Главная / Илм / Дуруди шарифи ҳазора

Дуруди шарифи ҳазора

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало сайидино Муҳаммадив-ва ало оли сайидино Муҳаммадим-би адади кулли зарратим-миата алфа алфа марраҳ.[1]

Хосиятҳои он дурудхое, ки ба сабаби хонданашон ҷамоли ҷаҳонорои Расулуллоҳ (с)-ро дар хоб дида мешавад

Аз ҳама лазизтарин ва ширинтарин хосияти дуруди шариф ин аст, ки аз касрати[2] ӯ ушшоқи гиромӣ ба шарафи мушоҳидаи ҷамоли пуранвори соҳиби асрор ва сайиду-л-аброр ва зайну-л-ахёр (с) камо юҳиббуҳу ва ярзоҳу дар хоб мушарраф мегарданд. Ва баъзе дурудҳоро баъзе акобири дин ба маврид озмудаанд. Шайх Абдулҳаққ муҳаддиси Деҳлавӣ (қаддаса сирруҳу-л-азиз) дар китоби «Тарғибу-с-содот» навиштааст, ки: «Дар шаби ҷумъа ду ракъат намози нафл ба ин тариқ адо кунад, ки дар ҳар ракъат баъди сураи «Фотиҳа» «Ояту-л-Курсӣ» ёздаҳ бор ва сураи «Ихлос» ёздаҳ бор бихонад ва баъд аз салом сад бор ин дурудро бихонад, иншоаллоҳи таоло, се ҷумъа намегузарад, ки ба зиёрати маномӣ[3] мушарраф мегардад». (Зоду-с-саид). Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадини-н-набиййи-л-уммиййи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам.[4]

* * * * *

Ва ҳамчунин шайхи мавсуф навиштааст, ки: «Ҳар кӣ ду ракъат намози нафл адо кунад ва дар ҳар ракъат баъд аз сураи «Фотиҳа» бисту панҷ бор сураи «Ихлос» бихонад ва баъд аз салом ин дурудро ҳазор маротиба бихонад, ӯро зиёрати маномӣ[5] ҳосил мешавад». (Зоту-с-саид). Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Саллаллоҳу ала-н-набиййи-л-уммиййи.[6]

* * * * *

Ва ҳамчунин шайхи  мавсуф менависад, ки: «Ҳар кӣ вақти хоб ҳафтод бор ин дуруди шарифро бихонад, ба зиёрат мушарраф мешавад». Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмоии-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало сайидино Муҳаммадин баҳри анворика ва маъдани асрорика ва лисони ҳуҷҷатика ва арӯси мамлакатика ва имоми ҳазратика ва тариҚи шариатика-л-муталаззизи битавҳидика инсони айни-л-вуҷуди ва-с-сабаби фӣ кулли мавҷудин айни аъёни халқика-л-мутақаддими мин нури зиёика салавотан тадуму бидавомика ва табқо бибақоика ло мунтаҳо лаҳо дуна илмика салавотан турзика ва турзиҳи  ва тарзо биҳо анно, ё Рабба-л-оламин.[7]

* * * * *

Ва ҳамчунин шайхи  мавсуф менависад, ки: «Ҳар кӣ вақти хоб ин дуруди шарифро чанд бор бихонад, ӯро зиёрат насиб гардад». (Зодус-саид). Дуруд ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Рабба-л-ҳилли ва-л-ҳароми ва Рабба-л-байти-л-ҳароми ва Рабба-р-рукни ва-л-мақоми аблиғ ли рӯҳи сайидино ва мавлоно Муҳаммадин мина-с-салом.[8]

[1] «Маҷмӯаи вазоиф». Саҳ. 308.

[2] Касрат – бисёр.

[3] Зиёрати маномӣ – зиёрати дар хоб.

[4] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 246.

[5] Маном-хоб.

[6] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 247.

[7] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 247.

[8]   «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 247.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

botanika_6

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзҳо гурӯҳи калони растаниҳои дараҷаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онҳо реша, поя ва барги ҳақиқӣ …