Главная / Гуногун / «ЭҲ, МЕДОНӢ, Ў ЧӢ ХЕЛ ОДАМ?»

«ЭҲ, МЕДОНӢ, Ў ЧӢ ХЕЛ ОДАМ?»

Таътил сар шуду ба Набиҷон худо дод. Дар майдончаи   рўи ҳавлӣ, ки афтоби тобистон онро гўё зебу оро дода буд, аз субҳ то шом футболбозӣ мекард. Вале як чизро ҳамеша карда истӣ ба дилат мезадааст. Ба обу арақ ҷўлида футбол бозӣ кардан ба дили Набиҷон зад.

Қарор дод, ки мехонад, вассалом. Ва хонд. Чӣ мегўед, ки  хондан ҳам ба дилаш зад. Як-ду рўз хоб рафт. Хоб ҳам ба дилаш зад. Истода-истода дилаш дук-дук мезад. «Бас! – амр кард ў ба худ. – Вақт тилло. Онро беҳуда гузаронидан гуноҳ». Чӣ кор кунад? Чизе гум кардагӣ барин менамуд. Ҳарчанд, ки зўр зада фикр кард, мурод ба даст наомад. Ғамгин шуд. Рўзи дигар беихтиёр китобро ба даст гирифту кушод. Ва хонд: «Ғамро кор мекушад».

– Рост! – шодона нидо намуд ў. – Кор мебояд.

zavodВа ин буд, ки андешаи ба ягон корхона рафта кор  карданро кард. Ба як тир ду нишон: Ҳам вақт ройгон намеравад, ҳам каме пул кор карда ба сару либоси худ сарф мекунад. Лекин дар интихоби ҷои кор дармонд. Дар шаҳри Душанбе чӣ бисёр корхона, қариб чорсадта! Ба кадомаш? Ва ў ба хонаи амакаш Усмон Баротов, ки устоди иттиҳодияи таҷрибавию истеҳсолии «Борҷома» шуда кор мекунад, рафт. Амакаш чӣ хеле ки мегўянд, рўи ҷомадон менишаст. Ба Таллин мепаридааст. Аз ин рў ў бе муқаддима сари мақсад омад:

– Медонӣ, рост ба корхонаи мо рав, – директорамон Қодиров Карим Собирович туро бечуну чаро қабул мекунад. Эҳ, медонӣ, ў чӣ хел  одам?

– Чӣ хел одам? – пурсид Набиҷон.

– Тилло, ҳа, тиллои тоза. Вақте ки ў соли 1981 ба корхонаи шалақи мо директории генералӣ шуда омад, ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки корхонаро аз ботлоқ кашида мебарорад. Лекин ў аз рўзҳои аввал нишон дод, ки чунин қудрат дорад.

Ва Набиҷон рафт. Ба дари корхона расид. Мушт барин кампираке дид он ҷо нишаста. Ҷуроб мебофт ў. Набиҷон гумон кард, ки ў ба дарову баро парвое надорад. Вале хато кард. Кампирак сари роҳашро гирифт.

– Ман директорро диданӣ, – гуфи Набиҷон ба кампирак, – он кас бисёр одами нағз мегўянд.

– О-о, Карим Собирович дар ҳақиқат ҷони одам. Медонӣ бо вуҷуди серкорӣ ва ҳазору як ташвиш ў ҳамеша табассумкунон ба ман салом медиҳад, аҳвол мепурсад, хўшгўӣ мекунад. Медонӣ барои чӣ одами хуб аст.

– Не, намедонам.

– Барои он ки бомаърифат аст. Бисёр китоб мехонад. Касе, ки бо китоб дўст аст хайрхоҳ, дилсоф, покиза, накўкор, ором, пуртамкин, меҳрубону боодоб аст. Оне, ки аз китоб дур аст, дағал, бадҷаҳл, каммаданият ва ҳатто гапфурўшу ғайбатчӣ. Одаме, ки китоб намехонад, мисоли гурба аст.

– Чаро гурба? – ҳайрон шуд Набиҷон.

– Мегўянд, ки гурба ҳама рангҳоро фақат сиёҳу сафед мебинад. Хайр, даро, Карим Собирович ҳоло дар ҳамин бино.

Набиҷон вориди корхона гашту саҳне бидид каб-кабуд, гулу гулзор. Ҳусну ҷамоли гулистон мафтунаш кард. Нигоҳаш аввал ба дарахтони ҳусну тароват дошта андармон шуд. Сараҳои ангур ба сони шаддаҳои ақиқ назаррабоӣ мекарданд. Аз тамоми долу дарахтон гўё шаҳду шакар мерехт. Бод шохи дарахтонро коҳилона ба ҷунбиш меовард. Манзараи гулистон табъро хуш мекард. Баҳри дилро мекушод. Набиҷон аз ин манзара чашм намеканд. Марде бар ў гузар карду гуфт:

– Зебост-а?

– Ҳа, зебо, – тасдиқ намуд Набиҷон. – Бисёр зебо!

Даҳони мард то баногўшаш расида, дона-дона карда, гуфт:

– Ин ҷо пеш ботлоқе буд бадбўю серпашша. Карим Собирович гулу гулзор карданд.

«Тавба! – дар дил гуфт Набиҷон. – Дар забони ҳама Карим Собирович?! Гўё ки асал дошта бошад ин ном. Ё ягон балои худо бошад-мӣ? Ҳа, ҳамин хел барин. Ва онҳо аз тарсашон ўро таърифу тавсиф мекардагистанд. Ҳа, ҳа, аз тарс. Аз тарафи дигар ў сардор. Сардор ин арбоб-дия. Шўхӣ накун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб».

Вай ба гулҳои ҳархелаву ботароват дида дўхт. Чанд занбўри асал болзанон аз гул ба гуле менишастанд. Бўи гулҳои навшукуфта форам ба машом мезад. Чашмаш ба зеботарин гулҳои ҷаҳон – гули садбарг афтод. Бутаи садбарг гўё шоҳ буду гулҳои атрофаш хизматгорҳояш. Донаҳои оби рўи гулҳои садбарг дар зери нурҳои офтоб медурахшиданд. Вай ба гулҳои зебо ва хушбўй менигаристу дар вуҷудаш як навъ шодию хурсандие эҳё мешуд. Чун гулҳо шукуфон  мегашт. Чеҳрааш, дилаш табассум мекард. Ҳавасаш рафту гули сурхи калоне биканд. Иттифоқо дар ин дам марде ҳозир  шуд.

«Ўҳ, худо зад! – тарсид Набиҷон. – Боғбон будагист. Назанад-ку нағз».

Гурезам гўяд, пояш намеҷунбид. Вай  ҳис кард, ки сония ба сония тапиши дилаш зўртар мешавад. Гуп-гупи он гўё аз қафаси синааш берун меравад ва ба шитироси баргҳо мепечад. Омада марде буд назарногир, миёнсол, миёнақад, мўи сараш сап-сафед, либосҳояш одиякак. Вай дар рў ба рўяш қарор гирифт. Ва хомўшона ба вай чашм дўхт. Ба ў чунин намуд, ки ҳатто шитирроси баргҳо ҳам хомўш шуданд. Диққати Набиҷонро бештар чеҳраи банур ва чашмони дурахшони мард ҷалб мекарданд.

– Писарам, мебинам, ки гулро дўст медорӣ, – хеле самимона гуфт марди омада. – Лекин дигар гулро канда ҳайф накун. Ҳар гул дар буттаи худ зебанда.

Вай шармид. Дандон сафед накарда, гунаҳкорона ба замин  нигарист. Хиҷолат ба авзояш давид. Лаб газид. Сурх шуд. «Чӣ кори нохуб кардам» –  дар дил худро нафрин кард ў.

Мардак боз лаб ба сухан во намуд:

– Толстойи бузург фармуда: «Бузургтарин хушбахтӣ бо табиат ҳамдил будан, бо вай ҳамсўҳбат шудану онро  фаҳмидан аст».

Набиҷон сар бардошт. Тез-тез мижа мезад.

– Маро бубахшед, – узр хост ў, – дигар намеканам.

Мардак чун аз мақсади Набиҷон воқиф шуд дар лабонаш табассуми ширине дамид. Чашмонаш аз меҳр барқ заданд.

– Кори сара кардӣ, – як даста мўи сари болои абрў афтодаашро ба тартиб оварда гуфт ў. – Лекин корхонаи мо се сех дорад: табъ, қуттиҳои картонӣ ва қоғазхалта. Шунидан кай бувад монанди дидан. Бояд худат дида интихоб кунӣ. Биё, ман ба ту сехҳоро нишон медиҳам.

Ҳарду пасу пеш сехҳоро давр заданд. Вай гўшу ҳуш шуда кўшиш мекард, ки суханаш ўро начакондаву нарезонда дар   хотир нигоҳ дорад.

«Оҳ, ин боғбон ҳама чизро медонистааст-ку!» – дар дил қоил мешуд ў. Сехҳо барҳаво, тозаю озода буданд. Онҳо аз роҳрав мерафтанд. Нурҳои тафсони офтоб аз тиреза гузашта,  дар роҳрав бозӣ мекарданд. Коргарон ба ў бо тавозўъ салом медоданд. «Ин боғбон баобрў будааст-ку!» – дар дил мегуфт ў. Аз рў ба рўяшон зани солхўрдае баромад. Боғбон дастонашро гирифа вохўрӣ кард, ҳолу аҳвол пурсид. Зан гўё, ки худи ҳамин ҳозир ягон чизи гаронбаҳои худро пайдо карда бошад, басе шодмон бигашт. Чеҳраашро табассум зеб медод. Суханони як вақт гуфтаи падараш ба ёдаш омаданд: «Одам бисёр қимат аст. Гапи нағз занӣ, забони хўш диҳӣ, ҳолу аҳвол пурсида истӣ – рўҳаш баланд, ғайраташ дучанд мешавад».

Онҳо ба саҳни корхона баромаданд. Боғбон дар рў ба рўи ў истод.

– Чӣ тавр, корхонаамон ба ту маъқул аст? – пурсид ў.

– Ин корхона не, ин олами афсона, – бо ваҷд мегўяд Набиҷон.

Боғбон аз ин суханони ў табассум мекунад ва мегўяд:

– Ана ин муболиға, корхонаи мо як корхонаи оддӣ. Хўш, писарам, кадом корро интихоб кардӣ?

Набиҷон ба симои меҳрубононаи боғбон бо диққат, гўё аз он чизеро мекофта бошад, чашм дўхту ҷавоб дод:

– Ба ростӣ ҳамаи корҳои нишондодаатон чунон шавқовар, намедонам кадомашро интихоб кунам. Мумкин ман то пагоҳ фикр кунам.

– Мумкин, – табассум кард боғбон, – чаро мумкин набудааст. Набошад пагоҳ соати нўҳи саҳар ман туро ана дар ҳамин ҷо интизор мешавам. Хуб? Лекин дер накун!

– Ҳа, ҳа, албатта, – гуфт Набиҷон ва сўи баромадгоҳ роҳ пеш гирифт.

Кампираки дарбон хандон пурсид:

– Хўш, дидӣ Карим Собировичи моро?!

– Не, ман ўро надидам.

– Чӣ хел надидӣ? О, ҳозир туро гусел кард-ку?!

– Наход? – чашмони Набиҷон калон кушода шуд. – Ҳамин мард Карим Собирович будаанд?

– Бале!

Набиҷон ангушти ҳайрат ба лаб бурд.

3 июни соли 1992

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …