Главная / Маданият ва санъат / Эҳтиёт дар нутфа

Эҳтиёт дар нутфа

Вақте ки нутфа дар пушти падар асту баъд аз он дар раҳми модар мегузарад, падар ва модар гуфтаҳои зеринро бояд риоя намоянд:

Падар аввал дар луқмаи худ эҳтиёт кунад, то нутфае, ки ҳосил мешавад ва фарзанде, ки пайдо мешавад, ҳалолзода ояд. Расул (с) фармуданд, ки луқмаи худро пок доред, зеро фарзандони шумо аз асари луқмаҳои шумоанд.

Дар вакте ки фарзанд дар раҳми модар бошад, бояд модари ӯро аз ҳаром ва шубҳа парҳез фармоянд, то самари он дар нафси фарзанд зоҳир гардад.

эҳтиёт дар нутфа'

Гӯянд, ки иродаи Ҳақтаоло мешавад барои мавҷуд кардани вуҷуде. Худованди таоло дили мардро ба ҷимоъ* 2 кардан муқайяд мегардонад. Чун оби падар аз пушт ва оби модар аз сина берун меояд, он ҷо ки аз ин ду об ҷамъ мешавад, баъди чиҳил рӯз ба хун табдил мешавад ва баъд аз чиҳил рӯз он гӯшти баста мешавад ва баъд аз чиҳил рӯзи дигар Ҳақ субҳонаху ва таъоло дар он гӯшт устухон меофарад ва сурат мебандад ва ризқу аҷалу саодат ва шақовати ӯро фариштае менависад. Баъд аз чаҳор моҳ дар он шакл ҷон, яъне рӯҳ дар қолаби ӯ ба амри Парвардигор медарояд. Пас аз роҳи ноф хун рӯзии вай мегардад.

Агар ҳамаи табибон ҷамъ шаванд, ҳеҷ кӯдакеро аз шиками модар натавонанд берун овардан, чунонки роҳи берун омадани одамиро Худованди ҷаҳон осон гардонидааст. Гӯянд. ки чун кӯдак дар шиками модар аст ва вақги зодани ӯ фаро мерасад, он кӯдак муноҷот мекунад, ки Худовандо, маро аз ин мақоми хуш берун макун.

‘Нутфа – оби пушти падар.

Ҷимоъ – ҳамхобагӣ.

Фармон даррасад, ки аз барои парвардани ту хидматгорони некӯ офаридаам, хотири худро хуш дор ва берун ой.

Дар ҳақиқат, падару модар барои фарзанд беҳтарин хидматгоранд.

* * *

Ситоиш Худованди бахшандаро,

Ки мавҷуд кард аз адам бандаро.

Чу пок офаридат ба ҳуш бошу пок,

Ки нанг аст нопок рафтан ба хок.

Чу дар ибтидо будӣ оби манӣ,

Агар мардӣ, аз cap бадар кун манӣ.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …