоти инти­моӣ пурра гардад.
  4. Ҳар кас ҳақ дорад, иттифоқҳои касаба созмон диҳаду барои ҳимояи манфиатҳои худ ба иттифоқи касаба дохил шавад.

МОДДАИ 24

Ҳар кас ба истироҳату фароғат, аз ҷумла хӯрок, махдудияти оқилонаи рӯзи кор, рухсатии пулии даврӣ ҳуқуқ до­рад.

МОДДАИ25

  1. Ҳар инсон ба чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хурок, пушок, манзил, нигоҳубини тиббию хизмати зарурии инти­моӣ, ки барои сиҳатию некуаҳволии худашу оилааш зарур аст, ба таъминот дар мавридҳои бекорӣ, беморӣ, нуқсон, дар мавриди пиронсолӣ, бевагӣ ё дигар ҳолатҳои новобаста ба у маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ ҳуқуқ дорад.
  2. Модарону кӯдакон ба васояти кӯмак ҳақ доранд. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояти иҷтимоии яксон бархурдор бошанд.

МОДДАИ 26

  1. Ҳар кас ҳукуқи тахсил дорад. Ақаллан таҳсили ибтидоӣ ва умумӣ бояд бепул бошад. Таҳсили ибтидоӣ бояд ҳатмӣ бошад. Таълими касб бояд дастраси ҳамагон бошад. Маълумоти олӣ бояд мувофиқи қобилияти ҳар кас ба ҳама як хел дастрас бошад.
  2. Мақсади таълим бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, эҳтироми бештари ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Таълим бояд ҳусни тафоҳум, бурдборию дӯстии тамоми миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ ё мазҳабӣ ва ҳамчунин ба вусъати фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи ҳифзи сулҳ мусоидат намояд.
  3. Волидон дар бобати интихоби навъи таълими фарзандони хурдсол ҳаққи аввалият доранд. 

МОДДАИ 27

Ҳар инсон ҳак дорад, дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар бахра барад, дар пеш- рафти илм сахм гирад, аз дастовардҳои он бархурдор бошад;

Ҳар кас ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавияш, ки самараи кори илмӣ, адабӣ, фаъолияти ҳунариаш мебошад ҳукуқ дорад.

МОДДАИ 28

Ҳар инсон ба тартиботи иҷтимоию байналхалқӣ ҳуқуқ, дорад ки дар он ҳуқуқу озодиҳои дар Эъломияи маз- кур зикршуда комилан амалй шуда метавонад 

МОДДАИ 29

  1. Ҳар кас дар назди ҷомеае, ки рущду озоду камолоти шахсияти у фақат дар он имконпазир аст, вазифадор мебошад.
  2. Дар инсон дар бобати татбиқи ҳуқуқу озодиҳои худ бояд ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун бо мақсади таъмини эътирофу эҳттироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқию тартиботи ҷамъиятию осудаҳолии ҳамагон дар шароити ҷомеаи де­мократие муқаррар гардиданд.
  3. Татбиқи ин ҳуқуқу озодихо ба хеҷ ваҷҳ набояд хилофи мақсаду усули Созмони Милали Муттахид бошад 

МОДДАИ 30

Хеҷ як аз муқаррароти ин Эъломия набояд барои давлат, гуруҳе ё фарде додани ҳуқуқе тафсир шавад, ки ба ягон фаъолият ё кирдоре, ки мақсадаш. Бекор кардани ҳукуқу озодҳои дар ин Эъломия бунёд шуда бошад, асос гарданд.

ш. Душанбе

29.09.95.

Ду сухан ба ҷои охирсухан

Тарҷумони номаълум тарҷумаи тоҷикии «эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар»-ро 8 декабри соли 1993 дар саҳифаи дуюми шумораи 126 (18.865) рузномаи «Чумҳурият» бо ҳуруфи хурд ба табъ расонид.

Хонандаҳо ҳамон рӯз хонданду рӯзи дигар фаромӯш карданд, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 10 декабри соли 1948 бо номи «Эъломияи ҳукуқи башар» ҳуҷҷате кабул кардааст, ки аз ҷиҳати моҳияти маънавии худ яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои аср ба шумор меравад. Ин нахустин хуҷҷати ҳуқуқии умумиинсонист, ки дар сатҳи хукумати кишварҳои ҷаҳон таълиф, баррасӣ ва тасдиқ шудаасту акнун кулли мамолик, кулли миллатҳои ҷаҳон аз рӯи он кору зиндагӣ мекунанд.

Ба истиқболи ҷашни 50-солагии Созмони Милали Муттаҳид донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои Душанбе Манижаи Тилавзод бори дигар «Эъломияи ҳуқуқи башар»-ро ба тоҷикӣ тарҷума намуд.  Ӯ бо тавсияи муаллифи ин сатрҳо нусхаҳои инглисию русию тоҷикии ин хуҷҷатро танқидан, эҷодкорона, бо диққати тамом омӯхта, тарчумаҳоро бо асл муқоиса намуда, варианти суфтатару мукамалтари тоҷикии «Эъло­мияи хукуқи башар»-ро ба вуҷуд овард Хамаи хатоҳоро ислоҳ кард. Матни тарҷумаи Манижаи Тилавзодро ман такмил додам. Академик Муҳаммадҷон Шакурию докторанти ДЦТ Равшани Раҳмонӣ ва номзади илми таърих Усмон Эшонқулов лутфан онро таҳрир карданд.

Ҳамин тавр китобчаи «Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар» моҳи октябри соли 1995 ба чоп омада гардиду бо пули саховатпешагони Амрико ва бо мадади Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон нашр шуд.

Матни русӣ доираи хонандагони ин хуҷҷати расмиро васеъ намуда, имкон медиҳад, ки матни тоҷикӣ дуруст фаҳмида шавад.

Бозори Тилавзод, докори илми филология.

ш. Душанбе,

03.1195.

ПАНДИ БУЗУРГОН

Пиндори нек,

Гуфтори нек,

Кирдори нек!

         (Зардушт)

Фарзанди падар мабош,

Фарзанди башар бош.

         (Ҳикмати халқ)

Каъба чй меравӣ, дилеро дарёб.

(Мақол)

Ёр аҳл аст,

Кор саҳл аст.

(Саъдй)

Дар олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

(С. Айнй)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …