Главная / Маданият ва санъат / «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»

Бо асар шинос шавед. Асарро хонда, онро муҳокима мекунем, арзиши бадеии онро муайян мекунем.

9 Май – Рӯзи Ғалаба! Ин иди фархунда, наҷиби ҷаҳон! Иди мазкурро одамон 1418 рӯз интизор буданд, ҳамин миқдор рӯзҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома ёфт.

Қариб дар ҳар оила хешованде ҳаст, ки иштирокчии ин ҷанг мебошад.

Шоирону нависандагони зиёд асарҳои худро ба мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаанд


РӮЗИ ҒАЛАБА

Оҳанги: Д. Тухманов

Матни: А. Харитонов

Рӯзи Зафари мо! Бас дур буд аз мо!

Чун ахгари нимсӯз дар шӯълаи хомӯш Ғубору дуд бигрифта саросар роҳҳоро, Лек ин рӯзро наздик мекардем мо.

Нақарот: Ин Рӯзи Зафар моро,

Оташи абадӣ
Оташи абадӣ

Рӯзу шаб заҳмат кашида дар бари он кӯраи пӯлодрез, Мижа таҳ нокарда фарзандони ин Ватан.Борутолуд аст гарчи,

Ҷашнест бо пичаҳои сафедгашта, Шодист бо чашми ашкбор,

Баҳри фирӯзӣ ҷон дар каф бигрифтаанд, То ки наздик ояд ин Рӯзи Саид.

Нақарот:

Салом модар! Гарчи мо на ҳама баргаштаем аз корзор, Эй кош, бараҳнапо давон роҳ бигирем дар шабнамистон! Нимаи Аврупо, ними Замин қадамзанон тай кардем, То дар тавон буд, ин Рӯзи Саид наздик овардем.

* Муаллифи шеър дар бораи чӣ нақл менамояд?

Размнигор рассомест, ки мутахассиси тасвир кардани саҳнаҳои ҷанг мебошад. В. Верешагин размнигори шинохта эътироф шуда буд.

Мусаввараи А. Дейнека «Мудофиаи Севастопол» (соли 1942) яке аз мусаввараҳои машҳуртарине, ки ба Ҷанги бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Кори мусаввараро рассом дар охири февра­ли соли 1942 оғоз карда, ба намоишгоҳи «Ҷанги Бузурги Ватанӣ»

«Муҳорибаи Севастопол». А. Дейнека
«Муҳорибаи Севастопол». А. Дейнека

анҷом дод. Дар ҷӯшу хурӯши амалиётҳои ҳарбӣ рассом мусаввараи мазкурро эҷод кард. Дар мусаввара диловарии пиёдақӯшунҳои баҳрӣ, аскарони оддии шӯравӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳамаи онҳое, ки ҳангоми мудофиаи Севастопол ҷони худро фидо кардаанд. Дар сафи дуюм нишон дода шудааст, ки чӣ гуна бино хароб мегардад. Дар атроф ҳама чизро алангаи оташ фаро гирифтааст. Дар сафи пеш муаллиф маллоҳи маҷрӯҳро қарор медиҳад. Дар дасти ӯ ба- стаи гранатаҳо. Маллоҳ ба тамоми қад рост истода, барои ҳаво до- дани гранатаҳо кӯшиш мекунад. Мушакҳои рӯйи ӯ таранг шудаанд, аскар пойҳояшро васеъ гузошта, дастонашро ба ақиб гардондааст. Чунин мавқеи мустаҳкам аз фидокории ҷанговар гувоҳӣ медиҳад. Ӯ ба муҳориба омода аст, ҳатто нафаскашии шиддатноки ӯ эҳсос мегардад.

Ба хотири ноил шудан ба ҳаққонияти образи тасвиршаванда, рассом андоми маллоҳро каме ба тарафи чап ҷойгардон кард. Ҳамин тариқ таассуроте ба вуҷуд меояд, ки гранатаҳо ба ҳамин зудӣ аз фазои боқимонда парвоз карда мегузаранд. Рассоми зиндани- гор устокорона инчунин ба тасвир кардани қӯшунҳои наздикша- вандаи немис машғул гардид. Ин ҷо ӯ усули ба худ хоси композит- сиониро мавриди истифода қарор дод, зимнан танҳо милтиқҳои сихистодаро нишон дод. Ба мусаввара одамони дарҳаракати сафи ақиб серамалии баланд илова менамоянд.

Марбут ба обуранги мусаввара гуфтан мумкин, ки вай дар та- зод – осмони сурх ва сарулибоси сафеди маллоҳон тасвир карда шудааст. Мусаввараро муоина карда, тамошобин беихтиёр ишти- рокчии ҳодисаи рӯйдода мегардад.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …