Главная / Гуногун / Дуои эҷоди муҳаббати байни зану шавҳар

Дуои эҷоди муҳаббати байни зану шавҳар

Осонтарин нусха барои эҷоди муҳаббати байни зану шавҳар ин аст, ки ҳар яке аз он ду нисбати ҳамдигар дуо намоянд, иншоаллоҳ баъд аз чанд рӯз ончунон муҳаббате байни он ду намоён хоҳад гашт, ки онҳоро шигифтзада хоҳад намуд. Ба хубӣ таваҷҷуҳ намоед, ки барои ба ҳам ниҳодани хишт бар хишт ниёз ба лой мебошад ва барои часпидани ду чуб ниёз ба меху ширеш хоҳад буд ва барои часпонидани коғаз бар коғаз ниёз ба ширеш хоҳад буд, аммо барои ба ҳам пайвастани ду дил ниёзи мубрам ба фазлу карами хоси Худовандӣ мебошад.

ishqi-behamto Аммо ба хотири коргирӣ аз асбоби зоҳирӣ бар ин кори муҳим барои зан лозим аст, ки умури зеринро риоя намояд:

  1. Бале, бале, бале (дар хизмат ҳозирам).
  2. Бисёр хуб, бисёр хуб, бисёр хуб.
  3. Дар оянда ин тавр намешавад. Дар оянда такрор нахоҳад шуд.
  4. Ҳар тавр бифармоед, ҳамон тавр анҷом хоҳам дод.
  5. Узр мехоҳам, бубахшед.
  6. Шумо дуруст мегӯед. Шумо саҳеҳ мефармоед.

Ва яке аз роҳи ҳалҳои ботинӣ ин аст, ки ҳар як аз зану шавҳар барои ҳамдигар дуои хайр бифармоянд, ҳамдигарро аз таҳи дил мавриди афву бахшиш қарор диҳанд. Ва ҳар яке дигареро бинобар ҳолоте ки барояш пеш меояд, вайро таҳти шароити изтирорӣ қарор дода ва аз тақсироти вай бигзарад ва бо меҳру муҳаббат бо вай пеш ояд, то фазои оганда аз меҳру муҳаббат байни онҳо ҳарчи бештар пойдор бимонад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …