Главная / Илм / Дуруди шариф – салавоти шарифа

Дуруди шариф – салавоти шарифа

Агар касе ин салавоти шарифро як бор бихонад, дар номаи аъмоли ӯ савоби дувоздаҳ ҳазор дурудро навишта мешавад. Ва ҳар толиби илме, ки пеш аз шуруъ кардани дарс ин салавотро бихонад, Аллоҳ таоло ба сӯйи вай бо назари раҳмат менигарад ва барои ӯ оташи дӯзахро ҳаром мегардонад. Ва агар касе, ки баъд аз намозҳои фариза ин дурудро бихонад, Худованди таоло он бандаро аз дарёи раҳмати Худ саршор хоҳад кард. Ва ҳамчунин як фариштаеро меофарад, ки он фаришта то замони қиёмат барои он банда омурзиш мехоҳад. Худованди таоло хонандаи ин дурудро мол ва ризқу умри бобаракат ато хоҳад кард. Ва қалби он бандаро аз анвори илму ҳикмат ороста намуда, аз машаққати дунё дар амони Худ нигаҳ медорад.

Ва агар касе дар шаби ҷумъа чиҳил бор ин дурудро хонда, бихобад, ҷамоли ҷаҳонорои Ҷаноби сарвари олам (с)- ро дар хоб хоҳад дид.

Агар касеро дар дил орзуву таманнои хубе бошад, пас аз намози хуфтан се маротиба сураи «Ихлос» ва се маротиба «Ояту-л-Курсӣ» ва се маротиба сураи «Фотиҳа»-ро хонда, баъд аз он ин дуруди муборакро чиҳилу як бор бихонад, иншоаллоҳ, ба мақсади худ хоҳад расид (ба шарте, ки барои нияти бад набошад).

Агар ин дуруди шарифро доимо вирди худ созед, бо анвори ҳикматҳои Илоҳӣ ороста гашта, аз роҳи суннати расулуллоҳ, (с) набаромада, дар шумори яке аз дӯстдорони Расулуллоҳ, (с) мансуб хоҳед шуд.[1] Салавот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин-набиййи ва ало олиҳи ва саҳбиҳи ва саллим. Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббу-л-малоикати ва-р-рӯҳ. Рабби-ғфир ва-рҳам ва таҷоваз аммо таъламу иннака Анта-л-Ааззу-л-Акрам.

[1] «Аллоҳиинг гӯзал исмлари ва исми аъзам». Саҳ. 649.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …